Муҳтарам кормандони мақомоти судӣ!
Шуморо ба муносибати Рӯзи мақомоти судӣ самимона табрик намуда, бароятон саломатии бардавом, саодати рӯзгор, хушбахтӣ ва дар фаъолияти пурмасъулиятатон муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.
Мақомоти судӣ дар таъмини адолат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният ва волоияти қонун нақши муҳим ва арзишманд доранд. Фаъолияти содиқона, масъулиятшиносӣ ва риояи меъёрҳои қонун аз ҷумлаи сифатҳои муҳими кормандони ин соҳаи пуршараф ба ҳисоб мераванд.
Бигзор дар роҳи пуршарафи адолатпарварӣ ҳамеша муваффақу сарбаланд бошед, қонун ва адолат чароғи роҳнамои фаъолияти ҳаррӯзаатон бошад ва заҳматҳои содиқонаи шумо баҳри таъмини адолат ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ҳамеша самараи нек ба бор оранд.
Рӯзи мақомоти судӣ муборак бод!

