Суханрониҳои раис

ПАЁМИ ТАБРИКИИ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷ муҳтарам Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2023

Ҳамдиёрони азиз!
Андешаи Истиқлолият, ки дар замони давлатдории навини тоҷик аз он 31 сол сипарӣ гардид, талоши расидан ба давлатдории миллат дар зеҳни миллати мо дар давоми беш аз ҳазор сол зинда буд. Рӯҳи озодихоҳии гузаштагони мо – тоҷикон кору пайкори давлатдорон, сиёсатмадорон, зиёиён ва сарлашкарони меҳанпараст ба хотири истиқлоли ватан дар осори ҷовидонаи абармардони илму адаб ва фарҳанги маъруфамон дар тӯли тамоми таърихи миллатамон ба таври барҷаста таҷассум ёфтааст.
Ба ҳукми таърих имрӯз мо амалӣ гардидани ин ормонҳои ҳазорсолаи ниёгони хешро на танҳо мебинем, балки худамон зери роҳбарии хирадмандонаву оқилона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлате бунёд намуда истодаем, ки аллакай дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеъ ва эътибори ба худ хос пайдо кардааст.
Маҳз ҳамин эътибору пайдо намудани мавқеъ барои мардуми тоҷик заминаи мусоид фароҳам овард, ки бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, оромӣ ва соҳибистиқлолии кишвар тамоми ҷашну чорабиниҳои милливу давлатиро дар сатҳи лозима баргузор намуда, нуфузи худро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам зиёдтар гардонанд
.Сипарӣ гардидани соли 2022 ва фарорасии Соли нави мелодии 2023 дар даврае таҷлил гардида истодааст, ки чанд рӯз пеш Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ироа гардид. Бо таваҷҷуҳ ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни воқеан миллӣ, яъне 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати тамоми аъзоёни Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар масъулинро бобати анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ, бахусус, рушди соҳаи саноати кишвар дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ҷалб намуданд
.Пешвои миллат зимни ироаи Паёми имсолаи худашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тағйирёбии босуръати иқлим ва паёмадҳои нохӯши он ба иқтисоди кишварҳои олам, бархӯрди абарқудратҳо, бо суръати кайҳонӣ интиқол ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, афзоиш ёфтани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ дар минтақаҳои гуногуни сайёра ва шомил шудани ҷавонону наврасон ба чунин гурӯҳҳо, тафриқаангезии гурӯҳҳои иғвоангез тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, муташаниҷу мураккаб гардидани вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, низоъҳои тиҷоратӣ изҳори андеша намуда, вобаста ба пешгирии ҳама гуна хатарҳо, ки ба ҷони инсоният таҳдид мекунанд, диққати тамоми аҳли ҷомеа, бахусус хизматчиёни давлатӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, равшанфикрону зиёиёнро бори дигар ҷалб намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки:”ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад. Бахусус соли 2022 таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ вусъат ёфта, занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот канда шуданд, истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфт ва нарх-ҳо, махсусан нархи маҳсулоти ғизоӣ, ба таври бесобиқа боло рафтанд.”
ҳамдиёрони азиз!
Дар доираи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсолаи худашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, мову Шуморо зарур аст, ки дар роҳи таҳкими сулҳу субот, тамомияти арзӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, бо қалби саршор аз муҳаббат ба ин Ватан ва Пешвои он дар атрофи сиёсати хирадмандонаву оқилона ва инсонпарваронаву дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша сарҷамъ омада, қадамҳои фароху фаротар гузорем.
Дар баробари ин аз гузаштаи худ ифтихор ва дар роҳи эҳёи он, рушду инкишофи Ватани азизамон кӯшишу талош намуда ва ба қадри гаронбаҳотарин неъматҳои таърихи миллат, Истиқлолият ва сулҳу ваҳдат бирасем. Гузашта аз ин бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни воқеан миллӣ, яъне 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бун-ёдкориву созандагӣ ва ободониро вусъати ттоза бахшем.
Соли 2022 барои сокинони ноҳияи мо соли воқеан бобарору фаромӯшнашаванда буд. Дар доираи омодагиҳо ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо сатҳу сифати зиндагии мардуми ноҳия санаи 1-уми ноябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Панҷ ташриф оварданд.
Зимни ин сафар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғи фарҳангиву фароғатиро пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода Парчами давлатиро дар вазъияти тантанавӣ парафшон намуданд.Сипас бинои маъмурӣ ва хонаҳои хизматӣ барои кормандони шуъбаи дар ноҳияи Панҷ будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, “маркази эҷодии кӯдакону наврасон”, Нишони давлатӣ ва бинои панҷошёнаи истиқоматӣ бо марказ-ҳои хизматрасониро ба истифода доданд..Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии “Парки технологии инноватсионӣ” ҳусни оғоз бахшиданд.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми мардуми ноҳияро ба муносибати фарорасии Соли нави 2023 самимона табрик намуда, ба хонадони ҳар як фарди ноҳия рӯзгори ободу осуда ва хушбахтиву иқболи нек таманно дорам.
Соли 2022 барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ соли воқеан таърихиву фаромӯшнашуданӣ ба ҳисоб меравад, зеро дар ин сол кулли мардуми ҷумҳурӣ дар пайравӣ аз сиёсати сулҳхоҳонаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз санаҳои муҳими таърихӣ, 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар таърихи миллати тоҷик бо хат-ҳои заррин навишта шудааст, бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд.
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ин санаи воқеан таърихӣ чун дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар ноҳияи мо низ бобати амалӣ намудани сиёсати сулҳофаронаву инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомаду чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва маърифатӣ доир гардиданд.
ҳамзамон дар доираи иҷрои Нақша- чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохтмони 232 иншооти ба нақша гирифташуда, то имрӯз 23 иншоот мавриди истифодаи сокинони ноҳия қарор дода шуданд.
Аз ҷумла панҷ иншоотҳои соҳаи маориф, як толори варзишӣ, як корхонаи дӯзандагӣ, як корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии қуму шағал, як корхонаи коркарди меваю сабзавот ва басту банди меваи хушк, таъмири роҳҳо бошад, дар масофаи 4,6 км, панҷ маркази хизматрасонӣ ва савдо ва 6 адад дигар бинову иншоотҳои ҷашнӣ мебошанд.
Дар доираи эълон гардидани сол-ҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳия гардидааст, ки дар он сохта ва ба истифода додани 25 коргоҳу корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ бо таъсиси 234 ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудаанд. Имрӯз дар ноҳия 12 корхонаи саноатӣ (шахси ҳуқуқӣ) ва 82 соҳибкори инфиродӣ ба истеҳсоли зиёда аз 20 намуд маҳсулотҳои саноатӣ машғул мебошанд.
Баъзе корхонаҳои саноатии ноҳия муҳтавои Паёмро асоси фаъолияти худ қарор дода, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзоиш доданд.
Дар ин давра саноатчиёни ноҳия ба маблағи 121,9 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 24,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Нисбати соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли орд, нон ва маҳсулотҳои нонӣ, макарон, маҳсулотҳои ширӣ ва масолеҳи сохтмонӣ зиёд шуда, суръати афзоиш аз 1 то 28 фоизро ташкил медиҳад. Инчунин дар ин давра 2 корхонаи истеҳсолӣ ва 2 сехи дӯзандагӣ бо 27 ҷойи кории нав мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.
Дар ноҳия айни замон як корхонаи калон ва 3 коргоҳи хурди пахтатозакунӣ, як корхонаи равғанбарорӣ, як корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ, як сехи нонпазӣ ва қаннодӣ, як сехи макаронбарорӣ, 43 осёб, 6 адад сехи наву замонавӣ барои тайёр намудани дару тирезаҳои пластикӣ, 6 адад сехҳои хурди истеҳсолкунии хишти сементӣ, 2 сехи истеҳсоли сафолакҳои ороишӣ ва 4 коргоҳу сехи дӯзандагӣ фаъолият намуда, дар ин корхонаҳо зиёда аз 352 нафар истиқоматкунандагони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.
Дар ноҳия захираи фаровони ашёи хоми саноатӣ, яъне пахта ҷамъоварӣ ва захира карда шудааст, сохтмони 227 иншооти ба нақша гирифташуда, то имрӯз ба маблағи 103 миллиону 67 ҳазор сомонӣ сохта ва пурра мавриди истифодаи сокинони ноҳия қарор дода шуданд, ки 108 фоизи Нақшаро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла шумораи биноҳои маъмурӣ 10 адад, майдончаҳои варзишӣ 6 адад, сартарошхонаҳо 4 адад, сохтмони нуқтаи истеҳсоли айнакҳо 1 адад, маркази ташхисию табобатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ 9 адад, сохтмони 87 синфхонаи иловагӣ дар назди 13 муассисаи таълимӣ барои 2000 нафар хонанда дар як баст, ки 36 адади он ба истифода дода шуда, дар 51 адади он корҳои сохтмонӣ идома доранд. Инчунин корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ва дӯзандагӣ 10 адад, таъмири роҳу пулҳо 54 адад, марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ 37 адад, бунёди гармхона ва фермаҳои чорводорӣ 5 адад, таъмири пойгоҳҳои обрасонӣ, хатти оби нӯшокӣ 5 адад ва боқимонда иншоотҳои ҷашнӣ чароғонкунӣ, мумфаршкунӣ ва сангфаршкунии роҳҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия маҳсуб мешаванд.
Дар самти сохтмон ва азнавсозии биноҳои маъмурӣ, дар ин давра бинои Кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳия, шуъбачаи ВКД дар ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут ва баъди корҳои азнавсозӣ ва таъмири асосӣ биноҳои маъмурии прокуратура ва суди ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Дар ин давра, дар соҳаи маориф тибқи Нақша-чорабиниҳо 97 синфхона, 1 бинои мактаб, 2 муассисаи томактабӣ ва як маркази инкишофи кӯдак ба нақша гирифта шуда буд. Бо ин мақсад бо дастгирии соҳибкорони ватанию маҳалӣ ва Кумитаҳои маҳал дар назди 14 муассисаи таълимӣ 74 синфхона барои 1850 хонанда мавриди истифода қарор гирифтанд.
ҳамзамон имрӯз корҳои сохтмонӣ дар назди 6 муассисаи таълимии ноҳия сохтмони 2 синфхонаи иловагии дигар бомаром идома дошта, дар арафаи соли нави мелодӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ барои 640 нафар хонанда оғоз гардид.
Тибқи нақша-чорабиниҳо ба муносибати ин ҷашни таърихӣ сохтмони 23 адад иншоотҳои таъиноташон гуногун дар соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифташуда пурра ба истифода дода шуданд, аз он ҷумла; 1 коллеҷи тиббӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ 12 бунгоҳи тиббӣ ва маркази саломатӣ, 2 маркази ташхиси тиббӣ, 3 нуқтаи хатнакунӣ, 5 дорухона мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
ҳамзамон тибқи нақшаи мазкур дар соҳаи фарҳанг ва варзиш бунёду азнавсозӣ ва таъмири 26 иншоотҳои фароғатию варзишӣ ба нақша гирифта шуда дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 адад аз он ҷумла; 18 майдонча ва 2 толори варзишӣ бун-ёд гардида, сохтмони 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи шахсӣ, азнавсозии 3 адади боғи фарҳангию фароғатӣ, 2 адад майдони гулгашт ва Парчаму Нишони давлатӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд. Дар баробари ин барои некуаҳволӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар ноҳия 14 маркази савдо, маркази хизматрасонӣ ва шустушӯйи автомобилҳо, 2 адад кошонаи ҳусн, 12 сартарошхона ва як ҳаммом ба истифода дода шуданд.
Барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар ҳамзамон дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ истифодадиҳии 15 адад корхонаву коргоҳ ва азнавсозии корхонаи истеҳсоли маҳсулотҳои ширӣ, дар маҷмӯъ бо таъсис додани 47 ҷойҳои нави корӣ пешбинӣ шуда буд. Бо ин мақсад дар ин давра 2 корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулотҳои нонӣ бо иқтидори лоиҳавӣ (солона)150 тонна бо таъсиси 14 ҷойи нави корӣ, азнавсозии корхонаи коркардӣ маҳсулотҳои ширӣ бо иқтидори истеҳсоли (солона) 50 тонна бо таъсиси 10 ҷойи корӣ, сехи макаронбарорӣ бо таъсиси 3 ҷойи корӣ, 4 корхонаи дӯзандагӣ бо таъсиси 12 ҷойи корӣ, 4 корхонаи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ бо таъсиси 15 ҷойи корӣ, 6 корхонаи истеҳсоли хишти сементӣ ва сафолакҳои ороишӣ барои роҳравҳо бо таъсиси 18 ҷойи корӣ, дар маҷмӯъ 17 корхона бо таъсиси 72 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
ҳамдиёрони азиз!
Зимни ироаи Паёми имсолаи худ Пешвои миллат вобаста ба авзои сиёсии ҷаҳон таъкид доштанд, ки соли 2022 соли таҳдиду хатарҳои гуногун, аз ҷумла тағйирёбии босуръати иқлими сайёра, амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, ҷони ҳазорҳо инсон-ҳоро аз байн бурда истодаанд, шомил шудани ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва таҳдиди воқеии ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон, қочоқи маводи мухаддиру аслиҳа, таҳдиду амалҳои гурӯҳҳои трансмиллӣ, муташанниҷ гаштани вазъи сиёсӣ дар кишвари ҳамсоя Ҷумҳурии исломии Афғонистон, сар задани муноқишаҳои диниву мазҳабӣ дар қисме аз кишварҳои олам ва дар баробари ин интиқол ва паҳншавии бемории сироятӣ ба ҳисоб меравад.
Имрӯз бо мақсади аз ин таҳдиду хатарҳо наҷот ва раҳоӣ бахшидани башарият созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид зимни баргузории конф-ронсу ҷаласаҳо тадбирҳои зарурӣ ва чораҳои саривақтиро амалӣ намуда истодаанд.
Вале новобаста аз ҳамаи ин таҳдиду хатарҳои сиёсиву глобалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаву оқилона ва сулҳофаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки бо ҷаҳду талош ва андешидани тадбирҳои заруриву саривақтӣ соли равонро хубтар сипарӣ намояд.
ҳамзамон дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳким бахшидани рушди соҳаи саноат дар кишвар, солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” дар доираи сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Боварии комил дорам, ки тамоми сокинони меҳнатдўсти ноҳияи Панҷ дар партави сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сазовор истиқбол гирифтани ин санаи муҳими таърихӣ, яъне 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ саҳми босазои худро хоҳанд гузошт. Зеро дар ин раванд қарзи имонӣ ва вазифаи виҷдониву инсонии ҳар яки мост, ки истиқлолияту озодии кишвари азизамон Тоҷикистонро чун неъмати муқаддаси таърихи ҳаёти худ ва гавҳари бебаҳои зиндагиямон гиромӣ дошта, барои ҳимояву ободии он ҳамеша омода бошем.
Дар амалӣ гардидани нақшаву ниятҳо ва тай намудани ин роҳи пуршараф ба тамоми сокинони ноҳия барору комёбӣ таманно дорам.
Соли нави мелодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *