Хабарҳо

Амнияти озуқаворӣ – асоси пешрафти зиндагӣ (Кайдҳо аз иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ)


Дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, ки 30 марти соли равон баргузор гардид, масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд::

-рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Панҷ аз 4 апрели соли 2019, №445 оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 25 декабри соли 2018, №287 «Дар бораи Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ барои солҳои 2019-2023»;

– ҳисоботи сардори Раёсати молияи ноҳияи Панҷ оид ба иҷрои талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ғанӣ  гардонидани қисми даромади буҷети ноҳия дар соли 2021;

– дар бораи тасдиқ намудани ваколати вакил аз ҳавзаи интихоботии №40;

– дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ аз ҳавзаи интихоботии №12 ва таъин намудани интихоботи миёнадаврӣ ба ҷои вакили хориҷгардида;

– дар бораи ташкил намудани комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба гузаронидани интихобот ба ивази вакили хориҷгардида дар ҳавзаи интихоботии №12;

– дар бораи таъсис додани ҳайати комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ оид ба иқтисодиёти хоҷагии халқ, исло-ҳоти иқтисо-дӣ ва буҷет;

-дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳияи Панҷ.  Аз рӯи масъалаи аввали рӯзнома «Дар бораи рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Панҷ аз 4 апрели соли 2019, №445 оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 25 декабри соли 2018, №287 «Дар бораи Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ барои солҳои 2019-2023» муовини якуми раиси ноҳия Ҳ. Нидозода гузориш дод. Дар гузориш қайд гардид, ки яке аз ҳадафҳои асосии ҳукумати Ҷумҳурӣ таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Ба ҳамин хотир, Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ барои солҳои 2019-2023 қабул  шудааст.  Барномаи мазкур дар ноҳияи Панҷ низ амал карда истодааст, ки он асосан чор тамоюлро дар худ фарогир аст: вазъи таъмини маҳсулоти озуқаворӣ, дастрасӣ ба маҳсулоти озуқаворӣ, таъмини рушди истеҳсолот, сифат, гуногунӣ ва ғизонокии маҳсулоти озуқаворӣ ва таъмини санҷиш  ва назорати бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ. Аз рӯи самти аввали Барнома соли 2020 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 763,5 млн. сомонӣ, аз ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ ба 549,4 млн. сомонӣ, дар соҳаи чорводорӣ ба 214,1 млн. сомонӣ расонида шуд, ки дар муқоиса ба соли пешин 15,3 фоиз зиёд мебошад. Истеҳсоли ғалладонагиҳо  соли сипаригардида 56543 тонна, сабзавот 56274 тонна, полезиҳо 18220 тонна, мева ва ангур 13742 тонна, пахта 15195 тонна, гӯшт 6880 тонна, шир 28653 тонна, тухм 5,3 млн. дона, асал 38 тонна ва моҳӣ 30 тоннаро ташкил додааст. 

Вале бояд иқрор шуд, ки шумораи умумии аҳолии ноҳия сол  то сол зиёд гашта, айни замон ба 119742 нафар расидааст. Тибқи меъёри тавсиявии физиологии истеъмолии маҳсулоти озуқаворӣ, ки бо қарори ҳукумати Ҷумҳурӣ аз 31.08.2018, №451 тасдиқ шудааст, ба ҳар сари аҳолӣ дар як сол 147,7 кг орд, 92 кг картошка, 129,6 кг сабзавот ва полезиҳо, 124,1 кг мева ва ангур, 40,8 кг гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, 115,3 литр шир ва маҳсулоти ширӣ, 180 дона тухм, 9 кг моҳӣ ва маҳсулоти моҳигӣ, 16,6 литр равған муайян карда шудааст. Лекин суръати афзоиши аҳолӣ нишон медиҳад, ки дар ноҳия истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ боз ҳам зиёд карда шавад.

Ҷиҳати амалисозии самти дуюми Барнома гуфтан ҷоиз аст, ки болоравии нархи маҳсулоти асосии озуқаворӣ, аз қабили орд, биринҷ, ғалладонагиҳо, шакар, равған, гӯшт, тухм, моҳӣ, асал  аз 15 то 40 фоиз афзуда, дастрасии аҳолиро ба ин намуди  озуқавориҳо хеле душвор намудааст.

Иҷрои самти сеюми Барнома тақозо менамояд, ки рушди бемайлони истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди он вусъат дода шавад. Барои ин лозим меояд, ки тавре Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд,  ҳар як ваҷаби замин  самаранок истифода бурда шавад, ҳаҷми маҳсулот тавассути истифодаи тухмиҳои аълосифат  ва риояи қоидаҳои наву муосири истеҳсолӣ зиёд карда, соле ду-се ҳосил рӯёндан лозим аст.

Зимни таҳлили рафти иҷрои самти чоруми Барнома дар гузориш қайд гардид, ки санҷиш ва назорати бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ дар ноҳия ба зиммаи шуъбаи бойторӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти дигари назоратӣ гузошта, роҳандозӣ гашта истодааст. Мутахассисони  Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ин самт 25443 ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ гузаронида, 1183 кг маҳсулоти бесифат ошкор ва савдои он манъ карда шуд. 3880 кг маҳсулоти ба талабот ҷавобгӯ набуда нобуд гардид. Мутахассисон ба маблағи 3654 сомонӣ гунаҳкоронро ҷарима намуданд.

Баъди гузориш Ш. Одинаев, мудири шуъбаи кишоварзӣ, И. Одинаев, сардори Маркази бехатарии озуқаворӣ, С. Шарифзода, раиси Кумитаи идораи замин, А. Сафарзода, сардори Раёсати молия ба музокира баромаданд. ҳамзамон  иҷлосия аз рӯи масъалаҳои дигари рӯзнома, аз ҷумла  дар бораи ҳисоботи сардори Раёсати молия, тасдиқ намудани ваколати вакил аз ҳавзаи интихоботии №40;  пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакил аз ҳавзаи интихоботии №12 ва таъин намудани интихоботи миёнадаврӣ ба ҷои вакили хориҷгардида; ташкил намудани комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба гузаронидани интихобот ба ивази вакили хориҷгардида дар ҳавзаи интихоботии №12; таъсис додани ҳайати комиссияи доимӣ оид ба иқтисодиёти хоҷагии халқ, ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет; тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳия  карор-ҳои дахлдор қабул кард.

Дар иҷлосия  намояндаи мақо-моти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Э. Рауфзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Иҷлосияро раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раиси ноҳия  муҳтарам З. Шоҳиён ҷамъбаст кард..

Иҷлосия  бо ҳамин кори худро  ба анҷом расонид.

 

       Н. Фозилҷон, Гулчеҳра

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *