Хабарҳо

СУХАНРОНИИ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷ муҳтарам Шоҳиён З. Ф. бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҳозирини гиромӣ ва ҳамдиёрони азиз!

Бузургтарин неъмат ва падидае, ки инсониятро аз олами нобудии маънавӣ ба саҳифаи ҳастии фарҳангӣ расонид, озодии фикр ва ирода аст. Маҳз мавҷудияти чунин озодӣ ва эҳсоси соҳибихтиёрӣ баъдан Истиқлолияти ҳуқуқӣ ва ҳастии ӯро ҳамчун махлуқи бошуур дар масири таърих таъмин намуд.

Истиқлолияти давлатӣ рукни муҳим ва зинаи олии таъмини ҳамин истиқлолияти фикрӣ ва эҳсоси озодӣ иродаи ҳар инсон аст.

ҳамзамон Истиқлолияти давлатӣ волотарин дастовард ва  падидаи сиёсӣ дар таърихи давлатдории навини халқи тоҷик маҳсуб ёфта, оғози эҳёи нави ин миллати тамаддунсоз ва рушди суннатҳои давлатдории аҷдодӣ ба шумор меравад.

Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи абармарди арсаи сиёсат ва таърихи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни муҳимтарин санаи таърихӣ, ки дар масири давлатдории навини халқи тоҷик бо хатҳои заррин навишта хоҳад шуд, яъне 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва соҳибистиқлолии кишвар онро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил хоҳанд кард.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳамаи шумо, ҳамдиёрони азизро ба муносибати ин санаи воқеан муҳими таърихӣ ва барои миллати тамаддунсози тоҷик фаромӯшнашаван-да табрику муборакбод намуда, барои шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ, фараҳу шодмонӣ, рӯзгори ободу осуда, саодату комёбӣ ва зери парчами сулҳу субот зиндагӣ намуданро таманно дорам.

ҳозирини гиромӣ!

Бо вуҷуди роҳи ноҳамвори давлатдорӣ ва сатҳи печидаи таъмини ҳуқуқу озодиҳо дар масири таърих то имрӯз Истиқлолияти давлатӣ ягона воситаи муҳиму муассири эътироф ва эҳтироми ҳаққи худмуайянкунии халқу миллатҳост. Аз ин нуқтаи назар барои ҳар як шахси озодихоҳ, худшинос, комилҳуқуқ ва фарзанди солеҳи замона, ки имрӯзу фардои худро дар мизони хирад, дар доираи манфиатҳои давлату миллат дида тавониста, қудрати дарки неку бадро барои худ ва фарзандонаш дорад, неъмате бузург, муқаддас ва гиромитар аз Истиқлолияти давлатӣ буда наметавонад.

Барои миллати куҳанбунёди тоҷик, ки пас аз садҳо соли бедавлатӣ дигарбора соҳиби давлати соҳибистиқлол гардид, ин ҳодиса на як рӯйдоди оддии таърихӣ, балки боиси ифтихор, шукргузории бемисл ва илҳомбахши масъулияти беандоза назди гузашта, имрӯза ва ояндаи хеш аст.

Додгоҳи таърих ва тақдир миллати моро дар саргаҳи эълон ва интихоби соҳибихтиёриву муайян намудани мазмун ва муҳтавои табиати давлатдориаш бо омилҳои мухталифи дохиливу хориҷӣ, мутаассифона ба ҷанги шаҳрвандӣ ва моҷароҳои зиёди сиёсӣ, маънавӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ намуд. Мардуми кишвар дар заминаи фурӯравии як низоми идора аз дороиҳои зиёди маънавӣ, моддӣ ва арзишҳои бунёдии худ то ҷое маҳрум гашта, ба ҷанги шаҳрвандӣ ворид шуданд, ки ин ҳолат халқро ба парокандагӣ, миллатро ба ҳолати нестшавӣ ва давлатро ба завол кашида, фаъолияти тамоми мақомотҳои давлатиро ба нестӣ бурд.

Бо сабаби даргирии ин ҷанги шаҳрвандӣ миллионҳо тоҷику тоҷикистонии дур аз ватан афтодаву ҳазорҳо нафар шаҳрванди дигари ин миллати куҳанбунёд ҷони худро аз даст дода ва садҳо хонаву дар вайрон гардид.

Вале таърих гувоҳ ва мову шумо шоҳид ҳастем, ки баъди роҳбарии ин миллати ба хоку хун оғӯштаро ба дӯш гирифтани фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҷанги бемаънӣ ва барои давлату миллати тоҷик зиёновар хотима дода шуда, сулҳу субот ва ваҳдати комил дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардид.

Ин нуктаро зимни Паёми худашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намуда буданд: “Истиқлолияти давлатӣ рамзи пойдории давлат, ҳастии миллат ва шарафу эътибори Тоҷикистони азизамон мебошад. Муҳимтарину арзишмантарин  дастоварду комёбие, ки мо дар замони соҳибистиқлолиямон ба даст овардем, аз хатари нестӣ наҷот додани давлатдории миллии тоҷикон ва барқарор намудани сулҳу суботи комил дар тамоми қаламрави кишвари азизамон мебошад”.

Дар вожаномаи Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ калимаи “Истиқлолият” ба маънои “мустақилӣ, соҳибихтиёрӣ, озодӣ ва комилҳуқуқии кишвар дар идораи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии худ” тавсиф шудааст. Ба ин манзур, “Истиқлолият” моҳияти дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани низоми давлатдории миллӣ ва роҳандозии мустақилонаи сиёсати иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии мамлакатро ифода мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 30-соли соҳибистиқлолии худ зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки бо барқарор намудани муносибатҳои бисёрҷониба бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ марҳала ба марҳала мавқеи сиёсии худро дар минтақа ва арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам намояд.

Дар масири таърихи қадима ва сарнавишти давлатдории ниёгони мо дар китобу навиштаҳои пешинаамон ба таври васеъ изҳори назар  карда шудааст, ки рӯҳи шикастнопазиру симои ҷовидонаи миллати тоҷик дар оинаи таърих инъикос гардида, сарнавишти сахту сангин вале пурифтихори худро пушти сар намудааст.

Дар заминаи соҳибистиқлолии кишварамон сулҳу субот ва оромии сартосарӣ ва дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи ҳукумати кишвар зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи мо низ дигаргуниҳои куллӣ ва дастовардҳои назаррас  ба амал омаданд.

Чун дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар доираи иҷрои Нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони  212 иншооти ба нақша гирифташуда то имрӯз ба маблағи 96,7 миллион сомонӣ сохта ва пурра мавриди  истифодаи сокинони ноҳия қарор  дода шуданд, ки 101 фоизи Нақшаро ташкил медиҳад.

Ин ҷо мехоҳам иброз намоям, ки дар таъмини иҷрои босифати             Нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба муносибати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, соҳибкорону ашхоси саховатпеша ва дигар шахсони хайрхоҳ саҳми арзанда ва босазои худро гузоштанд.

Бинобар ин, аз ин фурсат истифода намуда, ба ҳамаи  он нафарон, бахусус, соҳибкорону мардуми саховатпешаи ноҳия, ки дар иҷрои Нақшаи чорабиниҳо ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ саҳми босазо гузоштанд, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия изҳори сипосу миннатдорӣ баён менамоям.

Таърихи масири давлатдории навини тоҷик гувоҳ аст, ки таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сиёсати созандаву бунёдкорона, оқилонаву хирадмандона ва сулҳофаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, пайванди ногусастанӣ дорад.

ҳадаф аз таҷлили ин санаи барои  миллати тоҷик муҳиму таърихӣ арҷ гузоштан ба корномаҳои бузургони миллат, пеш аз ҳама, шинохти ростини таърих, дарки амиқи фалсафаи ҳикмату фарҳанг, тарғиби адабиёти ҷаҳоншумули тоҷикон ва муаррифии онҳо ба мардуми кишвар ва ҷаҳониён, инчунин ба ин васила ободу зебо ва сарсабзу хуррам гардонидани шаҳру ноҳияҳои кишвари азизамон мебошад.

Истиқлолияти давлатие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол муқаддам ба даст овард, натиҷаи кӯшишу талошҳои тӯлонии халқи тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи ин миллат мебошад. Андешаи Истиқлолият ва талоши расидан ба давлатдории миллат дар зеҳну мафкураи миллати мо дар давоми беш аз ҳазор сол ҳамеша зинда буд. Рӯҳи озодихоҳи гузаштагони мо, кору пайкори давлатдорон, сиёсатмадорон, зиёиён ба хотири истиқлоли Ватан дар осори ҷовидонаи абармардони илму адаб ва фарҳанги маъруфамон дар давоми тамоми таърихи миллатамон ба таври барҷаста таҷассум ёфтааст ва ин барҷастагиву таҷассум то абад боқӣ хоҳад монд.

Итминони комил дорем, ки мардуми сарбаланду шарафманди ноҳияи мо солҳои минбаъда низ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳмату талоши ҳамешагии худ, бунёдкориву созандагӣ ва саҳмгузории худро дар рушду ободии кишвари азиз ва амалишавии орзуву ормонҳои ин миллати тамадунсоз сарбаландона  хоҳанд гузошт. 

Бори дигар тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона  муборакбод намуда, таманнои онро дорам, ки  парчами сулҳу ваҳдат ва оромиву хушбахтӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парафшонӣ намояд. 

Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *