Комиссияи ҳавзавии интихоботии Панҷ №61 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои супоришҳои Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани интихоботи дарпешистода зумрае аз корҳоро ба анҷом расонидааст.
Дар ин замина ҳудудҳо ва ҳайати участкаҳои интихобот бо пешниҳоди раиси ноҳияи Панҷ дар асоси моддаи 9 ва 15-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо назардошти қарори Комиссияи ҳавзаи интихобот дар ҷойҳои барои баргузории интихобот муносиб ташкил карда шудааст.
Имрӯзҳо ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир кардани семинарҳои омӯзиши бо аъзоёни комиссияҳои участкаҳои интихоботии ноҳия идома ёфтаистода барои чопи буклет ва варақаҳои иттилоотӣ бо мақсади ғанигардонии фазои интихоботӣ ташкилоту муассисаҳои марбута вобаста карда шудаанд.
Дар ин замина бобати баргузор намудани мулоқоту вохӯриҳо бо номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳо дар мувофиқа бо субъектҳои пешбари намудаи номзад нақшаи баргузории мулоқотҳо тартиб дода шуда ҳамзамон ҷадвали муайян намудани баргузории мулоқоту вохӯриҳои номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо, низ тасдиқ карда шудааст.
Айни замон тамоми гирду атроф ва дохили участкаҳои интихоботии ноҳия дар ҳолати хуби тозагӣ қарор дошта, масъалаи мазкур мунтазам мавриди санҷиш қарор гирифта истодааст.
Барои ба руйхатгирии аҳолӣ бо ҷалби волонтёрон фаъолияти бонизоми комиссияҳои участкавӣ ташкил ва роҳандозӣ гардида раисон ва аъзоёни участкаҳои интихоботии ноҳия мунтазам тариқи сомонаи kmir.tj шинос мегарданд.
Хамзамон волонтёрону ҷавонони болаёқат аз саҳифаи фейсбукии «Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- 2020» истифода намуда истодаанд.
Бобати муайян намудани 5 участкаи намунавӣ дар ҳавзаи интихоботӣ имрӯзҳо санҷишу омодагиҳо идома дошта дар баробари ин хатсайри мушоҳидони байналмилалӣ низ дар ҳудуди ҳавза муайян гардида истодааст.
Комиссияи ҳавзавии интихоботии Панҷ №61 бобати дастгирии ҳамешагии Шумо дар самти шаффофу демократӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, фаъолияти худро минбаъд низ самаранок роҳандозӣ хоҳад кард.