Нақшаҳо Сиёсат

Ташрифи раиси вилояти Хатлон ба ноҳияи Панҷ

Ҳамавақта дар арафаи иду ҷашнҳо ба қишрҳои эҳтиёҷманду маъюбон, ятимону бепарасторон, сарбозону афсарон расонидани кумаки моддию маънавӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Ин иқдоми инсонпарваронаро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми роҳбарону соҳибкорон, шахсони саховатпешаю мақомоти дахлдори давлатӣ ҳамешагӣ ҳидоят карда истодаанд.
Ба ҳамин мақсад раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон ҳакимзода дар арафаи соли нави мелодии 2022 ба ноҳияи Панҷ ташриф оварда, ба қисми ҳарбии 0306 ҚС КДАМ ҶТ дар ноҳияи Панҷ гузар намуда, аз ҳолу аҳволи хизматчиёни ҳарбӣ, аскарону афсарон ва сарҳадбонон дидан карданд. Дар қисми ҳарбӣ раиси вилоят ҳамзамон ба муассисаи таҳсилоти томактабии дар қисми ҳарбӣ воқеъгардида ташриф оварданд ва аз вазъи кору фаъолияти кӯдакон хабар гирифта, ба онҳо туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд.
ҳамчунин раиси вилоят сарҳадбононро ба муносибати Соли нави мелодии 2022 табрику таҳният гуфта, ба онҳо туҳфаҳои солинавӣ инъом намуданд. ҳамзамон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Панҷ, шахсони саховатпеша ва соҳибкорони маҳаллӣ барои сарбозону афсарони қисми ҳарбӣ зиёфат ороста, тавассути ҳунарпешагони шинохтаи ноҳия барои онҳо консерти калони идонаи солинавӣ намоиш доданд.

Баробари ин, раиси вилоят ба аёдати собиқадори меҳнат, собиқ ду карат вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Болта Нидоев рафтанд ва ӯро ба муносибати Соли нав табрику таҳният намуданд.
Раиси вилоят ҳамчунин ба раиси ноҳия ва роҳбарону сарварони корхонаҳои ноҳиявӣ дастур доданд, ки корҳои рӯзмарраи хоҷагидориро дар ҳамаи самтҳо дар соли нав вусъати тоза бахшанд ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, собитқадамона иҷро кунанд.
П. Нуров, И. Абдураҳмон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *