Хабарҳо

Паём-равшангари роҳи имрӯзу фардои мо

Ба наздикӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳарбӣ Шарофзода ва Зоир Раҳмонзода тибқи нақшаи пешакӣ ба ноҳия омада, бо интихобкунандагони худ мулоқотҳо оростанд. Онҳо, пеш аз ҳама, дар бораи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (28.12.2023), мақсаду аҳамият ва моҳияту муҳтавои он баромад карданд. Нуктаю муҳтавои Паёми имсоларо, ки асосан тамоми соҳаҳои фаъолияти мардуми кишварро фарогир мебошад, дар байни аҳолии ноҳия ҳаматарафа шарҳу тавзеҳ доданд. Сар карда аз авзои имрӯзаи ҷаҳони муосир, вазъи пешгӯинашавандаи он,рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, кишоварзӣ, саноат, сохмон, нақлиёт, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занон, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ, иҷрои қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сиёсати байналмилалӣ ва амсоли инҳо вакилон ба мардум иттилоъ доданд. Қайд карда шуд, ки бо вуҷуди буҳрони шадиди иқтисоди ҷаҳонӣ аҳли заҳмати ҷумҳурии мо имконият ёфтанд, ки рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, нишондиҳандаҳои иқтисодии кишварро то андозае баланд бардоранд ва дараҷаи зисту зиндагии мардумро беҳтар намуда, сатҳи камбизоатиро хеле коҳиш диҳанд. Маҳз ба ҳамин мақсад сол то сол маоши одамон, нафақа ва стипендияҳои донишҷӯён баланд бардошта шуда истодааст. Истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ дар муқоиса бо солҳои пешин афзоиш ёфта, шароити иқтисодии ҳар як оила хубтар гардидааст. Ин аст, ки тавассути меҳнати суботкоронаи аҳли заҳмати ҷумҳурӣ Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ сол то сол афзоиш ёфта истодааст. Ҳадафҳои стратегии давлат-таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат тадриҷан амалӣ шуда истодаанд. Ҳамаи ин ба хотири расидан ба зиндагии шоистаи мардуми кишвар нигаронида шудааст. Баъдан меҳмонон ба суолу дархостҳои интихобкунандагон ҷавобҳои мушаххас доданд. Мулоқотҳо дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот дар сатҳи баланди ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардиданд.

 Н.Фозилҷон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *