Хабарҳо

Нависандаи миллӣ ва масъулияти эҳёи хотираи таърихӣ (мулоҳизоте куллӣ дар ҳошияи 115-солагии устод Сотим Улуғзода)

Мусаллам аст, ки табдилу таҳаввулоту тараққиёте, ки тайи садаҳои ҳаждаҳу нуздаҳум минҳайси раванди фарогири сиёсию иҷтимоию фикрию маданӣ дар Аврупо иттифоқ афтод, ногузир дигар манотиқро ҳам бетаъсир нагузошт ва тадриҷан фазою муҳити таҳаввулоту таҷаддудгароӣ дар кишварҳои ҳамҷавор ва пасон соири мамолик мутадовилу марсум гардид. Аз ҷумла, дар Русияи подшоҳӣ ва ба дунболи он дар амирсолории Бухоро ҳам таҷаддуду навгароиҳо доман густурданд ва бар мабнои таҳаввулоти аврупоӣ, вазъи фикрию иҷтимоию фарҳангӣ як кам тағйир ёфт. Чаро як кам? Чунки фазои амирсолорӣ, ғолибан бар мабнои фасоди сиёсию иҷтимоӣ, сиёсати вопасгароӣ, беадолатӣ, ҷаҳолати саросарӣ, таассубу хурофапароканӣ, разоили ахлоқӣ, эътиқодоти кӯр-кӯронаву бовардоштҳои хушки мазҳабӣ шакл гирифта, дар муҳити Бухорои амирӣ камтарин таҳаввулоту дигаргунии сифатӣ боиси эҷоди шикофу танишу садамот дар системаи давлатдорӣ мегардид ва камтарин тағйире дар низоми сиёсию иҷтимоӣ элитаи давлатӣ ва сардамдорони даврро сахт нигарон месохт.
Элитаи сиёсӣ-давлатӣ, ки дар симои амиру қушбегию девонбегию қозию муфтию раису шаҳнаву миршабу доруғаву амсоли инҳо зуҳур мекарданд, ҳатто аз шунидани ҳарфу маслиҳатҳои мунсифонаи баъзе мушовирини адолатпешаи худ (дар мисоли Аҳмади Дониш) имтиноъ меварзиданд ва шинохти воқеиёти замонро, аслан хуш надоштанд. Бо вуҷуд, вазъ бар асари таҳаввулоти бунёдие, ки аз Аврупою Русия ба муҳити амирсолорӣ мунтақил мегардид, ногузир тағйир ёфта, нишонаҳои ин навъ тағйирот дар охири садаи нуздаҳум ва ибтидои асри бистум буруз карда, шароити мусоидро барои таҳаввулоту тараққиёти баъдӣ фароҳам оварданд. Нишонаҳои тағйиру таҳаввулот, албатта, дар ибтидо аз тариқи пахшу нашри ҷароид, муносиботи тиҷоратӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва диду боздидҳои фарҳангию маданӣ сурат гирифт ва дар саргаҳи таҳаввулоту тағйирот адибон, шоирону нависандагон, сайёҳон, гардишгарон ва тоҷирон қарор доштанд. Дар зимн, ин тоифаи пешрав ва ба истилоҳ, авангарди иҷтимоӣ аз тариқи риск-таваккал дар бедории фикрию мадании ҷомеаи амирсолорӣ саҳми асосӣ гирифта, ба сабаби таҷаддудхоҳии худ товонҳои сахт ҳам пас дод. Лашкари бузурги вопасгарои амирсолорӣ алайҳи тоифаи таҷаддудгаро, ки миқдоран ангуштшумор буданд, сахт шӯриданд ва аз тариқи роҳандозӣ кардани барномаҳои иғвою шиканҷаву иръобу тарсу ҳарос ба муҷозоту тавҳину таҳқири қишри пешрави иҷтимоӣ “иқдом” намуданд. Аммо, қатъи назар аз барномарезиҳои зиддитаҷаддудии лашкари амирӣ, ки тариқи парокандану иғвою дасисаю иръобу тарсу ҳарос амалӣ мегардиданд, тоифаи таҷаддудхоҳ, ки ба қавли устод Айнӣ, дар қолиби қишрии “мунавварфикр” таҳаққуқ меёфтанд, аз барномаи маърифатии худ – огоҳу босавод кардани ҷомеа даст накашид ва бад-ин минвол, танвири фикрӣ ва огоҳиҳои иҷтимоию маданӣ дар муҳитҳои танги Бухорои амирӣ ворид гардида, роҳро барои тағйироту таҳаввулоти сиёсӣ ва саранҷом аз байн бурдани низоми амирӣ дар қаламрави амирсолорӣ ҳамвор сохт.
Ба ин тартиб, низоми пӯсидаи Бухорои амирӣ 2 сентябри соли 1920 аз ҳам пошид ва фазо комилан тағйир ёфта, системаи сотсиалистӣ бо мафкураи коммунистӣ ҷойгузини сохтори фосиди амирсолорӣ гардид. Бо он ки баъзе муҳаққиқини муосири ватанӣ низоми сотсиалистӣ ва мафкураи коммунистиро зиёд интиқод мекунанд (мутаассифона, аксаран интиқодот яктарафа буда, дар бисёр маворид мантиқ ва ҳақиқати таърихиро сарфи назар менамоянд), он боиси соҳиби марзу ҳудуди муайяну мушаххас шудани миллияти тоҷик бо унвони “Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон” гардид. Давлати миллие, ки имрӯз дар ихтиёр дорем ва аз вуҷуди он ифтихор мекунем, усулан ва табъан самараи ҳамон Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон аст, ки аз ҷониби болшевикон бунёд ёфта буд. Дуруст аст, ки низоми давлатдории шуравӣ ва мафкураи коммунистӣ айбу навоқис ҳам дошт, аммо ҳангоми баррасию арзёбиҳои илмӣ-таҳқиқӣ набояд аз марзи инсофу мантиқ убур кард ва танаффуру бадбиниҳои инфиродиро қурбони ҳақиқати таърихӣ намуд.
Ин ҳам мусаллам аст, ки устодони бузурге мисли Айнӣ, Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Фазлиддин Муҳаммадиев, Аминҷон Шукуҳӣ, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор ва дигарон, ки боиси ифтихори миллатанд, маҳсули усули тарбиятии мактаби шуравианд ва дар фазои мафкураи шуравӣ ба эҳёи хотираи таърихӣ, ҳифзу ҳимояти арзишҳои миллӣ ва муаррифии шоистаи мероси гаронмояи аҷдодӣ пардохтанд. Албатта, он чи ки дар замони шуравӣ, бахусус, аз солҳои шастум ба баъд дар адабиёти шуроии тоҷик, ба лиҳози мавзуию муҳтавоӣ (манзур пахшу нашри мавзуоти миллӣ-ҳувиятӣ аз тариқи адабиёти бадеӣ) сурат баст, ибтидои кор маҳсуб мешуд. Чаро ки дар он замон ҳанӯз мавзуъ ва масоили миллӣ дар таносуб бо хотираи таърихию худогоҳию худшиносии тоҷикӣ дуруст шакл нагирифта ва дар як қолиби муносибу систематики адабию илмию ҳунарӣ надаромада буданд. Бо вуҷуд, адибону шоирону нависандагони номдори замони шуравӣ масъулияти миллӣ-шаҳрвандии худро дуруст дарк карда, барои анҷом додани рисолати таърихӣ камари ҳиммат барбастанд.
Яке аз парвардагони номвари муҳити тарбиятии замони шуравӣ, ки шогирди мактаби нависандагии устод Айнӣ буда, дар таърихи адабу фарҳанги муосири миллӣ мақому ҷойгоҳи сазовор дорад, устод Сотим Улуғзода мебошад. Чун дар арафаи 115-солагии устод Сотим Улуғзода қарор дорем, дар ҳошияи шахсият, дидгоҳ, мавқеъгирӣ ва мероси арзишманди адиби миллӣ, ки метавон ӯро ба унвони эҳёгари хотираи таърихӣ дар замону шароити нави таърихӣ шинохту муаррифӣ кард, чанд нуктаро ба сифати натиҷагирию хулосабандиҳои инфиродӣ хидмати хонандагон арз медорем.
Якум. Устод Улуғзода бо ибтикороту навгониҳои эҷодӣ, салиқаи баланди нависандагӣ, дидгоҳи вежаи миллӣ, мавқеъгирии давлатӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва рисолати баланди иҷтимоию адабӣ дар таърихи адабу фарҳанги миллию фаромиллӣ мақоми сазовор дорад. Ӯ аз мактаби нависандагӣ ва илмию адабии устод Айнӣ сабақ гирифта, минбаъд дар радифи пайравони содиқи устод Айнӣ ва меросбарони муваффақи адабиёту фарҳанги миллӣ қарор мегирад.
Дувум. Устод Улуғзода дар муҳите ба воя расидааст, ки суннату анъаноти неки ниёкон дар хотираи мардуми маҳаллӣ ҳифз шуда, ҳанӯз аз байн нарафта буданд ва миёни афроди саршиноси маҳаллӣ авлавият доштанд. Падару модари устод Улуғзода, агарчи ба деҳқонию барзгарӣ иштиғол меварзиданд, дар тарбияи ахлоқӣ, фикрӣ, маърифатӣ, ҳувиятӣ ва мадании ӯ таъсиргузор будаанд. Махсусан, модараш, ки машқи шеър мекард, аз тариқи ашъори дилписанди бузургони адабиёти классикӣ ва нақли афсонаҳои ширини тоҷикӣ Улуғзодаи хурдсолро бо намунаҳои ҷолибу рангини адабиёти классикию халқӣ ошно месохт ва шуълаи адабу фарҳанги миллиро дар дили фарзандаш бармефурӯхт. Бар илова, дар қиссаи “Субҳи ҷавонии мо” (1954) Улуғзода аз муҳиту фазои деҳотӣ, ки дар ташаккулу рушди шахсияти нависанда нақш доштаанд, ёдоварӣ мекунад. Дар воқеъ, садоқати мардуми маҳаллӣ, содагию отифати деҳотӣ, урфу одатҳои музофотӣ, покизагию шаффофияти ахлоқӣ ва соири вежагиҳои ҷомеаи маҳаллӣ, ки дар шаклгирии зеҳну шууру тафаккури мардуми маҳаллӣ нақши асосӣ доранд, ба Улуғзодаи наврас бетаъсир набудаанд. Дар баробари ин, Улуғзода аз овони хурдсолӣ хурофазадагию бемаърифатӣ, ноогоҳию бесаводӣ, таассубу хушкандешӣ, беадолатию ноҷавонмардӣ, такаббуру худшефтагӣ, дунҳимматию пастфитратӣ ва худбохтагию беҳувиятӣ барин падидаҳои номатлуби ахлоқиро ба мушоҳида мегирад ва бо ақли ҳанӯз инкишофнаёфтааш баррасӣ мекунад.
Севум. Вуруд ба мактаби усули нави Чуст, таҳсилу кор дар Дорулмуаллимини тоҷикии Тошкант ва ошноӣ бо муҳити илмию адабию фарҳангии минтақа (1925-1932) марҳилаи баъдии рушди шахсияти Улуғзода аст. Дар ин марҳила Улуғзода ба фазои нави тадрисӣ-таҳсилотӣ, дидгоҳҳои илмӣ, мавқеъгирии сиёсӣ-идеологӣ ворид мегардад ва он чи ки аз муҳити деҳотӣ – аз падару модар ва солмандони музофотӣ шунидаву омӯхта буд, дар ин макони таълимӣ-маърифатӣ қиёсу ташхис мекунад ва ба мартабаи баландтари фикрӣ мерасад. Мавсуф дар имтидоди таҳсилу кор дар Тошкант бо исми бузургтарину номдортарин чеҳраҳои адабию илмии миллӣ Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Низомӣ, Ҷомӣ, Мушфиқӣ ва дигарон ошно мегардад ва дар айни замон, аз мулоқоти симоҳои матраҳи адабу фарҳанги муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Нисор Муҳаммад бархурдор мешавад. Дар зимн, тариқи маслиҳату мушовираҳои шарқшиноси маъруфи рус М. С. Андреев ба омӯзиши адабиёти классикии тоҷику форс пардохта, салиқаи омӯзишӣ, завқи бадеӣ-эстетикӣ, диди илмию адабӣ ва сатҳи ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии хешро боло мебарад. Насиҳати шарқшинос ва олими тавонои рус М.С. Андреев бар ин мазмун, ки “миллати худро шинос” то охири умр дар гӯши хотираи ӯ садо дода, нависандаро ба масири омӯзишу таҳқиқу муаррифию таблиғи шоистаю боистаи мероси илмию адабию таърихию мадании миллат мекашонад. Ҷозибаи сухани пурмеҳри волидайн, аз як тараф ва ҷазбаи панду насиҳати М.С. Андреев мабнӣ бар ин ки “миллати худро шинос” минбаъд рисолати нависандагӣ ва масъулияти миллии Улуғзодаро таъйин мекунанд ва бад-ин минвол сарнавишти баъдии нависанда бо қисмати миллат гиреҳ мехӯрад ва таҳаққуқ меёбад.
Чаҳорум. Устод Улуғзода аз соли 1930 ба Тоҷикистон меояд ва сарнавишти минбаъдааш бо ин кишвар тавъам аст. Устод аз тариқи рӯзномагорӣ ба адабиёт ва илм мепайвандад ва тавассути кору фаъолият дар ниҳодҳои бонуфузи интишоротии замони шуравӣ ва пахшу нашри мақолоту мутолиботи оммавие, ки дар рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳозира “Ҷавонони Тоҷикистон”), “Тоҷикистони сурх” (ҳозира “Ҷумҳурият”) ва Маҷаллаи “Барои адабиёти сотсиалистӣ” (имрӯза Нашрияи миллии “Садои Шарқ”) ба табъ мерасонд, миёни доираҳои рӯзноманигорӣ, адабӣ ва ҳизбӣ маъруф мегардад. Ин аст, ки тайи солҳои 1934-1937 устод Улуғзода вазифаи котиби масъули раёсати  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба уҳда гирифта, дар омода кардани кадрҳои миллӣ аз ҳисоби ҷавонони қаламкаши ватанӣ саҳми бевосита мегирад. Аз ин гузашта, бо таваҷҷуҳ ба салиқаи илмӣ-пажуҳишӣ, устод Улуғзода соли 1940 ба аспирантураи Институти адабиёти ҷаҳонии Маскав шомил шуда, ба фаъолияти илмӣ-пажуҳишӣ мепардозад

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *