Таҷлил Хабарҳо

Кумак ба ниёзмандон

 

Дар арафаи иду ҷашнҳо кумак расонидан ба ятимону бепарасторон, маъюбону  камбизоатон  ва  дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо тибқи дастуру супоришҳои  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  кайҳо боз  ба ҳукми анъана даромадааст. Инак,  бо ташаббусу ибтикори  Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Завқӣ Завқизода  дар ноҳияи мо дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ  ба  ҳамин гуна  ашхоси эҳтиёҷманд  кумак расонида шуд.  Ба 38 нафар ятимони кулл,  нимятимон, барҷомондагон  ва маъюбону камбизоатон  маводи хӯрока, аз қабили  орд, равған, шакар, инчунин  либосҳои гарми зимистона  ва  туҳфаҳои солинавӣ  тақдим карда шуд. Барои ҳамин ҳам қишрҳои осебпазири  ҷомеа  ба  ҳукумати Ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дигар роҳбарону сарварони кишвар, ки онҳо ҳамеша  дар меҳвари таваҷҷуҳашон  қарор доранд,  сидқан  миннатдории худро баён карда,  бо боварӣ изҳор менамоянд, ки  Сарвари кишвар ҳеҷ гоҳ онҳоро яккаву танҳо намегузоранд  ва  ғамхориҳои худро  дар ҳаққи онҳо боз ҳам бештар менамоянд.

Тазаккур бояд дод, ки тавре Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Завқӣ Завқизода  иброз дошт, чунин иқдомҳои неку наҷибона нисбати табақаҳои осебпазири ҷомеа  бори аввал набуда,  дар оянда ҳам идома хоҳанд ёфт.

Маҳз  бо пайгирӣ аз сиёсати инсондӯстонаю ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат  соҳибкорону шахсони саховатпеша  дар ноҳия ҳамеша  дар ҳаққи шахсони осебпазиру эҳтиёҷманд дар арафаи иду ҷашнҳо  кумаку ёрии  беғаразонаи худро дареғ намедоранд.  Мақсуд Нуруллоев, соҳибкори ноҳия, яке аз ҳамин гуна  саховатпешагоне ҳаст, ки  дар ҳаққи эҳтиёҷмандон, ятимону бепарасторон ҳамеша мададгорӣ мекунад. Дар  арафаи ҷашн  ӯ  ба хонандагон, ятимони кулли муассисаҳои  таълимӣ  туҳфаҳои солинавӣ,  шириниҳо, кулоҳҳои зимистона ва лавозимоти хониш  туҳфа намуд. Ташаббуси ӯро дигар  саховатпешагони ноҳия  дастгирӣ карда,  ба гурӯҳҳои камбизоат  ёрию мадади беғазаронаи худро расонда истодаанд.

 

   П. Нуров, И. Абдураҳмон

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *