Таҷлил

Раванди омодагиҳо ҷиҳати баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Панҷ-61

 

Комиссияи ҳавзавии интихоботии Панҷ №61 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои супоришҳои Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию  сиёсӣ баргузор намудани  интихоботи дарпешистода  як зумра корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.

Дар ин замина ҳудудҳо ва ҳайати  участкаҳои интихобот бо пешниҳоди раиси ноҳияи Панҷ дар асоси моддаи 9 ва 15-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо назардошти қарори Комиссияи ҳавзаи интихобот дар ҷойҳои барои баргузории  интихобот муносиб  ташкил карда шудааст.

Имрӯзҳо ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир кардани семинарҳои омӯзиши бо аъзоёни комиссияҳои участкаҳои интихоботии  ноҳия идома ёфтаистода барои чопи буклет ва варақаҳои иттилоотӣ бо мақсади ғанигардонии фазои интихоботӣ ташкилоту муассисаҳои марбута вобаста карда шудаанд.

Дар ин замина бобати баргузор намудани мулоқоту вохӯриҳо бо номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳо дар мувофиқа бо субъектҳои пешбари намудаи номзад нақшаи баргузории мулоқотҳо тартиб дода шуда ҳамзамон ҷадвали муайян намудани баргузории мулоқоту вохӯриҳои номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо, низ  тасдиқ карда шудааст.

Айни замон тамоми гирду атроф ва дохили участкаҳои интихоботии ноҳия дар ҳолати хуби тозагӣ қарор дошта, масъалаи мазкур мунтазам мавриди санҷиш қарор  дода шуд.

Имрӯз дар байни аъзоёни участкаҳои интихоботӣ ташкил ва гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ идома дошта, чунин семинарҳо инчунин бо волонтёрон низ доир гардида истодааст. Ҳамзамон бо имзои раисони участкаҳои интихоботӣ барои волонтёрон бейҷикҳо омода карда шуда, онҳо тибқи тақсимоти комиссияи ҳавзавии ноҳия ба участкаҳои интихоботӣ вобаста карда шудаанд.

Айни замон дар ҳудуди участкаҳои интихоботии ноҳия ба воситаи волонтёрон шиору овезаҳои иттилоотӣ насб гардида истодаанд.

Бо мақсади истифодаи самаранок ва тақсими маблағҳои аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардида, ҳисоботи молиявӣ омода шуда истода дар муҳлати додашуда ба Комиссия пешниҳод карда мешавад.

Имрӯзҳо аллакай ба рӯйхатгирии хона ба хонаи интихобкунандагон идома дошта, бобати ба рӯйхат гирифтани онҳо аз тарафи комиссияҳои участкавии интихобот дар ин самт чораҳои зарурӣ  андешида шудаанд.

Инчунин дар участкаҳои интихоботӣ рӯйхати шахсоне, ки бори аввал дар интихобот иштирок мекунанд алоҳида тартиб дода шуда дар баробари ин барои ашхосе, ки имконияташон маҳдуд мебошад ё шахси бемор буда, ниёз ба эҳтиёҷот дорад барои овоздиҳӣ дар хона рӯйхатҳо тартиб дода шудаанд.

Аз тарафи комиссияи ҳавзавии ноҳиявии интихобот ҳар даҳрӯза фаъолияти иттилоотӣ ҷамъбаст ва ба Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шакли муайянгардида ирсол карда мешавад.

Вобаста ба ҷойгиршавии участкаҳои интихоботии ноҳия имрӯз дар ҷойҳои муайян ишораҳои сарироҳӣ насб карда шудаанд.

Комиссияи ҳавзавии интихоботии Панҷ №61  бобати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ва шаффофу демократӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ хоҳад кард.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *