Имрӯз, 13 июли соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти роҳбарии раиси ноҳия муҳтарам Иброҳимиён Акмал Комилзода ва Прокурори ноҳия мушовири адлияи дараҷаи 1 муҳтарам Зувайдуллозода Манучеҳр Муҳибулло ба мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни таърихии 35- солагии Истиқлолияти давлвтиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худогоҳиву худшиносоии миллӣ” эълон гардидааст ҷаласа баргузор карда шуд.
Дар ҷаласаии имрӯза муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, аъзоёни комиссия тақсимоти замин ва мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд.
Дар оғози маҷлис раиси ноҳия вобаста ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар ҳудуди ноҳия суханрони намуда, таъкид намуданд, ки ободонии ноҳия аз ҳар як дохили хона оғоз шуда мардум муташаккилона баҳри ободии маҳал, деҳа ва ноҳия саҳмгузор бошанд.
Баъдан прокурори ноҳия мушовири адлияи дараҷаи 1 муҳтарам Зувайдуллозода М. М. баромад намуда қайд намуд, ки санаи 16 декабри соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2026-ро ҳамчун соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худогоҳиву худшиносоии миллӣ эълон намуданданд, ҳамаи моро махсусан хурду бузурги ноҳияҳро зарур аст, ки барои пешрафт ва рушди ин гушаи диёр ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум камари ҳиммат бандем. Махсусан иҷрои бо сифати нақшаи иншоотҳои ҷашнӣ дар ҳудуди ноҳия, зебо гардонидани кучаву маҳаллаҳо, боғу гулгаштҳо, чароғонкунӣ, таъмири роҳҳо боиси ободонии ноҳия мегардад.
Ҳам замон аз ҷониби прокурори ноҳия таъкид карда шуд, ки пеши роҳи ҳамагуна қонуншиканҳои замин гирифта шавад, комиссияи додани қитъаи замин, парвандаҳои заминро нуқтасанҷона дида баромада баъдан хулоса пешниҳод намоянд. Талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бе чуну чаро риоя карда шавад. Дар байни мардум вобаста ба пешгирии ҷиноят, худкушиву худовезӣ ва ғарқшавии кудакону наврасон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад.
Дар фарҷон раиси ноҳия ва прокурори ноҳия мардумро бо яке аз санаҳои муҳими таърихи 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.


