Фаъолияти намояндагон

Д А С Т У Р И Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ

Боби – 1

ҚОИДАҲОИ   УМУМИИ

БАНДИ  1  Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» Маҷлиси вакилони халқи ноҳия – узви асосии ҳокимияти маҳаллии ноҳия мебошад.

Маҷлиси вакилони халқи ноҳия масъалаҳои аҳамияти маҳаллидоштаро дар доираи ваколатҳояш дар асоси манфиатҳои умумии давлат ва манфиатҳои шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди Маҷлиси дахлдор зиндагї мекунанд, ҳал карда ба фаъолияти маҷлисҳои поёнии вакилони халқ роҳбарӣ мекунад, дар муҳокимаи масъалаҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявидошта, иштирок карда, аз рӯйи онҳо таклифҳои худро пешниҳод менамояд.

БАНДИ  2  Маҷлиси вакилони халқи ноҳия фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», дигар ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ оиди маҷлисҳои вакилон ва Дастури мазкур ба амал мебарорад.

БАНДИ 3  Фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар асоси коллективона, ба таври кушода ошкорбаёнӣ, дар вазъи корӣ муҳокима ва ҳал кардани масъалаҳо, ҳисобот додани ҳокимияти иҷроия, шунидани ҳисоботи роҳбарони шуъбаҳо, дигар воҳидҳои ҳокимияти маҳаллӣ дар назди вакилон ва аҳолӣ, ба кори онҳо ҷалб намудани шаҳрвандон ба роҳ монда шавад.

Ҳамчунин ҳар як вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баъди тасдиқи ваколаташ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Муҳтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия»  барои фаъолият минбаъда ҷиҳати  ҳифзи манфиатҳои миллат ва давлат  савганд ёд мекунад.

БОБИ – 1

Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия.

БАНДИ  4   Шакли асосии фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи ноҳия иҷлосия мебошад ва дар он масъалаҳоеро, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри он додаст ҳал мекунад.

Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мувофиқи моддаҳои 8, 9, 10, 11, 12, 13-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ аз тарафи раис дар вақти ҳозир набудан раис аз тарафи яке аз муовинон, аз рӯи зарурат камаш соле чор маротиба даъват карда мешавад.

Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ бо ташаббуси камаш аз се ду қисми шумораи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия низ даъват шуда метавонад.

Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ дар сурате бо салоҳият мебошад, ки дар он камаш аз се ду ҳиссаи шумораи вакилони ба Маҷлиси ноҳиявї интихобшуда иштирок намоянд.

БАНДИ  5  Баъди интихобот иҷлосияи якуми ташкилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияро раиси ноҳия мекушояд ва кори онро пеш мебарад. Баъд аз эътироф намудани ваколати вакилон низ ба кори минбаъдаи иҷлосия раиси ноҳия раисї мекунад.

БАНДИ  6  Раис Маҷлиси вакилонро пеш мебарад, барои маъруза кардан ва ба музокира баромадан сухан медиҳад, лоиҳаи қарорҳо, чорабиниҳо ва таклифу пешниҳодотро аз рӯйї масъалаҳои дар муҳокима қароргирифта ба овоз мемонад, натиҷаи овоздиҳиро эълон мекунад. Дар толори маҷлисгоҳ тартиботро таъмин менамояд  ва ба риояи Дастурро назорат мекунад.

БАНДИ  7   Нақшаи гузаронидани иҷлосия аз тарафи шуъбаи ташкилӣ дар муҳлати на дертар аз як моҳ то даъвати иҷлосия тартиб дода мешавад.

Дар нақша масъалаҳои ба муҳокимаи иҷлосия пешниҳодшуда, иштироки комиссияҳои доимӣ, вакилон, кормандони масъули шуъбаю идораҳо ва кумитаҳо, инчунин вақт ва шахсони масъул барои тайёр кардани маърӯза, лоиҳаи қарорҳо ва ҳуҷҷатҳои дигар муайян карда мешаванд.

БАНДИ  8  Маъруза ва лоиҳаи карорҳои иҷлосия ду ҳафта пеш аз рӯзи иҷлосия ба шуъбаи ташкилӣ пешниҳод карда мешаванд. Дар ҳуҷҷатҳои иҷлосия таҳлили ҳаматарафаи масъалаҳои ба муҳокима пешниҳодшуда бояд дода шуда бошанд.

Лоиҳаи қарорҳо ба вакилон на дертар аз се рӯз то саршавии иҷлосия дода мешавад.

БАНДИ  9  Қарор дар бораи даъвати иҷлосия ба маълумоти вакилон на дертар аз як ҳафта пеш аз кушода шудани иҷлосия тавассути хабарномаҳо, телефон ва дигар воситаҳои ахбори оммавӣ расонда мешавад, ки дар он рӯзи даъват, ҷойї гузаронидан, масъалаҳои ба муҳокимаи иҷлосия пешниҳодшуда нишон дода мешаванд.

БАНДИ  10  Вакилоне, ки бе ягон сабаб дар кори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия иштирок карда наметавонанд, бояд дар ин бора то рӯзи саршавии иҷлосия ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар диҳанд.

БАНДИ  11  Дар кори иҷлосия вакилони халқи Маҷлиси Олӣ, вакилони вилоятӣ ва вакилони дигари маҳал, намояндагони идораҳои давлатӣ, коллективҳои меҳнатӣ, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандон, ки таклиф карда шудаанд, иштирок карда метавонанд. Рӯйхати даъватшудагон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тартиб дода мешавад. Даъватшудагон ба рафт ва кори иҷлосия ҳуқуқи дахолат кардан надоранд,  танҳо бо розигии иҷлосия барои баромад кардан ба онҳо сухан дода мешавад.
Мудирони шуъбаҳо, сардорони раёсатҳо, ки вакил нестанд, дар кори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия иштирок мекунанд.
 
БАНДИ  12  Дар даври гузаронидани иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ аз ҷумла вакилони котиботи иҷлосия интихоб карда мешаванд. Дар бораи интихоби котиби иҷлосия қарор қабул карда мешавад.
Котиботи иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия сабти равиши иҷлосия, рӯйхати хоҳишмандонеро, ки баромад кардан мехоҳанд тартиб дода ба иҷлосия пешниҳод мекунад.
Қайди дархости вакилон ҷамъбасти маълумоту ахборот, аризаю мактубҳо ва муроҷиатҳои вакилону шаҳрвандонро ташкил карда мешавад.

БАНДИ  13  Бо назардошти фикру мулоҳизаҳои раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, комиссияҳои доимӣ, комиссияҳо муваққатӣ рӯзномаи иҷлосия дида баромада шуда, ба иҷлосия пешниҳод карда мешавад.
Масъалаи даровардани тағйирот ва ё илова ба рӯзномаи иҷлосия ба тариқи овоздиҳии кушода ба назар гирифтани аксарияти овозҳои вакилони дар иҷлосия иштирокдошта, ҳал карда мешавад.
Дар бораи тасдиқ намудани рӯзномаи иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ қарор қабул карда мешавад.

БАНДИ  14  Иҷлосия вобаста ба миқдори масъалаҳое, ки муҳокима карда мешаванд, давом меёбад. Баъди ҳар ду соати кори иҷлосия 10 дақиқа танаффус эълон карда мешавад. Барои ба музокира баромадан дафъаи аввал то 10 дақиқа, дафъаи дуюм то 5 дақиқа эълон карда мешавад.
Барои маърўза бошад одатан то як соат, барои сухани хотимавӣ то 10 дақиқа вақт дода мешавад.
Маҷлиси вакилони халқи ноҳия нисбати ҳар кадом масъалаҳои мушаххас барои маърўза пеш аз кушода шудани иҷлосия вақт муайян мекунад.
Барои маърўзаи иловагӣ то 15 дақиқа, барои сухани хотимавӣ  то 8 дақиқа вақт дода мешавад.
Маърўзачии иловагӣ метавонад аз сухани хотимавӣ даст кашад.

БАНДИ  15  Ҳар як вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия метавонад дар муҳокимаи масъалаҳое, ки ба рӯзномаи иҷлосия дохил шудаанд, иштирок кунад ба маърузачиён ва ба раёсати иҷлосия ба таври хаттӣ ё шифоҳи саволҳо диҳад.

Ҷавобҳо дар давоми рафти иҷлосия, вобаста ба мазмуни саволҳо фавран ё худ дар охири иҷлосия гардонда мешаванд. Тартиби ҷавоб ва саволҳо ва вақти ҷавобдиҳї дар иҷлосия аз тарафи раис танзим мешавад.
Саволҳо ва маърўзачиён ба тариқи хаттӣ ё бо таври шифоҳї аз толор ба воситаи микрофон (баландгуяк) дода мешаванд.

БАНДИ  16  Раиси иҷлосия аз рӯйї масъалаи мавриди муҳокимаи иҷлосия қарор гирифта, метавонад ба шахсони таклифшуда бо риояи тартибот сухан диҳад.

БАНДИ  17  Қарорҳои иҷлосия бо овоздиҳии кушод қабул карда мешаванд . Дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия овоздиҳї аз рӯйї масъалаҳои баррасишаванда кушода аст ва бо роҳи аз ҷониби вакилон бардоштани шаҳодатномаи вакилӣ, чун «тарафдор», «зид»  ва «бетараф» гузаронида мешавад. Натиҷаи овоздиҳӣ дар иҷлосия аз тарафи раиси иҷлосия ҳисоб карда мешавад.
Дар мавридҳои овоздиҳӣ ба ҳар як масъала, ҳар як вакил соҳиби як овоз аст ва онро барои тарафдорї ё зид медиҳад ё худ аз овоздиҳи худдорӣ мекунад. Баъди анҷом ёфтани баҳисобгирии овозҳо раиси иҷлосия натиҷаи овозҳоро эълон мекунад, таклиф қабул ва ё худ рад карда мешавад.

БАНДИ  18  Дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»  вакили халқ, комиссияҳои доимӣ ва муваққатии Маҷлиси вакилони халқ  ҳақ доранд, ки бо дархост ба раис,  дигар роҳбарони ҳокимияти иҷроия ва мақомоти он, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳое, ки дар қаламрави Маҷлиси дахлдори вакилони халқ воқеанд, оид ба масъалаҳое, ки вобаста ба салоҳияти Маҷлиси вакилони халқ муроҷиат намоянд.

БАНДИ  19  Дархост ба иҷлосия ба шакли хаттӣ ва шифоҳи пешниҳод карда мешавад. Дархост ба шакли хаттӣ пешниҳодшуда хонда дода мешавад.
БАНДИ  20  Мақомоти давлатӣ, шахси мансабдор, ки дархост ба онҳо дахл дорад, бояд дар иҷлосия оид ба он ҷавоби хаттӣ ё шифоҳӣ диҳад, ҷавоби дархост дар муҳлати муқарраркардаи Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод карда, дар иҷлосия хонда дода мешавад. Аз рӯйї ҷавоби дархост музокира кардан мумкин аст.
Маҷлиси вакилон аз рӯйї ҷавоби дархост ва натиҷаи муҳокимаи он қарор қабул мекунад.
БАНДИ  21  Аз рӯйї зарурат маърузаҳо ва лоиҳаи қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оиди масъалаҳои муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ ба воситаи газетаи ноҳиявии  «Ҳаёти нав» ва радиошунавоии маҳаллӣ ба мардуми ноҳия расонида мешавад.

 

БАНДИ  22  Қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баъди дар иҷлосия қабул гардидан дар давоми 5 рӯз мувофиқи таклифу эродҳои вакилон аз нав таҳрир карда шуда, дар муддати як ҳафта ба иҷрокунандагон фиристода мешавад.

Лоиҳаи қарорҳо 2-4 саҳифа, (ғайр аз ҳисоботи раиси ноҳия) аз 4-5 саҳифа ва маълумотномаю қайдномаҳои ба онҳо иловагардида аз 4 саҳифа  набояд зиёд бошанд. Ба кори чоп ва зиёд кардани нусхаҳои лоиҳаи қарорҳо, дигар ҳуҷҷатҳои оид ба масъалаҳои ба иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия пешниҳодшуда шуъбаи умумии дастгоҳи раиси ноҳия ҷалб карда мешавад.

БАНДИ  23  Таъминоти моддӣ–техникї гузаронидани иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва хизматрасонӣ ба вакилон ба зиммаи шуъбаҳои умумӣ ва ташкилии дастгоҳи раиси ноҳия гузошта мешавад.

БАНДИ  24  Шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси ноҳия қисми протоколии иҷлосияро тартиб медиҳад. Протоколи иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар муддати 10 рӯз пас аз иҷлосия мураттаб карда шуда, аз тарафи раис имзо карда мешавад.

БАНДИ  25  Протоколи иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи дар се нусха тайёр карда шуда, баъди ба имзо расидан нусхаҳои дуюм ва сеюм мутаносибан ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва прокуратураи ноҳия фиристода мешаванд.

БАНДИ  26  Қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз лаҳзаи имзои онҳо, агар дар ҳудуди қарор таври дигар муайян карда нашуда бошад, эътибор пайдо мекунад ва ба маълумоти корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо, шахсони соҳибмансаби дахлдор ва шаҳрвандон расонида мешаванд

БАНДИ  27  Дар сурате, ки қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ набошанд, онҳо аз тарафи мақомоти болоӣ ё суд бекор карда мешаванд.

БОБИ – 1

Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия.

БАНДИ  28  Мувофиқи моддаҳои 8, 9, 14 Қонуни конститутсионнии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» Маҷлиси вакилони халқи ноҳия барои пешакӣ  баррасї намудани масъалаҳо ба иҷлосия ва тавсия кардани онҳо, мусоидат ба татбиқи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ, санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи салоҳияти худ иҷро намудани вазифаҳои назорати дар муддати ваколати худ комиссияҳои доимӣ ва муваққатӣ интихоб менамояд.

БАНДИ  29  Комиссияҳои доимӣ ва раисони онҳо аз тарафи Маҷлиси вакилони халқ аз ҷумлаи вакилон ба муддати ваколати онҳо интихоб карда мешаванд.

БАНДИ  30   Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар давоми ваколати худ метавонад комиссияҳои доимии нав ташкил кунад, комиссияҳои пеш ташкилшударо барҳам диҳад, аз нав созад ва ба ҳайати онҳо тағйирот дароварад.

БАНДИ  31  Комиссияи доими дар Маҷлиси якуми худ аз хайати хеш ҷонишини раис ва котиби комиссиро интихоб мекунад.

Комиссияҳои доими дар назди Маҷлиси вакилони халқ, ки онҳоро ташкилу интихоб кардааст, масъулият дошта, ба он ҳисобот медиҳанд.

БАНДИ  32  Тартиби фаъолияти комиссияҳои доими Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар асоси банди 14 Қонуни конститутсионнии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Дастури мазкур муайян карда мешавад.

Низомнома дар бораи комиссияҳои доимӣ аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи ноҳия тасдиқ карда мешавад.

 

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *