Вохӯри бо ҷамоат

Масъулиятшинос бошем

Тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бобати расонидани нуктаҳои асосии Паём ба мардуми ноҳия, ҳамчунин рафти иҷрои корҳои саҳроӣ дар ҷамоатҳои деҳот, ободонию кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, шудгоркунии заминҳо дар фасли сармо, кандани ҷӯю ҷӯйборҳо, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, кишти картошка, инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои кории мақомоти иҷроия ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сафарбар карда шуданд ва онҳо аз рафти корҳои анҷомдодашуда дидан намуданд.
5 январи соли 2022 гурӯҳи корӣ дар маҷлиси вакилони ҷамоати деҳоти Озодагон, ки дар он ҳамаи фаъолони ҷамоат ширкат доштанд, иштирок намуданд ва пеш аз ин аз рафти корҳои саҳроӣ дидан карданд.
Дар маҷлис аввалан раиси ҷамоати деҳоти Озодагон З. Назаралиев маҷлисро кушода, оиди корҳои анҷомдодашуда ва камбуду нуқсонҳои ҷамоат дар соли 2021 дар назди вакилону ҳозирин ҳисобот дод.
Қайд карда шуд, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ маҳсуб ёфта, беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд ва мардумро мебояд, ки заминҳои фермерӣ, президентӣ, наздиҳавлигӣ ва ёрирасон самаранок истифода бурда, на камтар аз 2-3 ҳосил ба даст оранд, то дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳмгузор бошанд. Махсусан картошка , ки нони дуюми халқ маҳсуб меёбад, бояд зиёдтар кишт карда шавад. Инчунин дар ҳисобот доир ба муваффақияту камбудиҳо дар соҳаи иҷтимоӣ, яъне мактабу маориф, фарҳангу тандурустӣ табодули назар карда шуд.

Дар ҷамъомад раиси ноҳия муҳтарам Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер суханронӣ намуда, аз вакилону фаъолони ҷамоат даъват ба амал овард, ки корҳои кишоварзиро вусъат дода, кишти зироатҳоро, аз қабили картошка,Ғалладонагиҳо, пиёзу сабзӣ, ҷуворимакка, сабзавоти барвақтӣ ва Ғайраро хуб ба роҳ монанд. Раис изҳор намуд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бояд ҳеҷ як фарди ҷомеаро ба тафовут нагузорад. Аз ин рӯ, баҳри иҷрои ин дастуру супоришҳо ҳамагон бояд ҷиддан камари ҳиммат бандем.
ҳамчунин раиси ноҳия доир ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваққуф намуда, ба масъулин ва дигар фаъолони ҷамоат супориш доданд, ки вобаста ба ин масъала саҳлангорӣ накарда, аз ҳозир омодагии ҷиддӣ бинанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки чунин ҷамъомадҳо дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардиданд.
Н. Фозилҷон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *