Сиёсат

ТЕРРОРИЗМ – СИЁСАТЕСТ, КИ БА ИСТИФОДАИ ПАЙ ДАР ПАЙИ АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТӢ АСОС ЁФТААСТ

Самтҳои мубориза бо ҷиноятҳои хавфноки муосир терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон, коррупсия, дигар ҷинояткории муташаккилона ва фаромиллӣ бо назардошти тамоюлҳои муосири ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд. Ҳамин тариқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд, ки ҳадаф аз онҳо пурзӯр намудани мубориза ба терроризм, экстремизм, коррупсия ва дигар ҷиноятҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таъмини амнияти мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад.Ҳамин тариқ, дар баробари муқаррароти танзимкунандаи фаъолияти давлатӣ ва баҳри амалинамоии онҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм фаъолияти якҷояи қишрҳои гуногуни ҷомеа талаб карда мешавад. Яъне имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад, то ки суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани азизи хеш Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии ободу осоишта ба сар барад. Инчунин, мо ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ медорем, ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбини намудаи қонунгузорӣ мубориза мебарем. То имрӯз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои мухталифи илмӣ як қатор сабабҳо ва омилҳои таъсирпазири пайдоиш ва зуҳӯри ин падидаҳои номатлуб (терроризм ва экстремизм) дар кишварҳои ҷаҳон мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор гирифта истодааст. Қисме аз олимон пайдоиш ва нузули чунин амалҳои манфии ҷомеаи ҷаҳониро, пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои иҷтимоии фаъолияти аҳолӣ дар кишварҳо вобаста медонанд. Қисми дигар бошад, зуҳури чунин падидаҳоро ба ихтилофоти сиёсии байнидавлатӣ алоқаманд мешуморанд. Ин тоифа, ки асосан ташкилотчӣ ва саркардаҳои гуруӯҳҳои ифротгаро мебошанд, аз бетаҷрибагии ҷавонон истифода бурда онҳоро шомили ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегардонанд. Онҳо бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғ ва беасос ба даст овардани савоби бисёр, “шаҳиди мутлақ гаштан ва дар биҳишт ҷои аз ҳама волотаринро соҳиб шудан” ҷавононро ба ҳар гуна роҳҳои барғалат мебаранд, онҳоро аз меҳри падару модар ва ватани азизи худ дур карда, вазъи ҷомеаро ноором мегардонад. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Файзизода Б.К.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *