Фаъолияти намояндагон

НИЗОМНОМА

БОБИ I

Банди 1.  Асосҳои ташкилии фаъолияти комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва тартиби таъсисдиҳии онҳо.

Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»: Маҷлиси вакилони халқи ноҳия барои пешакӣ баррасӣ намудани масъалаҳо ва ба иҷлосия пешниҳод кардани онҳо, мусоидат ба татбиқи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ иҷро намудани вазифаҳои назоратӣ дар муддати ваколати худ комиссияҳои доимӣ ва муваққатӣ таъсису интихоб менамояд.

Банди 2.  Вазифаи асосии комиссияҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз инҳо иборатанд:

– барномаи тарақиёти иктисодӣ ва иҷтимоии ноҳия, буҷет ва ҳисоботи иҷрои барномаҳо ва иҷрои буҷетро пешакӣ муҳокима карда, оид ба онҳо фикру мулоҳиза ва таклифҳои худро баён менамояд ва дар ҳолати зарурат ин мулоҳизаву таклифҳояшонро ба Маҷлис пешниҳод мекунад;

– барои пайдо кардани манбаю имкониятҳои иловагии тарақиёти саноати маҳаллии хоҷагӣ, коммуналӣ ва ободонию беҳбудии хизматрасонии иҷтимоию маданӣ – маишӣ ва адои хизматҳо барои аҳолӣ, оид ба ин масъалаҳо таклифҳо таҳия намуда, ба муҳокимаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия мегузорад;

– дар доираи ваколаташон кори кумитаҳо ва шуъбаҳои мақомоти иҷроия, корхона, муассиса, хоҷагию ташкилотҳоро тафтиш карда, таклифҳоро ба муҳокимаи Маҷлис ва раиси ноҳия пешниҳод мекунанд;

– иштирок кардан дар кори ташкилотчигӣ, амалан иҷро намудани ќарорҳои Маҷлиси вакилони халқ, раиси ноҳия ва қарорҳои мақомоти болоӣ;

– мадад расонидан дар ташкил ва тафтиши иҷрои дархости интихобкунандагон;

– комиссияҳои доимии дар давраи иҷлосия дар байни иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳия кори Маҷлиси халқро пеш бурда, ба мақомоти давлатӣ ёрии аввалии худро мерасонад.

Банди 3.  Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар муҳлати ваколати худ комиссияҳои доимӣ таъсис дода, дар ҳайати он раис ва аъзоёни комиссияро интихоб менамояд. Шумораи ҳайати ҳар як комиссияро Маҷлиси вакилони халқи ноҳия муайян мекунад.

Ҳар як комиссияи доимӣ аз ҳайати худ муовини раис ва котиби комиссияро интихоб менамояд.

– Дар давраи ваколаташ Маҷлиси вакилони халқ метавонад комиссияҳои нав таъсис дода, комиссияҳои барҳам дода, дар ҳайати онҳо тайғйирот дорад.

– Раиси комиссия, муовини раис, котиби комиссия ва аъзоёни комиссияи доимиро аз нав интихоб ва озод намудан мумкин мебошад ба шарте, ки:

– Пеш аз муҳлат ваколати Маҷлиси вакилони халқ қатъ гардад;

– Вакил ба кор ба дастгоҳи раиси ноҳия қабул гардад;

– Раиси суди ноҳия таъйин шавад;

– Прокурор таъйин шавад;

– Мудири шуъба ё муовини раиси ноҳия таъин шавад;

– Аз ӯҳдаи вазифаи ба зимааш гузошташуда набарояд.

 Банди 4.  Ба фаъолияти комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқ раиси ноҳия роҳбарӣ менамояд. Комиссияи доимӣ дар назди Маҷлиси ноҳиявӣ ҳисоботдиҳанда мебошад.

– Раис, муовини раис ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия мувофиқи тақсимот, вазифаҳо ва корҳои ташкилӣ- оммавии комиссияҳои доимӣ ёрии авалӣ мерасонанд.

– Комиссияҳои доимӣ дар асоси Қонуни конститутсионнии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дигар санадҳои Ќонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.

Банди 5.  Фаъолияти комиссияҳои доимӣ ба таври озод ва ошкоро масъалаҳоро санҷида, муҳокима намуда, дар назди Маҷлис оид ба фаъолияти худ ҳисобот дода, дигар шаҳрвандони фаъолро дар кори комиссия ҷалб менамояд.

Комиссияҳои доимӣ дар якҷоягии комиссияҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳа ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ ташкилоту муассиса ва хоҷагиҳоро омўхта, ба роҳбарӣ мегирад.

Банди 6.  Комиссияҳои доимӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору қонунҳои Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ ва қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ, раиси вилояту ноҳия фаъолият менамояд.

 

БОБИ II

Н О М Г У И

Масъалаҳое, ки комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони

халқи ноҳия дида мебароянд.

 

Банди 7.  Комиссияи одоби вакилон ҳуҷҷатҳои комиссияи интихоботии Маҷлиси вакилони халқи ноҳиявӣ, протоколҳои комиссияи ҳавзавии участкаи интихоботӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои интихоботиро санҷида мебарояд.

Ваколати вакилони Маҷлиси ноҳияро тафтиш мекунад ва дар бораи эътирпофи ваколати вакилон дар мавриди вайрон шудани қонунҳои оид ба интихобот бошад, дар бораи беэътибор донистани интихоботи вакилони ҷудогона ба муҳокимаи Макҷлис таклифҳо пешниҳод менамояд.

Доир ба масъалаҳои гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлис ва ба ҷойи вакили хориҷшуда таклифҳо тайёр карда, ба Маҷлиси вакилони халқ ва дастгоҳи раиси ноҳия пешниҳод менамояд.

Оиди аризаи вакил барои қатъ кардани ваколатро дида мебарояд.

Дар сари вақт иҷро шудани дархости вакилро аз тарафи роҳбарони корхонаю хоҷагиҳо зери назорат мегирад.

Пешниҳоди вакилонро оиди беҳтар шудани шароити кор дар корхонаҳо ва хоҷагиҳоро дида мебарояд.

Ба Маҷлиси вакилони халқ ва раиси ноҳия оиди иҷрои вазифаҳои вакилон ахборот медиҳад.

Банди 8.  Комиссияи доимӣ оид ба иқтисодиёт, ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷети Маҷлиси вакилони халқи ноҳия;

Нақшаҳои ҷорӣ ва барномаҳои дурнамои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии ноҳия, ҳисоботро дар бораи иҷрои онҳо, ки ҳокимияти иҷроияи ноҳия ба тасдиқи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия пешниҳод кардааст, пешакӣ дида мебарояд ва аз рӯйи онҳо хулосаҳои худро баён мекунад.

Барои дарёфт кардани захираҳои дохилии хоҷагӣ ва даромадҳои иловагии буҷет ва пурзур намудани реҷаи сарфакорӣ ҳангоми сарф кардани маблағҳои давлатӣ кор мебарад.

Ба иҷрои нақшаҳои иқтисодию ӣчтимоии ноҳия ва иҷрои буҷети ноҳия назорат мекунад.

Дар тайёр кардани дигар масъалаҳои нақша ва буҷети молиявие, ки ба муҳокимаи Маҷлис ва мақомоти иҷроияи ноҳия пешниҳод карда мешаванд иштирок менамоянд.

Супоришҳои нақшавии хариди давлатиро барои хоҷагиҳо ва дигар корхонаҳои хоҷагии қишлоқ дида мебарояд:

– барои ташкил додани кори иқтисодӣ дар хоҷагиҳо, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, ҷорӣ намудани тарзҳои нави хоҷагидорӣ ёрӣ мерасонад.

– ташвиқу тарғиби таҷрибаи пешқадам ва комёбиҳои илмро дар соҳаи кишоварзӣ амалӣ месозад.

– ба дуруст истифода бурдани техникаи хоҷагии қишлоқ, нуриҳои минералӣ назорат мебарад. Ба кори назорати ветеринарии назорат менамояду ба пешгирӣ ва барҳам додани касалиҳо чораҳо мебинад.

Ба мустаҳкам гардидани муносибатҳои шартномавии байни ташкилотҳои маҳсулоттайёркунанда ва хоҷагиҳо оид ба савдо, кор карда барои ба фурўши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва ашёи хом ёрӣ мерасонад.

Ба истифодабарии замин дар қаламрави ноҳия назорат бурда, аз тарафи замин истифодабарандагон ба ҷо оварда шудани тадбирҳои баланд бардоштани ҳосилхезии замин, обёрӣ кардан ва хушконидани замин, муборизаи зидди эрозияи он, шур ва ботлоқшавии заминҳо назорат мекунад.

Дар доира ва мувофиққи тартибе, ки қонунҳо мӯкарар кардаанд, дар соҳаи истифода ва муҳофизати об, ҷангал, сарватҳои зеризаминӣ, ҳавои атроф ва олами ҳайвонот дар қаламрави ноҳия назорат мебарад.

Банди 8.  Комиссияи доимӣ оид ба қонуният.

–  Дар тартиб додан ва иҷрои тадбирҳои таъмини қонуният, муҳофизати тартиботи давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои инсонӣ дар қаламрави ноҳия иштирок менамояд.

– Доир ба қарорҳои Маҷлиси ноҳиявӣ, ки барои вайрон кардани онҳо ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ карда мешавад, хулосаашро баён мекунад.

– Дар риоя кардани қонуният дар шуъбаҳо, идораҳои мақомоти иҷроияи ноҳия, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳо муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо дар тафтиши вазъияти корӣ дида баромадани таклифҳо, аризаю шикоятҳои шаҳрвандон ва ташкили қабули онҳо иштирок менамоянд.

– Дар тартиб додан ва иҷрои тартибҳои оид ба тарбияи ҳуқуқи шаҳрвандон ва ташкили қабули онҳо иштирок менамоянд.

Банди 10.  Комиссияи доимӣ оид ба маънавиёт, фарҳанг, маориф, ҳифзи сиҳатии омма ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳия.

Ба кори нигоҳдории тандурустӣ дар ноҳия ба муассисаҳои тандурустии тобеи ноҳия, ташкили ёрии тиббӣ ба аҳолӣ назорат ва ёри мерасонад. Ба нигоҳ доштани хуби холати санитарии – гигении хонаҳои истиқоматӣ ва маҳалҳои аҳолинишин назорат мебарад.

Барои пешгирии касалиҳои сирояткунанда, инчунин барҳам додани онҳо чораҳо андешида, барои паҳн нашудани онҳо  назорат мебаранд.

Ба муҳофизати манфиатҳои модарону кўдакон, дар ноҳия ва пардохти нафақапулӣ назорат мебарад.

Ба кори маориф, тарбияи томактабӣ ва берун аз мактабии таълимгирандагон назорат мебарад.

Банди 11.  Комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои сохтмон, нақлиёт, алоқа, хоҷагии роҳ ва хизмати коммуналӣ.

Барои инкишофи савдои хоҷагӣ, сохтмон ва ободонии бозор ёри мерасонад.

Ба хизмати маишӣ ва аҳолӣ, ба корхонаю ташкилотҳои хизматрасонию маиши назорат мекунад.

                                                                 Боби III

Ваколатҳои комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони

халқи ноҳия.

Банди 12.  Комиссияи доимии ҳуқуқ дорад барои дидани масъалаҳо дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия таклиф пешниҳод намояд.

– Масъалаҳое, ки ба иҷлосия пешниҳод шудааст, аз тарафи ҳайати комиссия маърузачӣ ва маърузаи иловагӣ шуда метавонад.

– Комиссияи доимӣ метавонад якҷоя бо дигар комиссияҳои доимӣ масъалаҳоро барои дида баромадан ба иҷлосия тайёр кунад.

Масъалаҳое, ки ба дигар комиссияҳо дахл доранд, дар иҷлосия онро дида истодаанд, комиссияи доимӣ дигар фикри худро ба он масъала баён намудан ҳақ доранд.

– Комиссияи доимӣ бо хоҳиши дигар комиссия метавонад дар тайёр намудани масъалаҳо ва лоиҳаи қарорҳо иштирок намоянд.

– Комиссияи доимӣ метавонад фикри дигар комиссияҳоро оиди тайёр намудани масъала ба маълумот гиранд.

Банди 13. Комиссияи доимӣ ҳақ дорад муҳокима намудани масъала ба иҷлосия таклиф пешниҳод кунад ва ё барои муҳокима ба Маҷлисҳои коллективиҳои меҳнатӣ онро пешниҳод намоянд.

– Лоиҳаи қарори муҳокима мешудагиро ба муҳокимаи коллективҳои меҳнатӣ ва баъд барои муҳокима намудан ба иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия тайёр намуда пешниҳод кунад.

Банди 14.  Комиссияи доимӣ ҳақ дорад, ки масъала гузорад, ки дар иҷлосия ҳисоботи аъзоёни мақомоти иҷроия, шуъбаҳо, роҳбарони корхонаҳо, хоҷагиҳо шунида шавад.

Банди 15.  Комиссияи доимӣ бо супориши Маҷлиси вакилони халқ, ё раиси ноҳиявӣ худ ҳақ дорад, идораю ташкилотҳо, муассисаю корхона, шуъбаҳои мақомот ва корхонаҳоро санҷида барояд ва аз натиҷаи санҷиши худ дар иҷлосия масъала пешниҳод намояд.

Банди 16.  Комиссияи доимӣ ваколат дорад, аз роҳбарияти шуъба, корхонаю ташкилот, муассиса ва хоҷагӣ оиди масъалаҳое, ки бо ихтиёри комиссия мебошанд, аз онҳо ахборот, ҳисобот ва дигар маълумотҳои заруриро пешниҳод намояд.

Дар баробари ин мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ноҳия, роҳбарони ташкилоту идора, корхонаю муассисаҳо ва хоҷагиҳои ноҳия вазифадоранд, ки ба комиссияи доимӣ ахбороту ҳисобот ва дигар маълумотҳои заруриро пешниҳод намоянд.

Банди 17.  Комиссияи доимӣ дар доираи ваколати худ қарорҳои тавсиядиҳанда қабул менамояд ва ба шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия, ташкилоту муассиса ва идораю хоҷагиҳо ирсол намояд.

– Тавсияву қарорҳои қабулнамудаашро ба ҳамаи шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроия, ташкилоту муассиса ва хоҷагиҳо фиристонида, ба дастгоҳи раиси ноҳия оиди онҳо маълумот пешниҳод намояд. Бо тавсияву дархостҳои фиристода комиссияи доимӣ ба мудирони шуъбаҳо, бахшҳо, корхонаю ташкилот, идораю муассисаҳо ва хоҷагиҳои ноҳия, роҳбарияти онҳо вазифадоранд, ки аз натиҷаи иҷроиши он ба комиссия ахборот ё маълумотнома пешниҳод намоянд.

Банди 18.  Комиссияи доимӣ ҳуқуқ дорад, ки оиди вазифае, ки ба зимааш мебошад, ба дастгоҳи раиси ноҳия, шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия, ташкилоту муассиса ва хоҷагиҳои ноҳия оиди ягон масъала муроҷиат намояд.

Банди 19.  Комиссияи доимӣ ҳак дорад, ба воситаи яке аз аъзоёнамш дар Маҷлиси назди раиси ноҳия иштирок намуда, фикри худро баён намояд.

Банди 20.  Аъзоёни комиссияи доимӣ ҳуқуқ доранд, ки дар маҷлисҳо коллективҳои меҳнатии тамоми ноҳия иштирок намуда, ибрози ақида намоянд.

Банди 21.  Комиссияи доимӣ метавонад дигар вакилонеро, ки аъзои комиссияи доимӣ нестанд, ба кори худ ҷалб намояд.

Б О Б И  IV.

Тартиби фаъолияти комиссияи доимии Маҷлиси

вакилони халқи ноҳия.

Банди 22. Комиссияи доимӣ аз руи нақшаи корӣ, дурнамои солонаи худ амал мекунад.

Банди 23.   Нақшаи корӣ, дурнамои комиссияи доимӣ дар асоси нақшаи дурнамои Маҷлиси вакилони халқ, Маҷлисҳои назди раиси ноҳия тартиб дода мешавад.

– Дар вақти тартиб додани нақшаи корӣ , маҷлисҳои доимӣ нақшаи кори дурнамои шуъба, идора ва соҳаи он дахлдошта, ба этибор гирифта мувофиқа карда мешавад.

– Дар нақшаи корӣ масъалаҳои зайл ба эътибор гирифта мешаванд;

         – Тайёр намудани масъала барои дар иҷлосия дидан;

         – Иштирок дар тайёр намудани масъала барои иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ ва Маҷлиси назди раиси ноҳия;

         – Тайёр намудани масъала барои дар иҷлосия дидан;

         – Омӯзиши таҷрибаи пешқадами комиссияҳои ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳаи ноҳия.

Чорабиниҳои ташкилӣ- омавӣ.

Нақшаи корӣ, дурнамои комиссияи доимӣ ба шуъба, идора, ташкилот, хоҷагиҳо ва дастгоҳу Маҷлиси вакилони халқи ноҳия фиристонида мешавад.

Банди 24.  Рафти амалӣ намудани нақшаи кории комиссияи доимӣ ба зиммаи раис ва котиби комиссия гузошта мешавад.

– Ҷаласаи комиссияи доимиро раиси комиссия на камтар аз чор маротиба дар як сол даъват менамояд. Ҷаласаи комиссияи дар байни иҷлосия ва ё дар рўзи иҷлосия дар як вақти мувофиқ гузаронидан мумкин аст.

Барои ба фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ҷалб намудани коллективҳои меҳнатӣ дар ҷойи кори кормандон, ҷаласаи сайёри комиссияҳои доимиро гузаронидан мумкин аст.

Банди 25.  Дар сурати масъалаи баррасишаванда ба якчанд комиссияҳои доимӣ вобастагӣ дошта бошад, ҷаласаи ин комиссияҳои доимӣ дар якҷоягӣ  гузаронида мешавад ва қарори якҷоя қабул менамоянд.

– Ҷаласаи комиссияи ҳамноми Маҷлиси вакилони халқи ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро якҷоя гузаронидан мумкин аст.

Банди 26.  Ҷаласаи комиссияи доимӣ дар вақти иштироки аз 3/2 њисаи аъзоёни комиссия  коми шуда метавонад.

Дар сурати дар сари вақт ба ҷаласаи комиссияи доимӣ бо сабаби узрнок иштирок накардани аъзоёни комиссия, вай бояд дар ин бора ба раис, муовини раис, ё комиссияи доимӣ хабар диҳад.

Банди 27.  Дар ҷаласаи комиссияи доимӣ бо овози машварати вакилони халқ, аъзоёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳия, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони коллективҳои меҳнатӣ, иштирок карда метавонанд. Дар ҷаласаи комиссияи доимӣ шахсони ихтисосманду касбӣ, олимон, шаҳрвандони алоҳида, кормандони матбуот ва иттилоот даъват кардан мумкин аст.

Дар вақти зарурӣ комиссияи доимӣ метавонад ҷаласаи пушида гузаронад.

Банди 28.  Дар ҷаласаи комиссияи доимӣ, раиси комиссияи доимӣ раисӣ мекунад. Дар сурати набудани раис муовини вай раисӣ мекунад.

Дар сурати ҷаласаи якҷоя якчанд комиссияи доимӣ бо ризояташон яке аз раисон дар ҷаласа раисӣ мекунад.

Банди 29.  Ҳамаи масъалаҳо аз рўйи аз нисф зиёд аъзоёни комиссия ҳал карда мешавад.

Дар вақти ҷаласаҳои якҷоя комиссия низ аз рўйи аз нисф зиёди аъзоёни ҳар як комиссияи доимӣ қабул карда мешавад.

Пеш аз дидани масъала дар ҷаласи комиссия низ аз рўйи аз нисф зиёди аъзоёни комиссия ҳал карда мешавад.

Дар вақти ҷаласаҳои якҷоягии комиссия низ аз рўйи аз нисф зиёди аъзоёни ҳар як комиссияи доимӣ қабул карда мешавад.

Пеш аз дидани масъала дар ҷаласаи комиссияи доимӣ дар вақти тайёр кардани маърўза, маърузачии иловагӣ барои иҷлосияи Маҷлиси вакилони хаклқ ва Маҷлиси назди раиси ноҳия масъалаи баррасишаванда дар шуъба ва идораҳо ва хоҷагиҳои ноҳия санҷида мешаванд.

Барои омўхтани фаъолияти шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ноҳия комиссияи доимӣ санҷиш мегузаронад.

 Банди 30.  Комиссияи доимӣ барои дида баромадани ягон масъала аз ҳисоби вакилони халқи Маҷлиси ноҳиявӣ, шахсони ихтисосманд, олимон, кормандони идораҳои давлатӣ, ҳайати комиссияи санҷишро аз якчанд комиссияи доимӣ таъсис дода метавонад.

Банди 31.  Комиссияи доимӣ аз натиҷаи санҷиш бо роҳбарони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия, ташкилоту муассисаҳо маълумот медиҳад.

Банди 32.  Дар вақти муҳокима намудани масъалаҳои ҷаласаи комиссияи доимӣ, роҳбарони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия, ташкилоту идораҳо, кормандони масъули он ва раис, муовини раиси ноҳия ё кормандони дастгоҳи раиси ноҳияро даъват менамоянд.

Комиссияи доимӣ метавонад ҷаласаи худро дар шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия, ташкилоту идораҳои муҳокимамешудагӣ гузаронад.

Банди 33.  Комиссияи доимӣ дар сурати зарурият барои назорати амалӣ шудани барномаи тараққиёти иқтисодию иҷтимоии ноҳия, қарорҳои иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ ва раиси ноҳия дар ташкилоту идора ва хоҷагиҳо ситодҳои вакилонро ташкил менамояд.

Банди 34.  Раиси комиссияи доимӣ ба фаъолияти комиссияи доимӣ роҳбарӣ мекунад.

– Ҷаласаи комиссияи доимиро даъват намуда, дар он раисӣ менамояд.

– Ба аъзоёни комиссияи доимӣ супориш медиҳад.

– Њайати комиссияи санҷишӣ оиди дидани масъалаҳои баррасишаванда ташкил менамоянд.

– Ба ҷаласаи комиссияи доимӣ кормандони мақомоти иҷроия, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ даъват карда мешаванд.

Корҳои ташкилиро оиди иҷроия қарорҳо ташкил медиҳад.

Ба мақомоти иҷроияи ноҳия оиди корҳои иҷрокардаи худ ахбор медиҳад.

Банди 35.  Муовини раиси комиссияи доимӣ ба раиси комиссияи доимӣ ёрӣ мерасонад. Дар вақти набудани раис вазифаҳои ўро иҷро мекунад.

Банди 36.  Котиби комиссияи доими коргузори комиссияро ташкил менамояд. Протоколҳои тайёр намудани лоиҳаҳои қарорҳои комиссия, маъруза ва дигар ҳуҷҷатҳои тайёркардаи аъзоёни комиссияро ба қайд гирифта, ба муҳокимаи ҷаласаи комиссияи доимӣ пешниҳод менамояд.

Ба маълумоти вакилони халқ мерасонад.

Банди 37.  Аъзоёни комиссия вазифадоранд, ки дар фаъолияти комиссия ширкат варзида, дар татбиқи қарорҳои қабулкарда саҳм бигиранд.

Масъалаеро, ки ба муҳокимаи ҷаласаи комиссияи доимӣ пешниҳод намуда, ҳалли худро наёфт, аъзои комиссияи доимӣ метавонад ба таври хаттӣ ё шифоҳӣ ба муҳокимаи иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ ё Маҷлиси назди раиси ноҳия пешниҳод намоянд. Аъзоёни комиссияи доимӣ бисёр кушиш намоянд, то ҳамаи қарорҳои комиссияи доимӣ татбиқ шаванд. Комиссияҳои мунтазам фаъолият дошта бошанд. Аъзои комиссияи доимӣ бо ташаббуси худ ё бо супориши комиссия масъалаҳои баррасишавандаи комиссияро дар ҷояш бевосита шинос шуда, ба комиссия хабар медиҳад.

Банди 38.  Комиссияи доимӣ ахбороти комиссияеро, ки аъзои он мебошад, оид ба фаъолияту вазифаҳояш дар ҷаласа мешунавад.

Банди 39.  Қарору дигар санадҳои қабул кардаи комиссияро раиси комиссия имзо мегузорад.

Қарорҳои як ҷо қабулкардаи якчанд комиссияҳои доимиро раисон имзо мегузоранд. Раиси комиссияи доимӣ қарорҳои қабул кардаро аз рўйи рўйхат қабул карда, ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шуъбаҳои мақомоти иҷроия, ташкилоту идора, хоҷагиҳои деҳқонӣ мефиристонад.

Протоколи ҷаласаҳои комиссияи доимиро раис ва котиби комиссияи доимӣ имзо мегузорад.

Протоколи ҷаласаи комисияро раисон ва котибони комиссияҳои доимӣ имзо мегузаронанд.

Қарору протоколҳои комиссияи доимӣ то вақти ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқ ҳаст, нигоҳ дошта баъд бойгонӣ супорида мешаванд.

Банди 40.  Комиссияи доими оиди фаъолияти худ ба воситаи вохурии вакил бо аҳолӣ, коллективҳои меҳнати ҳамчунин бо амтбуот ва расонаҳо аз фаъолияти худ хабар медиҳад.

Б О Б И V.

Корҳои ташки оиди таъмини моддию техникӣ ва итилоот дар фаъолияти комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия.

Банди 41.  Корҳои ташкили ва таъминоти моддӣ – техникии комиссияҳои доимиро дастгоҳи раиси ноҳия ва мақомоти иҷроияи раиси ноҳия таъмин менамояд.

Банди 42. Дастгоҳи раис ва  ҳокимияти иҷроияи ноҳия комиссияи доимиро бо маводҳои зарури таъмин намуда:

–  Ба комиссияи доими дар тартиб додани нақшаи кориаш ёри дода, онро бо нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва раиси ноҳия таъмин менамояд.

– Иштироки комиссияи доимӣ дар тайёр кардани лоиҳаи қарорҳои иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ ва раиси ноҳия таъмин менамояд.

– Иштироки комиссияи доимӣ дар амалӣ намудани қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ раиси ноҳия ва қарорҳои мақомоти болоӣ таъмин месозанд.

  – Ба комиссияи доимӣ дар вақти санҷидани шуъба, ташкилоту идора, хоҷагиҳо аз тарафи комиссияи доимӣ ва тавсияҳои методӣ додан ба раис, муовини раис, котиб ва аъзоёни комиссияҳои доимӣ ёрӣ мерасонад.

– Дар тайёр кардани макърўза, маърўзаи иловагӣ барои Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ёрӣ мерасонанд.

– Дар бораи корҳои иҷрокардаи мақомоти иҷроияи ноҳия, шуъбаҳои он дар тамоми фаъолияташ барои беҳбудии зиндагии мардум, инчунин дар бораи фаъолияти хоҷагињои гуногун, маорифу фарҳанг ба комиссияҳои доимӣ маълумот медиҳад.

– Ба комиссияҳои доимӣ оиди Қарору санадҳои қабулнамудаи мақомоти болоӣ, ки ба мақомоти иҷроияи ноҳия вобастагӣ доранд, маълумот медиҳанд.

– Таҷрибаи пешқадами комиссияҳои доимиро омўхта, онро дастраси дигар комиссияҳои доимӣ менамоянд.

– Дар ҷалб кардани шахсони фаъол ба кори комиссияҳои доимӣ.

– Расонидани ёрии амалӣ дар коргузори комиссияи доимӣ.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *