Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи чаҳони пайдо намуд ва набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо сохт.
Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбари ва сиёсати хирадмандонаи беҳтарин чеҳраи сиёсии таърихи давлатдории навини тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз қишварҳои рушдёфтаву тараққикардаи минтақа ва ҷаҳон табдил ёфта, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешрафта нуфузу эътибори хоса пайдо намудааст.
Муҳимтарин дастоварду комёбие, ки миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолияш ба даст овард, аз хатари нести наҷот додани давлатдории миллии тоҷикон ва зери роҳбари ва сиёсати оқилонаи Пешвои маҳбуби миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор намудани сулҳу суботи комил дар тамоми қаламрави кишвари азизамон мебошад.
Мардуми кишвар имрӯз бо дастгири аз сиёсати инсондустонаву фарҳангпарваронаи Пешвои маҳбубу муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалт Раҳмон муҳимтарин санаи таърихи, яъне 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукргузори аз сулҳу суботи комили кишвар ва умеду ормонҳо ба ояндаи бозҳам дурахшони ин миллат таҷлил намуда истодаанд.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро ба муносибати ин санаи воқеан муҳими таърихи ва барои миллати тамаддунсози тоҷик фаромушнашаванда табрику муборакбод намуда, барои Шумо ва тамоми наздиконатон рӯзгори ободу осуда, ороми, тансиҳати ва сарбаландиро таманно дорам.
Ҳамдиёрони арҷманд!
Имрӯз дар асоси Нақша- чорабиниҳои мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳия аз 19 июни соли 2026, №425 “Дар бораи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ” сохтмону бунёди иншоотҳои ҷашни бомаром идома ёфта истода, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ин санаи муҳими таърихи тибқи Нашаи чорабиниҳо сохта ва мавриди истифода карор додани 232 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда, тибқи маълумотхои омори то имрӯз 235 иншоот мавриди истифода қарор дода шудааст, ки 101 фоизи нақшаро ташкил медиҳанд.
Бори дигар ёдовар мешавем, ки давоми солҳои амалишавии Нақшаи мазкур дар соҳаи маорифи ноҳия аз ҳисоби Кумитаҳои маҳал бо маблағи 5 миллиону 137 ҳазор сомони 50 синфхонаи иловагӣ бо дастгири Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Точикистон бо маблағи 9 миллиону 821 хазор сомони 24 синфхонаи иловагӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба маблағи 900 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби сармояи хоричи бошад сохтмони бинои 2 муассисаи нави таълими бо маблағи 34 миллиону 182 ҳазор сомонӣ сохта ва мавриди истифода карор дода шудаанд.
Бори дигар хамаи Шуморо ба муносибати чашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон самимона табрик намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо хушбахтиву барор ва рӯзгори орому осударо таманно дорем.
ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муборак, хамдиёрони азиз!
