Нақшаҳо

Дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия

27 декабри соли 2022 дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:
-ҳисоботи раиси ноҳияи Панҷ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисоӣ ва иҷтимоии ноҳия дар соли 2022;
– дар бораи иҷрои буҷети ноҳияи Панҷ дар соли 2021 ва тасдиқи буҷети ноҳия барои соли 2023;
– дар бораи тасдиқи нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои соли 2023;

-ҳисоботи муовини якуми раиси ноҳия оид ба рафти иҷрои “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ барои солҳои 2021-2025”;
– дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Панҷ;
– дар бораи тасдиқи Қарори Маҷлиси Ҷамоати деҳоти Намуна аз 4 октябри соли 2022 № 53 “Дар бораи тағйир додани номи деҳаи Зарбдор ба номи Зайниддин Холбоев”.
Дар ҳисоботи раиси ноҳия натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2022 баррасӣ гардида, муваффқияту норасоиҳои дар ин давра мавҷудбуда зикр гардида, вазифаҳои соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии ноҳия барои соли 2023 мушаххасу муайян карда шуданд.
Аз рӯи масъалаи дигари рӯзнома, буҷети ноҳия барои соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 88923465 сомонӣ ва аз рӯи хароҷот ҳам 88923465 сомоӣї тасдиқ карда шуд. Касри буҷет дар соли 2023 ба маблағи 760296 сомонӣ тасдиқ гардид
Дар маҷлис ҳамчунин гузориши муовини якуми раиси ноҳия ҳ. Нидозода “Дар бораи рафти иҷрои “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025” баррасӣ шуда, қаророи раиси ноҳия дар давраи Маҷлисҳои чордаҳум то понздаҳуми вакилони халқи ноҳия (даъвати шашум) тасдиқ гардиданд.
Маҷлис аз рӯи ҳар як масъалаи рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул намуд.
П.Нуров, Ш. Сафархоҷазода

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *