Имрӯз сокинони ноҳияи Панҷ чун дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо дастгирии аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умед ба фардои боз ҳам дурахшонтари кишвар доранд. Мусаллам аст, ки яке аз ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ, ба даст овардани истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад, ки меҳвари асосияш сохта ва мавриди истифода қарор додани Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” маҳсуб мешавад. Мардуми ноҳияи Панҷ итминони комил ва бовариву умед бар он доранд, ки бо роҳбарии Пешвои маҳбубу муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ояндаи наздик Тоҷикистон на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон ба яке аз кишварҳои истеҳсол кунандаи нерӯи барқ мубаддал хоҳад гашт. Зиҳи, Пешвои маҳбубу муаззами миллат, меъмор ва бунёдгузори асосии сулҳу ваҳдати миллӣ!

