Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст, ки он ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Бинобар ин бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия ва муттаҳид сохтани саъю кўшишҳои зиддикоррупсионии давлат ва ҷомеа, ба муборизаи зиддикорррупсионӣ ҷалб намудани тамоми мардум мебошад.
Коррупсия дар низоми хизмати давлатӣ нақши муҳим доранд.
Дар фасли дуюми боби сеюм таҳти унвони «Омилҳои муқовимат бо коррупсия
ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти назораткунанда дар
ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфта мешавад, ки коррупсия
таносуби байни зерсохторҳои ҳокимиятро хароб сохта, боварии мардумро ба давлат
коҳиш медиҳад, ҷудоии байни ҷомеа ва давлатро дучанд месозад ва барои пойдории
давлат хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.
Қобили зикр аст, ки асосҳо ва усули асосии ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ дар
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла дар боби дуюми
қонуни асосии кишвар ҳуқуқ ва озодиҳои табиии инсон ва шаҳрванд расман эътироф
шудааст. Моддаи панҷуми Конститутсия «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ»
номида шудааст.
Бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия дар кишвар ва муттаҳидсозии
талошҳои зиддикоррупсионии давлат, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони
бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар кори мубориза ва муқовимати
мақсаднок бо коррупсия Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи
соли 2007 дар хусуси таъсиси мақомоти махсуси зиддикоррупсионӣ – Агентии оид ба
назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид,
ки вазифаҳои асосии он аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳамдиҳӣ ва
ошкорсозии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, омӯзиши ибтидоӣ, тафтиши
ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалисозии маҷмӯи тадбирҳо оид ба сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ иборат буд. Тайи
соли 2007 ва солҳои минбаъда дар асоси низоми ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия ба
Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии
маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои дахлдор тағйиру иловаҳо ворид
карда шуданд.
Дар робита бо фаъолияти Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии
Тоҷикистон, баргузории экспертизаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои
меъёрии ҳуқуқӣ, ниҳоят, робита бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои абори
оммавӣ ва ташкилоти байналмилалӣ, ки аз уҳдадориҳои Тоҷикистон бармеоянд,
роҳандозӣ шудааст.
Таҳлилҳои муқоисавӣ нишон медиҳанд, ки бо таъсисёбии Агентии назорати давлатии
молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои коррупсионӣ ва
хавфу хатари онҳо ба сиёсат, ҳуқуқ, иқтисодиёт, маънавиёт ва пойдории низоми
давлатдорӣ ба андозаи назаррас коҳиш ёфтааст
Ташаббусҳо ва стратегияи тасвибнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба
он мусоидат намуд, ки чораҳои пешгирии зуҳури коррупсия дар ҳамаи самтҳо фаъол
гардида, ба рушди нерӯи инсонӣ дар муқовимат бо коррупсия, роҳҳои пешгирӣ ва
коҳиш додани шиддати он мусоидат намуданд.
Ҷиҳати баланд бардошттани дараҷаи шаффофияти раванди идоракунии давлатӣ,
ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои пешгирикунанда дар соҳаи хизмати давлатӣ, муқаррар
кардани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҳамагуна шаклҳои рафтори коррупсионӣ ва
ошкору пешгирӣ намудани чунин амалҳо заминаҳои боэътимод фароҳам оварда
шудаанд.
Дар ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи
шаҳрвандӣ таъсис дода шудани Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия ва дар сатҳи
вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташкил карда шудани комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба
пешгирии коррупсия аҳамияти калон дорад.
Дурнамои барҳамдиҳии сабабҳои коррупсия бояд аз инҳо иборат бошад:
– баланд бардоштани масъулияти сиёсии намояндагони мақомоти ҳокимияти
давлатӣ дар маъракаҳои сиёсӣ, шаффофияти маблағгузории ҳизбҳо, раванди
овоздиҳии интихобкунандагон ва танзими низои манфиатҳо дар хизмати давлатӣ;
– васеъ кардани имконоти иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути кафолати
озодии иттилоот ва таҳкими нақши ВАО;
– бунёди бахши хусусии рақобатпазир бо роҳи тағйир додани сохтори
инҳисорот ва баланд бардоштани нақши омилҳои рақобатӣ, коҳиш додани монеаҳои
воридшавӣ ба бозор, шаффофияти идоракунии корпоративӣ, афзоиш додани
ҳуқуқҳои ширкатҳои тиҷоратӣ;
– ислоҳи идоракунии бахши давлатӣ тариқи ба кор гирифтан ба хизмати давлатӣ
тибқи собиқаи хизматҳо, ғайримутаммарказ гардонидани идораи давлат, баланд
бардоштани шаффофияти раванди истифодаи маблағҳои буҷетӣ ва фаъолияти
маъмурони хадамоти андозситонӣ.
Дар натиҷаи омӯзиши сабабҳои пайдоиши коррупсия ва зарурати таъмини
шаффофияти мақомоти назораткунанда дар ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон ба чунин хулоса омадан мумкин аст:
– шароити асосии бавуҷудоварандаи коррупсия (ришва) ин камбағалӣ ва
камбизоатӣ мебошад, ки дар ибтидо ба вайроншавии ҷомеа ва баъдан пайваста коҳиш
ёфтани маънавиёти аҳолӣ боис мегардад;
– сатҳи пасти музди кор ва маоши миёнаи кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва
бахши иҷтимоии ҷомеа. Чунки дар ҷомеаи дорои сатҳи пасти маънавиёт пул ба як навъ
муқаддасоте (бут) табдил меёбад, ки ҷомеаро идора мекунад. Яъне як тоифаи
камшумори ҷомеа, ки дорои даромади ҳангуфт мебошанд, ба коррупсия ҳамчун
падидаи муқаррарӣ ва дар айни ҳол зарурӣ муносибат мекунад;
– паст будани иродаи сиёсии роҳбарияти мақомоти давлатии кишвар дар
мубориза бар зидди коррупсия.
Шӯъбаи рушди иҷтимоию ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия

