Дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар ноҳияҳо дар ноҳияи Панҷ низ чорабиниҳои гуногуни ҷашнӣ гузаронида шуданд. Қабл аз ҳама, иншоотҳои ҷашнӣ, ки ба истиқболи ин иди миллӣ тайёр шуда буданд, ҳусни ифтитоҳ ёфтанд. Дар назди якчанд муассисаи таълимӣ бо иштироки намояндагони ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқизода Завқӣ Амин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва меҳмонони дигар синфхонаҳои иловагӣ кушода шуданд. ҳамчунин дар ноҳия марказҳои савдо, иншоотҳои хизмати маишӣ, обтаъминкунӣ, китобхонаи марказии ноҳия, сехҳои гуногун ва монанди инҳо дар арафаи ҷашни миллӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, бад-ин васила теъдоди зиёди шаҳрвандон ба корҳои доимӣ таъмин карда шуданд.
Қайд кардан лозим меояд, ки ифтитоҳи иншоотҳои ҷашнӣ ҳоло ҳам идома дорад.
7 сентябри соли равон дар хиёбони марказии ноҳия ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ гузашти қаторҳои сарбозону афсарони Отряди сарҳадӣ, сарбозону афсарони захиравӣ, ки теъдоди хеле зиёдеро ташкил медоданд, инчунин наврасони либоси ҳарбӣ ба бар карда, навъҳои гуногуни техникаҳои ҳарбӣ бо яроқу алиҳаҳояшон баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ раиси ноҳия Шоҳиён З.Ф. ва Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқизода Завқӣ Амин кулли иштирокчиёнро ба муносибати ин ҷашни бузурги таърихӣ табрик намуда, иброз доштанд, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва тамоми сарбозону афсарони захиравӣ барои ҳифзи дастовардҳою музаффароиятҳои Истиқлолият омодаанд. Мо бояд Истиқлолияти давлатиро, ки орзую ормони чандинасраи миллати тоҷик мебошад, чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Баъди гузашти низомӣ худи ҳамин рӯз дар ошхонаи миллии ноҳия барои 130 нафар кӯдакон тӯйи дастаҷамъонаи хатнасур ташкил карда шуд. Ин чорабинӣ бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ, ки дар Федератсияи Россия кору фаъолият доранд, ҳамчунин шахсони саховатпешаи ноҳия таҷлил гардид. Дар ин тӯй ба тифлакону маъюбон туҳфаҳои гуногун, аз қабили сару либоси кӯдакона, велосипед, инчунин кумакҳои молиявӣ тақдим карда шуд. Баъдан барои онҳо дастурхони идона густурда шуда, ба иштирокчиён ҳунарпешагони ноҳия консерти хубе пешкаш намуданд.
Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба шарафи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ҷамъомади ботантана доир карда шуд, ки дар он раиси ноҳия Шоҳиён З.Ф., Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят Алишер Дадабоев, роҳбарони дигари мақомоти иҷроия, сарварони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони муассисаю ташкилотҳо, таълимгоҳҳо ва дигар фаъолон иштирок доштанд.
Дар ҷамъомад раиси ноҳия муҳтарам Шоҳиён З.Ф., Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода З. А,сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят А. Дадабоев ба сухан баромада, аз дастовардҳои даврони Истиқлолият, рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт, пешрафти сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд шудани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, нақши бузурги Сарвари кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ андешаронӣ намуданд. Дар ҳамин ҷамъомад ба чанде аз шахсиятҳои шинохтаи меҳнатқарини ноҳия аз ҷониби Пешвои миллат, раиси вилоят ва раиси ноҳия, ки солиёни зиёд бо фаъолияти содиқонаю собитқадамонаи худ хизматҳои шоистае кардаанд, туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо тақдим карда шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ ҳунарпешагони шинохтаи Қасри фарҳанги ноҳия барои иштирокчиён консерти калони идона намоиш доданд.
9 сентябр, қатори заҳматкашон кӯчаю хиёбонҳои маркази ноҳияро бо шиору овезаҳои пурмазмуну даъваткунанда зиннати тоза бахшида буданд. ҳамаи намояндагони ҷамоатҳою корхонаю муассисаҳо ва таълимгоҳҳо аз назди минбари ҷашнӣ бо намоиши дастовардҳои мухталифи худ мегузаштанд. Қатори сершумори мардумро сарварони ноҳия ва меҳмонони ҷумҳурию вилоят бо як хушнудии том қабул намуданд.
Аз минбари ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти миллӣ роҳбарони ноҳияю меҳмонон ба шарофати ин ҷашн иштирокчиёнро самимона табрик карданд. Сипас, намоиши театрикунонидашудаи аҳли санъати Қасри фар- ҳанги ноҳия ва ҳунари волои ҳунарпешаи шинохтаи ҷумҳурӣ Файзигул Юсупова барои болида сохтани хотири кулли иштирокчиён пешкаш карда шуд. Чорабинӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилию фарҳангӣ баргузор гардид ва дар хотираҳо солиёни зиёд боқӣ хоҳад монд.
Н. Фозилҷон, Гулчеҳра, П. Нуров
Ҷашни Истиқлоли давлатӣ муборак!