Хабарҳо

Тантанаҳои Наврӯзӣ

 

Дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯзи аҷам дар ноҳия 11 иншооти гуногуни иҷтимоиву хизмат-расонӣ бо иштироки   Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Завқӣ Завқизода, раиси ноҳия Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер  ва аҳли ҷамоатчигӣ мавриди истифодаву баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар деҳаи Сомонии ҷамоати деҳоти Намуна бо назардошти пеш омадани мушкилоти ҷои нишаст дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №43 бо саҳми бевоситаи кумитаи падару модарон ва сокинону соҳибкорони маҳал  дар ду марҳила, бинои иловагии таълимӣ иборат аз шаш синфхона бо таъмини шароити мусоиди дарсӣ сохта ба истифода дода шуд ки барои аҳли омӯзгорону толибилмон ва сокинони маҳал туҳфаи хуби идона дар ҷашни байналмилалии Наврӯз гардид.

Иншооти мазкур дар заминаи нақша-чорабиниҳои ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, аз ҷонибиҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо  мизу курсӣ, тахтаи синфӣ, ҷевон ва дигар лавозимоти таълимӣ таъмин карда шуд.

Ба ҳамин тартиб дар идомаи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ дар назди муассисаи таълимии №32 низ бо саҳмгузории дастаҷамъонаи волидайн ва соҳибкорони маҳаллӣ 4 синфхонаи иловагӣ бунёд гардида, ба ихтиёри омӯзгорону толибилмон гузошта шуд.

Тавре масъулин иттилоъ доданд, як бинои муассиса, ки солҳои 50-уми асри гузашта бунёд гардида буд, дар ҳолати садамавӣ қарор дошту барои таъмини босифати раванди таълим ҷавобгӯ набуд.Синфхонаҳои нав бо ҳама шароитҳои зарурии таълимӣ акнун барои боз чанд соли дигар мушкилоти ҷои нишастро дар муассисаи  мазкур бартараф менамояд.

Аз маълумоти шуъбаи маориф тибқи ҷадвали корҳои созандагӣ вобаста ба эҳтиёҷот дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия  бо саҳми сокинону соҳибкорони маҳаллӣ бунёди 36 синфхонаи иловагӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 13 адади он ба истифода дода шуда, дар дигар синфхонаҳо корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Ифтитоҳи коргоҳи нонпазӣ ва қаннодӣ  дар ҷамоати шаҳраки Панҷ бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Соҳибов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд имкон фароҳам овард, ки 10 нафар сокинон баъд аз гузаштани курс-ҳои махсуси омӯзишӣ бо ҷои кор таъмин гарданд. Иншооти тозабунёди истеҳсолӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир  муҷаҳҳаз гардонида шуда, иқтидори истеҳсоли он дар шабонарӯз беш аз 1200 дона нонро ташкил медиҳад. Зимни ифтитоҳи коргоҳи нонпазӣ ва маҳсулоти қаннодӣ  гуфта шуд, ки маҳсулоти омодагардидаи он барои 10 ҳазор хонандаи 34 муассисаи таълимии ноҳия пешбинӣ гардидааст. Дар ин коргоҳ мутахассисон бо риояи тамоми талаботи технологияи нонпазӣ маҳсулот омода менамоянд, ки аз лиҳози ғизонокӣ барои рушди наврасон  муфид арзёбӣ карда мешавад.       

 

Мавриди истифода қарор гирифтани бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Гулободи ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат барои сокинони маҳал туҳфаи хуби идона дар ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ гардид. Зеро бо фароҳам гардидани чунин шароит сатҳу сифати хизМавриди истифода қарор гирифтани бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Гулободи ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат барои сокинони маҳал туҳфаи хуби идона дар ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ гардид. Зеро бо фароҳам гардидани чунин шароит сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардида, минбаъд дар он 5 нафар  мутахассисони соҳа кору фапъолит мекунанд.Тибқи иттилоъ бунгоҳи тиббии мазкур ба беш аз 1600 нафар аҳолии ду деҳаи ҳамин ҳудуд хизмат мерасонад.  

Бояд гуфт, ки дар баробари мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон сокинони маҳаллӣ низ дар беҳтар намудани шароити кору хизматрасонӣ саҳм гузошта, вобаста ба эҳтиёҷоташон дар маҳал-ҳои аҳолинишин иншооти гуногуни иҷтимоӣ бунёд намуда истодаанд. Яке аз онҳо ин бунгоҳи тиббӣ мебошад.

Дар доираи тадбирҳои марбут ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сокинони деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Меҳвар тавассути саҳмгузории якҷоягӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ пули мошингузари даромадгоҳи деҳа, дарвозаи рамзӣ ва чароғонкунии кӯчаи асосиро ба анҷом расониданд.

Гуфта шуд, ки амалисозии чунин тадбирҳои ободонӣ дар рушди маҳал ва таъмини шароити кору рӯзгори сокинон дар дурдастарин маҳалҳои аҳолинишини мамлакат мусоидат менамояд. 

Дар маркази ноҳия ҷамоати шаҳраки Панҷ бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ маҷмуаи хизматрасонӣ иборат аз мағоза, сартарошхона, нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ  ташкил гардида, дар марҳилаи аввал дар ошёнаи дуввуми бино ҳаммоми ҷамъиятӣ бо шароитҳои лозима фароҳам оварда шудааст.ҳаммом ҷавобгӯ ба талаботи санитарӣ буда, дорои утоқҳои буғӣ, ки он тавассути ангишт гарм карда мешавад, имрӯзҳо дар хизмати мардум мебошад.Ҳоло ин ҷо 3 нафар бо ҷои кор таъмин гардида, дар марҳилаи дуюм ташкили ҳаммоми занона низ дар назар  дошта шудааст.

  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо мақсади бо оби ошомидании тоза таъмин намудани сокинони деҳоти ноҳия тадбирандешӣ намуда, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд марҳилаи навбатии барномаи системаи оби нӯшокиро тадбиқ намуданд. Дар ин доира дар ҷамоати деҳоти Озодагон ба масофаи 15 км хати оби нӯшокӣ кашида шуда, боз сокинони ду деҳаи дигар бо оби ошомиданӣ дастрасӣ пайдо намуданд.   

Баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои оммавияти варзиш дар яке деҳаҳои дурдасти ноҳия  бо саҳми сокинон варзишгоҳ барои бозии футбол ва волейбол  сохта шуда, дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз ба истифода супорида шуд Иншооти мазкур дар арафаи ҷашн барои наврасону ҷавонон туҳфаи арзанда буда, аз ин ободкориҳо сокинони маҳал изҳори хушнудӣ менамоянд.

Дар деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфуддинов дар доираи тадбирҳои ободонӣ аз ҷониби масъулини хоҷагии деҳқонии Карим се адад гармхона бунёд карда шуд, дар ду адади он парвариши ниҳолҳои лиму ва дар гармхонаи дигар кӯчати сабзавоти барвақтӣ, бахусус помидор ба роҳ монда шудааст.  Ба гуфтаи хоҷагидорон дар    гармхонаҳои мазкур ҳудуди 100 бех ниҳолҳои дарахтони ситрусӣ шинонида шудааст, ки аллакай имсол ҳосил ба бор меоранд.

Ҳамчунин кишоварзони ин хоҷагӣ дар самти боғдорӣ аз таҷрибаҳои муосир истифода карда, бори аввал дар гармхона парвариши ниҳоли анорро ба роҳ мондаанд. Ба гуфтаи кишоварзон ин усул самарабахш буда, боиси фаровонҳосилӣ мегардад. Парвариши маҳсулоти кишоварзӣ дар гармхонаҳои доимоамал-кунанда ва мавсимӣ, ки ба манфиати кор аст, сокинон баҳри истеҳсоли маҳсулоти барвақтии кишоварзӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуда, онро самаранок истифода бурда истодаанд.     

Аҳли заҳмати ноҳия бо меҳнати софдилона дар баробари таъмини эҳтиёҷоти хонаводаи худ ва ғановати сабади истеъмолии сокинони дигар минтақаҳои кишвар  бо ҳисси баланди ватандорӣ баҳри ободиву шукуфоии маҳали зисти худ низ бетараф нестанд.  Онҳо бо заковату идроки созандаи худ мехоҳанд ба ифтхори ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корҳои ободонӣ ҳиссагузор бошанд.         

Ҳамчун анъаноти неки наврӯзӣ дар доираи сиёсати иҷтимоииҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 14 нафар ятимони кулли ноҳия дастархони идона ороста шуда, ба онҳо кумакҳои пуливу молӣ дастрас карда шуд.Бар замми ин, ба хонаводаҳои онҳо маҳсулоти аввалияи ғизоӣ, аз ҷумла орду равған тақдим карда шуд.

Бо ҳамин тартиб сокинони ноҳия ба истиқболи Наврӯзи байналмила-лӣ намоиши идона барпо намуда, дар он намунаҳои беҳтарини маҳсули дастранҷи хешро, ки иборат аз анвои гуногуни кишоварзӣ, асбобу анҷоми рӯзгордорӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва амсоли инро ба мараз гузоштанд. Растаҳои пур аз меваю сабзавот ва маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии ноҳия бозгӯ аз фаровониву арзонӣ ва зиндагии хушу осудаи сокинони ин ноҳияи дурдаст дарак медиҳад, ки онро метавон дар симои хурду бузург эҳсос кард.

   Дар қисмати дигари чора-бинӣ намояндагониҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия сокинонро ба фарорасии ҷашни зебои Наврӯз таҳният гуфта, аз дастовардҳои замони соҳибистиқ-лолии мамлакат ва ҷаҳониша-вии ҷашни бостонӣ ёдовар  шуданд.      

Гуфта шуд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон ба гузаштаи тамаддунофари хеш  арҷ гузошта, бо эҳёи расму оини ниёгон тавонистанд, ки дар ҷаҳонишавии ин ҷашни бедории табиат ҳиссаи таърихӣ гузоранд.

Савту навои дилошуб, ки бозгӯ аз фарҳанги қадимаи мардуми Тоҷикистон аст, ҷамъомадагонро ба ҳам овард, ки он инъикосгари воқеияти замон ва иттиҳодиву сарҷамъии сокинон ба шумор меравад.

 

 Н. Фозилҷон, Гулчеҳра, П. Нуров

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *