Имрӯз, 27.06.2026 мардуми шарафманди ноҳияи Панҷ таҳти роҳбарии раиси ноҳия, роҳбарон ва кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо,ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва хурду бузурги сокинони ноҳия ба хотири ҷонибдори аз ташаббуси Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар СММ вобаста ба “Даҳсолаи байналмилалӣ таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” дар кӯчаҳои марказии ноҳия ба роҳпаймоии баромада самимияти худро ба сиёсати хирадмандонаву сулҳпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.
Ҳамзамон дар боғи фарҳангу фароғатии ноҳия бахшида ба ин санаи таърихӣ чорабинии сиёси фарҳангӣ баргузор карда шуд. Дар ин чорабини раиси ноҳия муҳтарам Иброҳимиён Акмал Комилзода баромад намуда, нақши Пешвои миллатро дар таҳкими сулҳу субот ва оромии кишвар баён доштанд.
Баъдан прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 1 мӯҳтарам Зувайдуллозода Манучеҳр Муҳибулло баромад намуда, кайди намуд, ки шахсияти Пешвои миллат ҳамчун сулҳофару ваҳдатпарвар дар минтақа ва ҷаҳон назираш нест. Муҳимияти ташабусси Призиденти мамлакат ин оромии ҷомеаи ҷаҳонӣ,сулҳу суботи саросари ва зиндагии арзандаи ҳар як инсон мебошад.
Дар фарҷом Раиси ноҳия ва прокурори ноҳия мардуми сарбаланди ноҳияро ба муносибати ин санаи таърихӣ табрик намуданд.
Ба хотири болидарӯии мардуми ноҳия ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия суруду таронаҳои ватанпарвариро пешкаш намуданд.

