Хабарҳо

Фаъолияти меҳнатиро вусъати тоза бахшем!

Соли 2023 ба охир расид ва соли нави 2024 ба арсаи ҳаёт қадам гузошт. Дар соли нав махсусан Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои муҳимро барои ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ муайян ва мушаххас намуд. Ба хотири нуктаҳою муҳтавои ин ҳуҷҷати муҳимро ба мардум расонидан ва вазифаҳои соли навро ҷиҳати пешрафти иҷтимоиёту иқтисодиёт нишон додан мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак ҷамъомадҳои корӣ доир намуд. Дар ин ҷамъомадҳо аҳли заҳмати маҳаллаю деҳаҳо иштирок намуда, бобати пешрафти кор дар соҳаю самтҳои гуногун маълумотҳо гирифтанд. Бояд тазаккур дод, ки дар ҳамаи маҷлисҳои ҷамоатҳо раиси ноҳия ва дигар шахсони масъул пеш аз ҳама ҳисоботҳои раисони ҷамоатҳо, бурду бохти фаъолияти соҳаҳои гуногуни корхонаю муассисаҳои худро шунида, сипас вазифаҳои онҳоро дар соли нави 2024 муайян на- муданд. Дар ҳисобоҳои раисони ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак камбуду нуқсонҳои ҷойдошта, комёбиву бурдбориҳои заҳматкашон таҳлил шуда, иҷрои нақшаҳои соли гузашта баррасӣ гардианд. Баъди шунидани ҳисобтҳо ва баррасӣ намудани онҳо раиси ноҳия муҳтарам Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер аз шахсони масъули ҷамотҳо ҷиҳати бартараф кардани камбуду нуқсонҳои содиршуда, сабабу омилҳои он ва роҳҳои рафъи онҳо пурсиш ба амал овард. Раис дар суханрониҳои худ оид ба иҷрои нақшаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, минҷумла пахта, аниқ намудани захираи пахта дар хонаҳои мардум, аз ғӯзапоя ҳарчи зудтар тоза кардани заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷудо кардани замин барои кишти пахта дар соли нав, шудгори босифати заминҳои кишоварзӣ хусусан дар фасли сармо, кишти барвақтии зироатҳо, хоса картошка ва пиёз дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, наздиҳавлигӣ, президентӣ ва дигар заминҳои ёрирасон, шинондани ниҳолҳои мевадиҳанда, ороишӣ ва сояафкан, тозаю озода намудани шоҳроҳҳо аз ду тараф ва ниҳолшинонӣ қад-қади тарафи чапу рости роҳҳо, истифодаи самара[1]ноки заминҳои назди муассисаҳои таълимӣ, идораю корхонаҳо, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо аз лою гил, вусъати корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ба тартиб даровар[1]дани дарахтони боғҳову токзорҳо ва амсоли инҳо барин масъалаҳои ҳалталаб изҳори андеша карда, ба масъулини ҷамоатҳо ва корхонаю муассисаҳо супоришҳои қатъӣ дод. Ҳамзамон муҳтарам Шоҳиён З.Ф. бо таваҷҷуҳ ба масъалаҳои омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ, тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳи[1]яи худшиносиву худогоҳии миллӣ, пешгирии бегонапарастӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоию террористӣ, вусъати корҳо дар соҳаи сохтмони биноҳои таъиноти гуногун, дар сатҳи мувофиқ гузаронидани мавсими сармои имсола дар таълимгоҳу муассисаҳои тиббию фарҳангӣ, беҳтар намудани ҳолати санитарию гигиении таълимгоҳҳо ва корхонаҳо, дар сатҳи талаботи замон ба роҳ мондани кори таълиму тарбия, хизматрасонии тиббию фарҳангӣ ба мардум дахл карда, масъулини соҳаҳоро оид ба иҷрои масъалаҳои мазкур қатъӣ муваззаф намуд. Дар фарҷоми ҷамъомадҳо раис аз кулли иштирокчиён даъват ба амал овард, ки ҳама якдилона ва собитқадамона дар ҳамаи самту соҳаҳо фаъолиятро пурзӯр намуда, ба истиқболи созовори ҷашни бузурги миллӣ-35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои нишондодҳои

Н. Фозилҷон          П.Нуров

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *