Имрӯз дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи кории муовини якуми раиси вилоят муҳтарам Мирзозода М. Б. ва бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Иброҳимиён А. К. вобаста ба ҷамъоварии ҳосили пахта, ҳолати корхонаҳои пахтақабулкунӣ, маълумотҳои оморӣ ва вазъи кишоварзии ноҳия баргузор карда шуд.
Дар ҷаласаи имрӯза муовини раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони гурӯҳҳои корӣ, мудири шӯъбаи кишоварзӣ, шӯъбаи Агентии омор дар ноҳия ва намояндагони корхонаҳои пахта ширкат варзиданд.
Аз ҷониби муовини якуми раиси вилоят таъкид карда шуд, ки ҳамарӯза вобаста ба ҷамъоварии ҳосили пахта ва супоридани он дар корхонаҳои пахта чораҳои зарурӣ андешанд. Зеро пахта бойгарии давлат ва сарвати миллат аст.
Ҳамзамон оид ба маълумотҳои оморӣ ва ҷамъбаст мусбии соҳаҳои ичтимоию иқтисодии ноҳия дар 9-моҳи соли ҷорӣ ба масъулини соҳа супоришҳои мушаххас дода шуд.

