Хабарҳо

Нақши Пешвои миллат дар эҳёи таърих ва гиромидошти бузургони тоҷик

 

Дар таърихи ҳар як миллат шахсиятҳое ба миён меоянд, ки сарнавишти давлат ва мардумро ба самти мусбат тағйир медиҳанд. Чунин шахсиятҳо на танҳо роҳбари сиёсӣ, балки рамзи худшиносӣ, ваҳдат ва эҳёи миллӣ мегарданд. Барои халқи тоҷик чунин шахсияти таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Номи ӯ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун наҷотбахши давлат, барқароркунандаи сулҳу субот ва эҳёгари арзишҳои миллӣ сабт гардидааст.
Агар яке аз бузургтарин хизматҳои Пешвои миллат барқарор намудани сулҳ ва ҳифзи давлатдории тоҷикон бошад, самти дигари бисёр муҳимми фаъолияти ӯ эҳтиром ба таърих, гиромидошти шахсиятҳои бузурги миллӣ ва зинда нигоҳ доштани хотираи фарзандони барҷастаи миллат мебошад. Ташаббуси наҷибонаи Пешвои миллат – ба Ватан овардани мушти хоки қаҳрамонони Тоҷикистон Шириншоҳ Шотемур, Нусратулло Махсум, инчунин аввалин вазири мавориф Нисор Муҳаммад исботи ин гуфтаҳост.
Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, Тоҷикистон ба мушкилоти бисёр вазнини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ хатари аз байн рафтани давлат ва пароканда шудани миллатро ба миён овард. Дар чунин шароити ниҳоят душвор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро ба уҳда гирифтанд. Ва тавонистанд, ки бо иродаи қавӣ ва сиёсати хирадмандона сулҳ ва ваҳдати миллиро таъмин намоянд. Аммо хизматҳои ӯ танҳо бо масъалаҳои сиёсӣ маҳдуд намешаванд. Пешвои миллат хуб дарк мекарданд, ки барои бунёди давлати устувор танҳо барқарории сулҳу субот кофӣ нест, балки миллат бояд таърих, фарҳанг ва арзишҳои маънавии худро дубора эҳё намояд.
Яке аз масъалаҳое, ки Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ ба он аҳаммияти ҷиддӣ доданд, эҳёи худшиносии миллӣ буд. Дар давраҳои гуногуни таърих, махсусан дар замони шуравӣ, бисёре аз саҳифаҳои таърихи тоҷикон таҳриф ё фаромӯш гардида буданд. Номи бисёре аз шахсиятҳои миллӣ пинҳон карда мешуд ё хизматҳои онҳо нодида гирифта мешуданд. Дар давраи истиқлол сиёсати фарҳангии давлат бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона гардид, ки мардум таърихи воқеии худро донанд ва аз гузаштагони худ ифтихор намоянд.
Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки миллате, ки гузашта ва таърихи худро фаромӯш мекунад, наметавонад ояндаи мустаҳкам бунёд намояд. Аз ҳамин сабаб, омӯзиш ва эҳёи таърихи миллӣ ба яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Бо ташаббуси Пешвои миллат садҳо китобҳои таърихӣ, илмӣ ва фарҳангӣ нашр гардиданд. Осори таърихӣ ва фарҳангӣ аз нав барқарор шуда, ҷашнҳои бузурги миллӣ баргузор гардиданд.
Яке аз хизматҳои бузурги Пешвои миллат бузургдошти давлати Сомониён ҳамчун рамзи давлатдории тоҷикон мебошад. Маҳз дар давраи истиқлол ва дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Исмоили Сомонӣ ба рамзи давлатдории миллӣ табдил ёфт. Муҷассамаи бошукӯҳи Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳри Душанбе бунёд гардид, ки имрӯз яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон мебошад. Ин иқдом танҳо сохтани як ҳайкал набуда, балки эҳёи хотираи таърихӣ ва эҳсоси ифтихори миллӣ дар байни мардум аст.
Пешвои миллат инчунин барои эҳёи номи адибон, олимон ва мутафаккирони бузурги тоҷик хизматҳои шоён анҷом додаанд. Бо ташаббуси ӯ ҷашнҳои байналмилалии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Имоми Аъзам, Камоли Хуҷандӣ ва дигар шахсиятҳои маъруф баргузор гардиданд. Ин чорабиниҳо аҳаммияти бузурги фарҳангӣ ва сиёсӣ доштанд, зеро ҷаҳониён бори дигар бо тамаддуни куҳан ва фарҳанги ғании тоҷикон шинос шуданд.
Махсусан, таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, рӯйдоди муҳимми таърихӣ гардид. Ин ҷашн на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар сатҳи байналмилалӣ баргузор шуд. Дар доираи он китобҳои илмӣ нашр гардида, конфронсҳои байналмилалӣ гузаронида шуданд ва мардум бештар ба омӯзиши таърихи худ рӯ оварданд. Пешвои миллат тавассути ин тадбирҳо ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро дар ҷомеа таҳким бахшиданд.
Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Пешвои миллат эҳтиром ба шахсиятҳои сиёсӣ ва қаҳрамонони миллии аввали асри XX мебошад. Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз ҷумлаи чунин шахсиятҳо мебошанд. Онҳо барои ташкил ва ҳифзи давлати тоҷикон хизматҳои бузург карда буданд, аммо солҳои сиюми асри гузашта қурбони туҳмат ва таъқиботи сиёсӣ шуданд. Дар давраи Шуравӣ бо вуҷуди исбот гардидани бегуноҳӣ номи онҳо кам ёд мешуд, вале дар замони истиқлол бо ташаббуси Пешвои миллат хизматҳои онҳо дар сатҳи баландтарин қадр гардиданд.
Ба Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Номи онҳо ба кӯчаҳо, мактабҳо ва муассисаҳо гузошта шуд. Дар бораи фаъолияти онҳо китобҳо ва мақолаҳои илмӣ нашр гардиданд. Ин амалҳо нишон медиҳанд, ки Пешвои миллат барои барқарор намудани адолати таърихӣ кӯшиши зиёд намуданд.
Ҳамчунин, Пешвои миллат ба масъалаи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ диққати махсус медиҳанд. Дар замони истиқлол даҳҳо ёдгориҳои фарҳангӣ ва таърихӣ аз нав таъмир ва барқарор карда шуданд. Аз ҷумла, Ҳисори бостонӣ, Саразм, мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, қалъаҳои қадимӣ ва дигар мавзеъҳои таърихӣ аз нав эҳё гардиданд. Ин ёдгориҳо на танҳо қисми таърихи миллат мебошанд, балки воситаи муҳимми тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ низ ба шумор мераванд.
Пешвои миллат дар суханрониҳои худ ҳамеша ҷавононро ба омӯзиши таърих ва эҳтиром ба гузаштагон даъват мекунанд. Таъкид мекунанд, ки ҷавонон бояд аз фарҳанги миллӣ, забони модарӣ ва таърихи худ ифтихор намоянд. Бо ҳамин мақсад озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» ва «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор мегарданд. Ин озмунҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифат ва фарҳанги ҷавонон нақши муҳим доранд.
Яке аз хусусиятҳои муҳимми сиёсати Пешвои миллат он аст, ки фарҳанг ва маънавиятро пояи асосии давлат медонанд. Таъкид мекунанд, ки ҷомеаи дорои фарҳанг ва таърихи бузург метавонад ба пешрафт ва тараққиёти воқеӣ ноил гардад. Аз ҳамин сабаб, дар Тоҷикистон театрҳо, китобхонаҳо, осорхонаҳо ва марказҳои фарҳангӣ зиёд сохта шуданд. Ин муассисаҳо барои ҳифзи мероси миллӣ ва рушди маънавии ҷомеа аҳамияти бузург доранд.
Пешвои миллат инчунин ба забони тоҷикӣ ҳамчун рукни муҳимми давлатдорӣ аҳамияти махсус медиҳанд. Дар давраи истиқлол мақоми забони давлатӣ таҳким ёфт ва барои рушди он тадбирҳои муҳим андешида шуданд. Зеро забон яке аз асосҳои ҳифзи миллат ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Дар арсаи байналмилалӣ низ Пешвои миллат ҳамчун ҳомии фарҳанг ва таърихи тоҷикон шинохта мешаванд. Аз минбарҳои байналмилалӣ борҳо аз тамаддуни қадимаи тоҷикон, саҳми аҷдодони тоҷик дар рушди илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ ёдовар шудаанд. Ин сиёсати фарҳангӣ боис гардид, ки ҷаҳониён Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои таърихи куҳан ва фарҳанги ғанӣ бештар бишносанд.
Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи таърих, фарҳанг ва зинда нигоҳ доштани номи бузургони миллат ниҳоят бузург ва арзишманд мебошанд. Раҳбари давлат на танҳо сулҳ ва суботи сиёсиро таъмин намуданд, балки рӯҳи миллӣ ва худшиносии мардумро эҳё карданд. Маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат тоҷикон тавонистанд ба таърихи худ рӯ оваранд, бузургони худро дубора бишносанд ва аз мероси фарҳангии худ ифтихор намоянд.
Имрӯз Пешвои миллат барои мардуми Тоҷикистон рамзи сулҳ, ваҳдат, эҳёи миллӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанг мебошанд. Хизматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифзи давлатдорӣ, арҷгузорӣ ба гузаштагон ва таҳкими худшиносии миллӣ дар саҳифаҳои таърихи тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад.

Беков Дидавар

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *