Хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 Ёров Мусамир, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияи химия сазовори ҷойи сеюм ва омӯзгори ҳамин муассиса Раҷабова Рузигул дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон Ватани азизи ман” соҳиби ҷои дуюм гардидаанд бо самимияти хосса аз ҷониби раиси ноҳияи Панҷ муҳтарам Иброҳимиён Акмал Комилзода ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ, омӯзгорон, хонандагон ва волидон истиқбол гирифта шуданд.
Дастоварди назарраси ин ғолибон боиси ифтихори сокинони ноҳия ва аҳли маорифу волидон буда, бори дигар нишон медиҳад, ки зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони соҳибистеъдоди кишвар бо дониш, кӯшиш ва заҳмати пайваста метавонанд ба қуллаҳои баланди илму маърифат ноил гарданд.

