Хабарҳо

26- уми августи соли равон дар пайи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон

Сокинони ноҳияи Панҷ аз он хушҳоланд ки санаи 26- уми августи соли равон дар пайи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон ба ифтихори сазовор истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳои саноатӣ ва майдони Парчам ва Нишони давлатӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Сафари кории Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант ва ноҳияи Данғара низ анҷом дода шуда, чандин иншоотҳои ҷашнӣ ба истифода дода шуданд. Хушо, бар ту, эй миллати сарбаланди тоҷик, ки соҳиби чунин Сарвари бунёдкору созанда, наҷибу ташаббускор ва оқилу дурандеш ҳастӣ!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *