Фаъолияти намояндагон

Раванди омодагиҳо ҷиҳати баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Панҷ-61

 

Имрӯзҳо дар доираи баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар 31 участкаҳои интихоботии ноҳияи Панҷ низ раванди омодагиҳо идома ёфта истодаанд.

Комиссияи ҳавзавии интихоботии Панҷ №61 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои супоришҳои Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию  сиёсӣ баргузор намудани  интихоботи дарпешистода дар ин замина корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.

Ҳудудҳо ва ҳайати  участкаҳои интихобот бо пешниҳоди раиси ноҳияи Панҷ  дар асоси моддаи 9 ва 15-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо назардошти қарори Комиссияи ҳавзаи интихобот дар ҷойҳои барои баргузории  интихобот муносиб  ташкил карда шудаанд.

Имрӯзҳо ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир кардани семинарҳои омӯзиши бо аъзоёни комиссияҳои участкаҳои интихоботии  ноҳия идома ёфтаистода барои чопи буклет ва варақаҳои иттилоотӣ бо мақсади ғанигардонии фазои интихоботӣ ташкилоту муассисаҳои марбута вобаста гардидаанд.

Инчунин бобати баргузор намудани мулоқоту вохӯриҳо бо номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳо дар мувофиқа бо шахсони пешбаринамудаи номзадҳо нақшаи баргузории мулоқотҳо тартиб дода шуда ҳамзамон ҷадвали муайян намудани баргузории мулоқоту вохӯриҳои номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо, низ  тасдиқ карда шудааст.

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *