Воқеан «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар адабиёти ҷаҳонӣ бузургтарин ва пуршукӯҳтарин асар мебошад, ки солҳои 970 то 1005 таълиф гардидааст. Ин достон, ки аз қаҳрамониҳои миллати мо дар замони қадим ҳикоят мекунад, тақрибан аз 60 ҳазор байт иборат мебошад.
Дар асл, «Шоҳнома» асари таърихӣ буда, таърихи Эронзаминро аз замони қадим то асри VII дар бар мегирад. Дар оғози асар сухан дар бораи шоҳони давраи Пешдодиён, аз ҷумла Каюмарс, Ҳушанг, Тахмурас, Ҷамшед, Заҳҳок, Фаридун ва дигарон меравад.
Аз мазмуни асар бармеояд, ки дар он замон мардуми Эрони бостон унсурҳои маданият, тарзи зиндагӣ, тайёр кардани хӯроку пӯшок, хонасозӣ, кашфи оташ, ҳунари бофандагӣ, силоҳсозӣ, кишту кори зироат, киштисозӣ ва ғайраро омӯхтанд. Ҷашнҳои қадимии мардуми эронинажод Сада, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ба миён омаданд.
Паҳлавонони зиёде дар асар ба сифати қаҳрамонони ватандӯст тасвир шудаанд, мисли Соми Наримон, Зол, Рустам, Гударз, Бежан, Сиёвуш, Исфандиёр, Суҳроб. Инчунин як зумра занони шуҷоъ ва модарони мушфиқ дар «Шоҳнома» ҳамчун образҳои мусбат мавҷуданд, мисли Гурдофарид, Рудоба, Манижа, Фарангис, Тахмина.
Фирдавсӣ дар асараш ҷангҳоро тасвир карда, ба ғайр аз образи шоҳон образи намояндагони табақаҳои иҷтимоӣ, мардуми меҳнаткаш, деҳқонону косибон, занону духтарони одии деҳот, Маздаки шӯришгар сипоҳиёнро бо сардории Баҳроми Чӯбина, аҳли санъат, ба мисли Борбадро тасвир кардааст. Фирдавсӣ ба тасвири сохти давлатдорӣ, умури ҳукумат, когузорӣ, аҳволи мардумони табақаҳои гуногун, нигоҳдории сипоҳ, масъалаи таълиму тарбияи ҷавонон дар замони Хусрави Анушервон тақрибан 5 ҳазор байт бахшидааст.
Ҳаким Фирдавсӣ асари безаволи худро бо мақсади дубора эҳё кардани таърихи халқи форсу тоҷик ва тоза нигоҳ доштани забони форсии тоҷикӣ таълиф кардааст.
Сар то сари «Шоҳнома» тарғиби давлатдории миллӣ, ягонагии мардуми эронзамин, далерӣ, озодӣ, садоқат, ватандӯстӣ ва қаҳрамонӣ мебошад. Инчунин фалсафаи шоир ба сурати панду андарзҳо роҷеъ ба масоили гуногуни зиндагӣ ифода ёфтааст.
Боиси ифтихор аст, ки «Шоҳнома» бо аксари забонҳои хориҷӣ тарҷума гардида, дар ҷаҳон бисёр маъруф аст. Ҳамин аст, ки соли 1994 бо қарори ЮНЕСКО ҷашни «Шоҳнома» дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил гардид.
Боиси хушнудист, ки бо ташаббус ва дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Шоҳнома» беш аз 1,7 миллион нусха (ду ҷилд) аз нав нашр гардида, ба таври ройгон ба ҳар як хонаводаи кишвар тақдим карда шуд. Ҳадафи асосии ин иқдом баланд бардоштани ҳувият ва худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ, тақвияти фарҳангу адаб ва ошноии наслҳои ҷавон бо мероси адабии классикӣ арзёбӣ мешавад.
Парвиз Собиров
