Хабарҳо

ҚАБУЛИ МУРОҶИАТҲОИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚӢ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

Санаи 3-июни соли 2026 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи нақшаи корӣ ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ” Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бобозода Умед баргузор гардид.
Дар қабули шаҳрвандон бештар сокинон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба масъалаҳои додани қитъаи замин, баҳси оилавӣ, дастгирии самти занбӯри асалпарварӣ аз ҷониби лоиҳаҳои ғайридавлатӣ ва оиди ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди боғчаи бачагона муроҷиат намуданд.
Аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқӣ инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳаллӣ масъалаҳои муроҷиаткунандагон тавсияҳои ҳуқуқӣ дода шуда, ҳамзамон масъулини соҳа барои таъмини иҷро вобаста карда шуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *