Ҳамдиёрони азиз!
Дар замони муосир сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҳамчун муҳимтарин арзиши умумимиллӣ, асосии пойдории давлат ва кафили рушди устувори ҷомеа мебошад. Гузашта аз ин таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамчун василаи муассири ҳамбастагӣ ва рушд, махсусан дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рӯз ба рӯз мураккабу муташанниҷ ва пурпечутоб гардидани равандҳои сиёсии ҷаҳон, ки дар натиҷаи онҳо таҳдиду хатар ба ҷони инсоният ва ноустувориҳо барои тамоми самтҳои ҳаёт зиёд шуда истодаанд, муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Дар андешаву тафаккури гузаштагони миллати тамаддунсози тоҷик фарҳанги сулҳ ҳамеша мақоми марказӣ дошта, дар ин замони муосир низ ин раванд шиори зиндагии ҳамарўзаи мо гардидааст.
Бо таъкиди коршиносону таърихнигорон агар дар ҳамон замонҳои даргириҳои дохилие, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯх доданд, яке аз ҳодисаҳои муҳими таърихие, ки онро имрӯз унвони “Иҷлосияи тақдирсоз” медиҳанду бо ба забон оварданаш тамоми миллати тоҷик ифтихор доранд, баргузор намегардид, шояд ҳаёти осудае, ки ҳоло мову Шумо дорему озодона умр ба сар мебарем, аз даст мерафт. Ин ҳодисаи муҳими таърихӣ дар он айёми хеле ҳассос барои давлату миллат, баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин Иҷлосия дар шароите баргузор гардид, ки кишвар дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси таърихӣ қарор дошта, масъалаи будан ва набудани давлати миллии тоҷикон ҳал мешуд.
Баъди ба анҷом расидани ҷанги шаҳрвандӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ санаи 27 июни соли 1997 ба имзо расид. Яъне рӯзи ба имзо расидани ин Созишномаи таърихӣ барои мо мардуми товик воқеан, оғози ҳамдигарфаҳмиву, сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад, ки заминаи асосиаш баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар ин Иҷлосияи таърихӣ фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Раванди сулҳи тоҷикон эҳёи эътимоди ҷомеаро ба давлат ва роҳбарияти он таъмин намуда, ҷомеае, ки дар гирдоби бесуботӣ ва парокандагӣ қарор дошт, тадриҷан муттаҳид шуд ва бовар ба ояндаи ором ва осуда падид омад.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми сокинони ноҳия ва Шумо ҳозирини гиромиро ба муносибати 29-умин солгарди ҷашни “Рӯзи ваҳдати миллӣ” самимона табрик намуда, хушиву хуррамӣ, тенҷиву амонӣ, суботу оромӣ ва саодати ҳамешагии рўзгоратонро таманно дорем.
Ҳамдиёрони азиз!
Сулҳ падидаи иҷтимоиест, ки худ ба худ ба вуҷуд омада наметавонад. Таҷрибаи башарият борҳо исбот намудааст, ки сулҳу ваҳдат дар натиҷаи музокироти беҳад душвор, масъулу тавонмандӣ, иродаи сиёсӣ, самари қудрату масъулияти шахсии ҳар як роҳбари арзанда мебошад ва аз он шакл мегирад.
Инҷо лозим ба зикр ва маврид ба таъкиди хос аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҷурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои ба ҳайси роҳбари давлат таъйин гардиданашон вазифаю рисолати инсонии хеш медонист, ки сулҳу амониро дар ҷумҳурӣ таъмин намуда, мардуми аз гирдоби ҷанг азобкашидаро, ки бо сабаби муташанниҷ гардидани авзои сиёсии кишвар ба берун аз Ватан фирор намуда буданд ба сарзамини аҷдодиашон баргардонад.
Таърих гувоҳ ва мову шумо шоҳид ҳастем, ки бо гузашти 35 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаву оқилона ва созандаву сулҳофаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои маҳбубу муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки меҳвари асосии сиёсаташон сулҳу ваҳдатофарист, ба яке аз кишварҳои пешрафтаву тараққикарда ва дар ҳама самтҳои хоҷагии халқ ба комёбиҳо ноил гардида, на фақат дар минтақа, балки дар тамоми сайёра муаррифӣ гардидааст.
Дар асоси таҳлилҳои илмию далелҳои таърихӣ ва равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо роҳбари сиёсӣ, балки меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ ва чеҳраи таърихии ин миллати тамаддунофар мебошад.
Итминони комил дорем, ки кохи муҳташами сулҳи тоҷикон, ки бевосита бо дастони чеҳраи сиёсии эътирофшудаи сатҳи байналмилалӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шудааст ҳазорсолаҳо бегазанд хоҳад монд.
Ҳамеша саломату саодатманд бошед, ҳамдиёрони азиз!
