Хабарҳо

Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)

Санаи 25 июни соли 2026 Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид солҳои 2027–2036-ро «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» эълон намуд. Ин ташаббус бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, аз ҷониби давлатҳои аъзои СММ дастгирӣ ёфт.
Ҳадафи асосии ин даҳсола таҳкими сулҳу субот, рушди фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо, густариши муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳо, инчунин ҷалби ҷавонон ва наслҳои оянда ба ҳифзи арзишҳои сулҳ мебошад. Қатънома бар он таъкид мекунад, ки сулҳи пойдор танҳо тавассути ҳамкорӣ, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва ҳамдигарэҳтиромӣ таъмин мегардад.
Қабули ин қатънома аҳамияти махсус дорад, зеро имрӯз ҷаҳон бо таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла муноқишаҳои мусаллаҳона, терроризм, тағйирёбии иқлим ва дигар мушкилоти глобалӣ рӯ ба рӯ аст. Аз ин рӯ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи сулҳпарварӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.
Ташаббуси Тоҷикистон бори дигар нақши кишварро дар пешбурди сиёсати сулҳҷӯёна ва ҳамкории байналмилалӣ нишон медиҳад. Дар солҳои даҳсола баргузории ҳамоишҳои байналмилалӣ, барномаҳои омӯзишӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва илмӣ барои таҳкими фарҳанги сулҳ ва ҳамкории байни давлатҳо пешбинӣ шудааст.
Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036) як иқдоми муҳимми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки ба таҳкими сулҳу амният, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва таъмини ояндаи осоиштаи башарият равона шудааст. Амалӣ гардидани ҳадафҳои ин даҳсола метавонад барои бунёди ҷаҳони орому босубот ва рушди ҳамкории байни халқҳо саҳми арзишманд гузорад.

Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Файзизода Бахтиёр Каримҷон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *