Хабарҳо

«Бешарафӣ» ва хиёнати ошкорои Муҳаммадиқболи Садриддин

  Чанд рӯз боз тавассути тамоми шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ қисмати ҳафтуми филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» зери лавҳаи «Бешарафӣ» намоиш дода шуда истодааст. баъд аз тамошои ин филм ҳар як инсони солификру заккӣ хуб метавонад дарк намояд, ки ин қисмати филм саҳифаи нави хиёнат ва хиёнаткориҳои роҳбари Ташкилоти экстремистиву террористии собиқ Ҳизби Наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ва […]

Хабарҳо

Номусе, ки тавассути хиёнат аз даст рафт

  Қадру манзалати инсон, на дар сарвату дороӣ ва мансабу ҷоҳ, балкӣ дар шараф ва номуси ӯст. Аммо мутаассифона чунин шарофият ва манзалати ашрафи инсонӣ ба ҳар инсон муяссар намегардад. Бахусус ба нафароне, ки даст ба хиёнат задаву миллат, давлат ва ватани худро фурухтанд. Ин гуфтаҳо ба роҳбарият ва аъзоёни дигари Ташкилоти террористиву экстремистии собиқ […]

Хабарҳо

САДА – ҶАШНИ ИТТИҲОДИ МАРДУМӢ

  Ҷашни Сада яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёитабор ба шумор меравад. Таҳлилу таҳқиқҳои муҳаққиқон нишон медиҳад, ки  мардуми мо Садаро аз қадимулайём бо шукӯҳу шаҳомати махсус ҷашн мегирифтанд. Дар даврони Истиқлолият, махсусан бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи мардуми фарҳангии мо ба суннатҳои миллию анъанавии халқамон, […]

Сиёсат

Шабакаи «Ислоҳ», ки худ ислоҳ мехоҳад.

  Шахсияти номуси мардияш  аздастрафта ва аъзои Ташкилоти экстремистиву террористии собиқ Ҳизби Наҳзати Исломӣ иғвоангезу ватанфурӯш Муҳаммадиқболи Садриддин, имрӯз дар хориҷи кишвар шармандавор ва беномусона шабакаеро бо номи «Ислоҳ» таъсис додааст, ки воқеан боиси шармандагии ин хиёнаткор буда, ин шабака ниёз ба ислоҳи соҳибонаш дорад. Вақте ки аз минбари ин шабака тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ нафаре […]

Сиёсат

«Бадгуҳарро рутбаву мансаб насозад арҷманд»

    Баъд аз тамошо намудани қисмати ҳафтуми филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» зери лавҳаи «Бешарафӣ» дилхоҳ бинандаи закӣ ба хулосае меояд, ки на дар ҳар давру замон курсӣ ё худ мансабу вазифа ба соҳибаш муносиб меомадааст. Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбари Ташкилоти экстремистиву террористии собиқ Ҳизби Наҳзати Исломӣ хиёнаткор ва иғвоангез Муҳиддин Кабирӣ мансаб, имконият […]

Сиёсат

Хиёнаткор ҳеҷ гоҳ бахшида нахоҳад шуд

  Аз рӯзҳои аввали таъсис ёфтани ташкилоти террористиву экстремистии собиқ Ҳизби Наҳзати Исломӣ, ки ба сари мардуми тоҷик ҳазор дарду алам овардаву ҳазору сад ҳазори дигар тоҷику тоҷикистониро хонавайрон ё ба хок яксон ё аз Ватан фирорӣ намуданд, маълум буд, ки ин ташкилот ҷудоихоҳ, иғвоангез, ифротӣ ва хиёнаткор аст. Роҳбарияти ин ташкилоти террористиву экстремистӣ он […]

Сиёсат

«Пистаи бемағз агар лаб во кунад расво шавад»

  Чанд рӯз боз тавассути шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ қисмати ҳафтуми филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» зери лавҳаи «Башарафӣ» намоиш дода шуда истодааст. воқеан баъд аз тамошои ин филм дилхоҳ бинандаи закӣ дарк мекунад, то ҳамон шахсеро, ки бо амали пасту бешармонааш, аллакай номуси инсонӣ ва дар ниҳоят номуси мардияш аз дасташ рафтааст, боз бешармона ҳамин шахсияти номус […]

Хабарҳо

Вусъати корҳои ободонӣ

Бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ дар ноҳия  босуръат идома доранд.  Дар  ҷамоати деҳоти Озодагон  ба ин муносибат тибқи нақша  12 иншооти таъиноти гуногун бояд ба истифода дода шавад ва то имрӯз 4 иншоот ба истифода дода шудааст. Дар деҳаи ҳасан Шерови ҷамоати мазкур бо дастгирии  сокинони  маҳалла, […]

Хабарҳо

Табиатро ҳифз бояд кард

Имсол  мавсими сармо нисбати солҳои қаблӣ хеле барвақт омад. Боридани барф дар баъзе музофотҳо, аз ҷумла ноҳияи мо низ мушкилоти зиёдеро ба миён овард. Аз бориши зиёди барф олами набототу ҳайвонон бештар ранҷ мебарад. Махсусан дар он минтақаҳое, ки ба Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия вогузор аст, душвориҳо бештар  мегардад. Баъзе дарахтони сершоху барг ба […]

Хабарҳо

ХИЗМАТИ ВАТАН – ВАЗИФАИ МУҚАДДАС

  Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо мақсади баланд бардоштани ҳу-вияти миллӣ,  муҳаббат ба Ватан-Модар, гиромидошти арзишҳои  бузурги бадастовардаи даврони Истиқлоли миллӣ  гурӯҳи корӣ  аз Гвардияи миллии Ҷумҳу-рии Тоҷикистон бо роҳбарии сардори шуъбаи ҳуқуқи Раёсати корҳои Гвардияи миллӣ ва муовини командири қисми ҳарбии 051454 оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии Гвардияи […]