Хабарҳо

Ҷашни Истиқлоли давлатӣ муборак!

Ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли равон расо 30 сол  пур шуд. Дар ин давра, ки он қадар дар чашми таърих роҳи тӯлонӣ нест, бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик тавонистанд, ки ба пешравиҳои азиме даст ёбанд. Халқи кишвар тавонист, ки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ бо дастовардҳои беназире ноил гардад. Рушди босуръати соҳаи фарҳанг, маориф, саноат, хоҷагии қишлоқ дар ин давра ба назар мерасад. Маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ бароварда шуда, роҳҳои бузурги Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Кулма сохта ба истифода дода шуда, ҳамчунин нақбҳои Анзобу Истиқлол бунёд гардида, шимолу ҷануби Тоҷикистон  бо ҳам васл  шуд.

Дар ин давра мактабҳои олии зиёд ба фаъолият шурӯъ намуда, симои шаҳру ноҳияҳои кишвар, алалхусус, пойтахти мамлакатамон- шаҳри Душанбе ба куллӣ тағйир ёфт ва ба як шаҳри зебои Осиёӣ мубаддал гашт. Тоҷикистон аъзои фаъоли  СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ гашта, 200 давлати ҷаҳон ҳоло кишвари моро ба расмият шинохтааст.. ҳама ин   дастовардҳо натиҷаи Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёбанд.  Аз фурсат истифода бурда, ҳамаи шаҳрвандонро бо 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар табрик менамоям.

              А. Холиқзода    прокурори ноҳия

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *