Санаи 14-уми октябри соли равон дар “Кохи Ваҳдат”-и пойтахти ҷумҳуриамон, шаҳри Душанбе мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои маҳбубу муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону сармоягузорони кишвар баргузор гардид. Мардуми шарифи кишвар ин мулоқотро бо як хушнудӣ ва умед ба фардои боз ҳам дурахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва бо меҳру садоқати бепоён ба Ватани азиз ва Пешвои миллат пазируфтанд. Дар ин мулоқот, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кулли соҳибкорону сармоягузорони кишвар барои саҳмгузорӣ ва дастгирии бевоситаашон ба муносибати таҷлили ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон изҳори умед намуданд, ки соҳибкорону сармоягузорони банангу номуси кишвар минбаъд низ ба хотири ин миллату давлат ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки санаи 9-уми сентябри соли 2031ҷашн гирифта хоҳад шуд, саҳми арзандаву босазои худро хоҳанд гузошт.

