Хабарҳо

Баргузор намудани нишасти матбуотӣ

 

Санаи 27-юми июли соли 2022 дар доираи иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 №1729 “Дар бораи ташкил ва гузаронидани нишасти матбуоти бо роҳбарони идораҳо ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2022” бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммаи вилоят ва ҷумҳурӣ, дар ноҳияи Панҷ  нишасти матбуотӣ доир гардид. Аз ҷумла намояндагон аз шабакаи “Тоҷикистон”,  радиоҳои “Ватан”,  “Тоҷикистон”, ва “Азия-плюс”, маҷаллаҳои   “Бонувони Тоҷикистон”, ва “СССР” “Азия-плюс”, рӯзномаҳои “Тоҷикистон”,  “Дӯстлик”, “Пайк”, “Фараж”, “Ваҳдат”, “Хатлон”, ва “Баҳори аҷам”  иштирок намуданд.

Дар ин нишасти матбуотӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷ, муҳтарам Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер ба суолҳои пешниҳоднамудаи намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар дар самти ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар 6 моҳи  соли 2022, муфассал посух доданд.

Ҳамзамон ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷиҳати иштирокашон дар ин нишасти матбуотӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *