Имрӯз, 23.09.2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ташаббусӣ прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 1 муҳтарам Зувайдуллозода М. М. ва бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Иброҳимиён А. К. ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор карда шуд.
Дар ҷаласаи мазкур муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, раисон ва кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони комиссарияти ноҳия ва имомхатибони масҷидҳо иштирок намуданд.
Аз ҷониби роҳбарият таъкид карда шуд, ки имрӯзҳо хизмат ба ватан ҳимояи марзу бум, тамомияти арзи ва таъмини амнияти саросари қарзи шаҳрвандии ҳар як инсон аст.
Ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро бо мардум дар маҳаллаҳо ва деҳаҳо тариқи усули хона ба хона ҷоннок намуда, ҳисси ватандӯстии ҷавононро бедор намуда, дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” саҳмгузор бошанд.
Аз аҳли толор даъват карда шуд, ки дар иҷро намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама якҷо саҳми арзанда гузоранд.

