Нақшаҳо

Баргузории Шӯрои ноҳиявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони ноҳия

Дар асоси Нақшаи кории Шӯрои ноҳиявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия санаи 18 августи соли равон Шӯрои ноҳиявӣ баргузор гардид, ки дар кори он раиси Шӯро узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷ, муҳтарам Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронии худ муҳтарам Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер зикр намуд, ки: «Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 «Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» таҳия ва тасдиқ карда шуд, ки ҷиҳати расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафҳои ворид шудан ба қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мусоидат намуд».
Сипас ҳисоботи котиби Шӯрои ноҳиявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Насруллоев Диловаршо шунида шуд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *