Хабарҳо

Дар бораи гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

 

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН,ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

РАИСИ НОҲИЯИ ПАНҶ

Қ А Р О Р

 

Аз     «04»     январи   соли  2021                 № 5                              н. Панҷ

 

 

 

 

 

 

 

Дар бораи гузаронидани озмун барои  ишғоли мансабҳои   холии маъмурии  хизмати давлатӣ

 

 

 

 

 

 

Мутобиқи  моддаи 18-и  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва моддаҳои 19, 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

 

 

Қ А Р О Р        М Е К У Н А М:

 

 

 

  1. Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии:

 

– сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи  Панҷ;

– мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ;

– сармутахассис  (сармуҳосиб)-и  Ҷамоати Шаҳраки Панҷ;

– сармутахассис  (муҳандис-заминсоз)-и  Ҷамоати Шаҳраки Панҷ;

– мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати Шаҳраки Панҷ;

– сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и  Ҷамоати деҳоти Меҳвар;

– мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти Меҳвар;

– сармутахаcсис  (муҳандис-заминсоз)-и  Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;

– сармутахассис (омор)-и   Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов  Кабут;

– мутахассиси пешбари  (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;

– мутахассис (хазинадор)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов  Кабут;

– сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Озодагон;

 

– мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Озодагон;

– мутахассис (хазинадор)-и Ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат;

– сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Намуна.

  1. Комиссияи озмунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда шавад, ки қабул ва баррасии ҳуҷҷатҳои довталабонро мувофиқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун ба роҳ монад.
  2. Қарори раиси ноҳияи Панҷ аз 3 декабри соли 2020, №1278 аз эътибор соқит дониста  шавад.

 

 

 

 

 

 

Раиси  ноҳияи Панҷ:                                                         З. Шоҳиён

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *