Дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо усули мактаб ба мактаб имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ноҳия сӯҳбату вохӯриҳо баргузор гардида истодааст.Тибқи нақша санаи 29.04.26 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ рақами 5- и ноҳия гурӯҳи кории мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳия бо кумитаи падару модар вохӯрии судманд доир намуд. Ҳадаф аз баргузории вохӯриҳо ин роҳандозӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуда буданд ва дар амал татбиқ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак” ,”Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, Дар бораи мақоми омӯзгор”, ва ” Дар бораи маориф” мебошад.

