Имрӯз, 16 октябри соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти роҳбарии раиси ноҳия муҳтарам Иброҳимиён А. К. Маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ баргузор карда шуд.
Дар маҷлиси имрӯза муовинони раиси ноҳия,роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва раисони маҳаллаҳо иштирок намуданд. Ҳамзамон намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят муҳтарам Исматзода Тоҷиддин дар маҷлис иштирок ва суханронӣ намуд.
Тибқи рӯзномаи маҷлис оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳисоботи муовини раиси ноҳия Хоҷазода И. Д. шунида шуд.
Дар раванди маҷлис соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия баррасӣ карда шуда, масъулини соҳа вазифадор карда шуданд.

