Хабарҳо

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯИ ПАНҶ.

Имрӯз, 25.06.2026. дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, таҳти роҳбарии Раиси Шӯро прокурори ноҳияи Панҷ мушовири адлияи дараҷаи 1 Зувайдуллозода Манучеҳр Муҳибулло ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия Панҷ бо иштироки аъзоёни Шӯро ва раиси ноҳия муҳтарам Иброҳимиён Акмал Комилзода баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории ҷорӣ дар қисмати истифодабарии самараноки оби полезӣ, ҷамъоварии маблағи ҳаққӣ истифодабарии оби полезӣ, сарфакорона истифодаи қувваи барқ аз ҷониби идораи беҳдошти замин ва обёрӣ ва риояи қонунгузории энергетика, ҷиҳати кам кардани талафоти барқ, ҷамъоварии истифодабарии барқ, пешгирии ҳолатҳои тасарруфи маблағҳои ҳақиқӣ истифодаи барқ, дуздии барқ, сабабҳои пайдошавии қарздории оби полезӣ, ва ҳақиқӣ истифодабарии қувваи барқ дар давоми соли 2025 ва нимсолаи аввали соли 2026 дар ноҳияи Панҷ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор дода шуд.
Раиси Шӯро ба масъулини соҳаи идораи беҳдошти замин ва обёри ва Шабакаҳои таъминти барқи ноҳия, ҷиҳати кам кардани талафот нерӯи барқ, самаранок истифодабарии барқ, самаранок истифодабарии оби полезӣ, пешгирии тасарруфи маблағҳои ҳаққи истифодабарии барқ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *