Устодону омўзгорони арҷманд, хонандагони азиз!
Бо сипарӣ гардидани 35 соли соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун дигар соҳаҳои мухталифи кишвар барои боз ҳам хубтару беҳтар ва ба сатҳи замони муосир баланд намудани донишу малакаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии ҷумҳурӣ соҳаи илму маориф низ давра ба давра рушд намуд.
Пешвои маҳбубу муаззам ва маорифпарвари миллат ҳамеша таъкид медоранд, ки имрўз давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми соҳаҳои иятимоӣ, махсусан илму маориф таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намуда, ин соҳаро ҳамчун соҳаи калидии кишвар ҳисобида, минбаъд низ барои рушду пешрафти таълиму тарбия, фароҳам овардани шароитҳои мусоиди таълим барои хонандагону донишҷўён тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад кард.
Имрўз дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, соҳибистиқлолӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати оғоз гардидани соли нави хониши 2026-2027 чорабиниҳои “Рўзи дониш” баргузор гардида истодааст.
Ба ин хотир ҳамаи Шумо устодону омўзгорон ва хонандагони ин даргоҳи таълим ва дар симои бисёр нурониву илмдўсти Шумо тамоми муҳассилини муассисаҳои таълимии ноҳияро ба хотири оғоз шудани соли нави хониши 2026-2027 самимона табрик намуда, ба ҳар яки Шумо пеш аз ҳама тансиҳатӣ, хушбахтӣ, илмомўзӣ, донишандўзӣ ва бурдборӣ хоҳонам.
Омўзгорон ва хонандагони азиз!
Дар оғози соли нави хониш махсусан нахустин рўзи таҳсил маврид ба зикр аст, ки солҳои охир бо ибтикору пешниҳод ва иқдомҳои наҷибонаву илмпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм- фурўғи маърифат”, “Тоҷикон дар оинаи таърихи миллат”, “Тоҷикистон –Ватани азизи ман” ва дигар озмунҳо баргузор гардида истодаанд. Мусаллам аст, ки ҳадаф аз баргузории ин озмунҳо танҳо дарёфти чеҳраҳои нав дар самти андўхтани илму дониш, рў овардан ба китобу китобхонӣ ва касбу ҳунар мебошад.
Имрўз дар 53 муассисаи таълимии ноҳия 31 ҳазору 867 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Соли хониши 2025-2026 аз ин шумора дар озмунҳои даври вилоятӣ 104 нафар ва аз ин шумора бошад 48 нафар хонанда барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ соҳиби роҳхат гардиданд. Дар ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии озмунҳо аз ин шумора 32 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи мо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки 1 нафари онҳо хонандаи ҳамин муассисаи таълимӣ мебошад. Ҳамзамон давоми соли хониши сипаригардида 4 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияамон дар озмунҳои сатҳи байналмилалӣ фаъолона ширкат намуданд.
Инҷо лозим ба ёдоварӣ аст, ки гарчанде ин рақамҳо дар қиёс нисбат ба солҳои гузашта тафовут дошта бошанд ҳам, аммо моро қаноатманд карда наметавонад. Зеро бо итмимнони комил иброз метавон кард, ки имрўз дар муассисаҳои таълимии ноњияи мо барои бозҳам хубтару беҳтар гардидани раванди илмомўзии хонандагон шароитҳои хубу муосир давра ба давра фароҳам гардида истода, мутахассисони соҳибтаҷрибаи ин соҳа низ кам нестанд, ки имрўз бо донишу малакаи андўхтаи худ шогирдонро дар ин масир метавонанд роҳнамоӣ намоянд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки: «Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад. Ба замми ин рисолати асосии омўзгор ва муаллим дар руҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, дўст доштани Модар – Ватан, илмомўзиву донишандўзӣ тарбия намудани шогирдон мебошад».
Омўзгорон ва хонандагони азиз!
Ҳамаи мову Шумо хуб медонм, ки имсол барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик соли пурифтихор ва фаромўшнашаванда аст, чунки санаи 9-уми сентябри соли равон 35-умин солгарди санаи таърихии миллату давлати тоҷик, яъне Истиқлолияти давлатӣ таҷлил карда мешавад.
Бинобар ин бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ин санаи муҳим, инчунин дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худогоҳиву худшиносии миллӣ” ҳамаи мову Шумо хонандагони азизу арҷмандро зарур аст, ки бо донишу малакаи худ ҷиҳати худогоҳӣ, худшиносӣ, таҳкими соҳибистиқлолӣ ва сулҳу ваҳдат талош намуда, дар ин самт саҳми арзандаи худро гузорем.
Итминони комил дорем, ки давоми соли хониши 2026-2027 тамоми омўзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, аз ҷумла Шумо мулассили ин даргоҳи таълимӣ бо дастгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо илму дониши андўхта, малака ва иштироки фаъол дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҷавобан ба ҳама дастгириҳои Сарвари давлат соли нави хонишро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст хоҳед кард.
Бори дигар ҳамаи Шумо омўзгорону хонандагони азизро ба муносибати оғози соли нави хониши 2026-2027 самимона табрик намуда, ба ҳар кадоми Шумо пеш аз ҳама сиҳатмнадии комил, рўзгори орому осуда, сарбаландиву хушбахтӣ ва дар раванди таълиму тарбия барору комёбӣ хоҳонем.
Оғози соли нави хониш муборак!
