Хабарҳо

МАЪЛУМОТ ОИДИ ТАРТИБИ АМАЛИСОЗИИ РЕҶАИ МАХСУСИ ТАНЗИМӢ ОИД БА ЛОИҲАИ ОЗМОИШӢ ДАР САМТИ АНДРЗБАНДИИ СОҲИБКОРОНИ ИНФИРОДӢ.

Асоси ҳуқуқии дар амал татбиқ гардидани реҷаи махсуси танзимӣ бо замимаи 4 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тољикистон аз 27 марти соли 2024, №798 «Дар бораи масъалазҳои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2024, №367 «Дар бораи Тартиби пешниҳоди реҷаи махсуси танзимӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ» фароҳам гардидааст.
Дар натиҷа, бо Фармоиши директории Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2026, №/06 Тартиби амалисозии реҷаи махсуси танзимӣ оид ба лоиҳаи озмоишӣ дар самти андозбандии соҳибкории инфиродӣ тасдиқ гардид. Фармоиши мазкур аз 16 апрели соли 2026, №1408 аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст.
Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки лоиҳаи мазкури озмоишӣ ба андозбандии интиқолҳои оддии маблағ байни шахсони воқеӣ ва ё ба назар ё пайгирии ҳамёнҳои электронии шаҳрвандон равона нашудааст. Ҳадафи асосии лоиҳа ташкили низоми дастгирии шаффоф ва содакардашуда барои фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ ва ҳамкории онҳо бо мақомоти андоз мебошад. Яъне низоми иттилоотӣ барои ситонидни рақамии андоз, баҳисобгирӣ ва пешбурди андозбандии соҳибкорони инфиродӣ дар реҳаи вақти воқеӣ ҷорӣ карда мешавад.
Ба ҳамин асос метавон гуфт, ки лоиҳаи мазкур як қатор афзалиятҳо дорад:
Якум, лоиҳа ба дастгирии соҳибкорони хурд равона шудааст, ки аллакай ба фурўш ё хизматрасонӣ тавассути интернет ва ҳамёнҳои электронӣ машғул мебошанд, вале бидуни қайд фаъолият мебаранд. Ҳадафи ассоӣ на эҷоди мушкилоти иловагӣ, балки бараъкс – фароҳам овардани механизми нисбатан сода ва қуллай барои фаъолияти онҳо мебошад.
Дуюм, лоиҳа пеш аз ҳама ба дастгирии соҳибкории хурд равона гардидааст. Ҳамзамон, маҳдудияти ҳадди ниҳоии даромади умумӣ, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, нисбат ба иштирокчиёни ин низом татбиқ намегардад. Яке аз вазифаҳои асосӣ коҳиш додани мушкилоти маъмурие, мебошад, ки имрўз соҳибкорони инфиродӣ бо онҳо рў ба рў мешаванд.
Лоиҳа низоми хеле соддакардашудаи андозбандиро пешбинӣ менамояд. Бисёр равандҳо ба таври худкор амалӣ мешаванд:
– низом худ андозҳоро ҳисоб мекунад;
– ҳисоботро ба таври автоматӣ ташаккул медиҳад (иштирокчиёни лоиҳаи озмоишӣ аз пешниҳоди лоиҳа ва ҳисоботҳои андозӣ озод мебошанд);
– ба соҳибкор лозим намешавад, ки ба мақомоти гуногун муроҷиат намуда, миқдори зиёди ҳуҷҷатҳоро пур намояд.
Сеюм, яке аз ҳадафҳои муҳими лоиҳа коҳиш додани сарбории андоз барои соҳибкории хурд мебошад. Дар ҳуҷҷат меъёрҳои махсуси коҳишёфтаи андоз барои соҳибкорони инфиродӣ аз 6 фоиз то 3 фоиз пешбинӣ шудаанд. Ҳамзамон бо мақсади ҳавасмандгардонии харидорон ҷиҳати истифодаи воситаҳои пардохти ғайринақдӣ ба баланд бардоштани шаффофияти муомилоти молиявӣ, кешбек дар ҳаҷми 1 дарсад аз ҳисоби меъёри мазкур пешбинӣ гардидааст.
Нисбат ба фаъолият тавассути ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ низ меъёри андоз аз 6 то 3 дарсад кам карда шуда, дар баробари ин истифодаи дастгоҳҳои назоратию хазинавӣ дар ҳарду шакли ҳисоббаробаркунӣ тақвият дода мешавад.
Ин боз ҳам нишон медиҳад, ки давлат диққати асосиро на ба зиёд намудани сарбори андоз, балки баръакс – ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкории рақамӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ равона кардааст.
Чорум, лоиҳа ба коҳиш додани шумораи санҷишҳо равона гардидааст. Гузашта аз ин дар ҳуҷҷат мустақиман нишон дода шудааст, ки дар давраи татбиқи лоиҳаи озмоишӣ санҷишҳои назоратии мақомоти андоз гузаронида намешаванд. Инчунин, давраи иштирок дар лоиҳаи озмоишӣ ҳатто баъд аз анҷоми он низ мавриди санҷиш қарор намегирад. Ин маънои онро дорад, ки давлат мехоҳад фаъолияти соҳибкоронро осон намояд, на ин ки барои онҳо мушкилоти иловагӣ эҷод кунад.
Панҷум, тартиби мавриди назар танҳо ба муайян намудани аломатҳои фаъолияти мунтазами соҳибкории бе бақайдгирӣ дахл дорад. Интиуолҳои оддии маблағ байни шахсони воқеӣ бо мақсадҳои шахсӣ, оилавӣ ва дигар ҳадафҳои ғайритиҷоратӣ мавзўи ин танзим намебошад, яъне интиқоли маблағ байни шаҳрвандон худкор ҳамчун обеъкти андозбандӣ арзёбӣ намегардад.
Илова бар ин ҳама гуна қарорҳое, ки ба эътироф намудани шахс ҳамчун субъекти фаъолияти соҳибкорӣ вобастаанд, танҳо дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъд аз арзёбии ҳуқуқии дахлдор аз ҷониби мақомоти ваколатдор қабул карда мешаванд.
Агар соҳибкор расман ба тиҷорат машғул боша пас бо меъёри 3 дарсад барои анҳом додани фаъолият тавассути ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва нақдӣ ҳуқуқ дорад.
Аз 3 дарсад 1 дарсад ба таври худкор ба харидор ҳамчун кешбек баргардонида мешавад. Баргардонидани маблағ аз ҷониби низом ба таври худкор, бе дахолати инсонӣ, тавассути механизми танзими рақамӣ анҷом дода мешавад.
Аммо, агар шахси воқеӣ ба тиҷорат воқеан машғул бошад, вале ҳамчун соҳибкор ба қайд гирифта нашуда бошад, пас танзимот виҳати бақайдгирии чунин шахс ҳамчун соҳибкор, ки тибқи талаботи қонунгузории мавҷуда низ пешбинӣ шудааст, роҳандозӣ мегардад. Яъне дар давоми 10 рўз аз ҷониби мақомоти андоз раванди дахлдор ҷиҳати муайян намудани таснифоти фаъолияти шахси воқеӣ ҳамчун соҳибкорӣ ва ё ғайрисоҳибкорӣ гузаронида мешавад.
Агар фаъолияти соҳибкорӣ тасдиқ карда шавад, шахси воқеӣ ҳамчун соҳибкор ба қайд гирифта мешавад ва фаъолияти худро дар доираи қонун идома медиҳад.
Шашум, чунин механизмҳо имрўз дар дигар давлатҳое низ истифода мешаванд, ки иқтисоди рақамиро фаъолона рушд медиҳанд. Лоиҳаи мазкур намунаи муҳити озмоишии танзимкунанда («регуляторная песочница») мебошад, ки дар бисёр кишварҳо васеъ истифода мегардад. Аз ҷумла равишҳои шабеҳ аллакай дар Ўзбекистон ва Россия татбиқ карда мешаванд, ки дар онҳо давлат низ тадриҷан соҳибкории хурд ва шаҳрвандони худмашғулро ба низомҳои соддакардашудаи рақамии андозбандӣ бо баҳисобгирии автоматии амалиёт ва ҳисоботдиҳии ҳадди ақал мегузаронад. Ин ба давлат ва соҳибкорон имкон медиҳад, ки технология пеш аз татбиқи пурра санҷида шуда, хавфҳо барои ҳарду ҷониб коҳиш дода шаванд.
Яъне Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳолат ягона механизми ғайриоддӣ ё фавқулодда ҷорӣ намекунад, балки дар самти амалияи байналмилалии рақамикунонии маъмурикононии андоз ҳаракат намуда истодааст.
Ҳафтум, бояд қайд намуд, ки ҳамкориҳои техникии низом тавассути операторони низоми пардохтӣ ва инфрасохторҳои бонкӣ бо иштироки Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи қонунгузории амалкунанда ва танзими бахши молиявӣ амалӣ мегардад. Ин пеш аз ҳама ба таъмини дурустии амалиётҳои молиявӣ, сирри бонкӣ, амнияти пардохтҳо ва шаффофияти маъмурикунонии андоз вобаста мебошад, на ба назорати интиқолҳои шахсии маишии шаҳрвандон. Ҳамчунин муҳим аст, ки зикр гардад, ки механизми пешниҳодшаванда низоми сирри бонкиро пурра нигоҳ медорад ва маълумоти муфассал оид ба интиқолҳои мушаххас, ҳаҷм ё ирсолкунандагони онҳо ба мақомоти андоз ё дигар мақомот пешниҳод карда намешавад.
Оператор Бонки миллӣ мебошад ва нақши он аз таъмини ҳисобкунии ҳифзшуда ва автоматии уҳдадориҳои андозӣ дар доираи низоми молиявӣ иборат аст, ки ин ифшои маълумоти шахсӣ ва молиявии иштирокчиёни лоиҳаи озмоиширо истисно менамояд.
Ҳамин тавр баъд аз гирифтани тавзеҳоти расмӣ маълум гардид, ки нигарониҳои ибтидоии ҷомеа асосан ба норасоиҳои маълумоти муфассал ва тафсири нодурусти баъзе муқаррароти ҳуҷҷат вобаста буданд.
Дар асл, лоиҳаи мазкур ба самтҳои зерин равона шудааст:
– дастгирии соҳибкорони хурду миёна;
– коҳиш додани сарбории андоз;
– автоматикунонии ҳисоботдиҳӣ;
-кам намудани шумораи санҷишҳо;
– содагардонии бақайдгирии соҳибкорон;
– рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ;
– ташаккули иқтисодиёти шаффофи рақамӣ.
Маҳз дар ҳамин моҳияти асосии лоиҳаи озмоишие ифода меёбад, ки аз ҷониби Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Бонки миллӣ амалӣ карда мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *