Ба ифтихори сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24-уми августи соли равон дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти ҷумҳурии азизамон шаҳри зебои Душанбе дар паҳлуи Осорхонаи миллӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави муҳташами “Театри миллӣ” мавриди истифода қарор дода шуд. Ифтитоҳи ин бино дар пайи сиёсати бунёдкорона ва фарҳангдӯстонаи Пешвои маҳбубу муаззам ва мукаррами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ва ба ифтихори 35-солагии ҷашни муқаддаси Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст. Ҳаронки боварии халқро арзанда мегардад, Ба ҳаркас дӯстрӯву ҳар хонаро зебанда мегардад.

