Хабарҳо

Паёми табрикии раиси ноҳияи Панҷ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шоҳиён З.Ф ба муносибати Иди сайиди Қурбон (28.06.23)

Ҳамдиёрони азиз!

Таҳлилу баррасии таърихи миллатҳои олам нишон медиҳад, ки бахши умдае аз саҳифаи он ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи он мебошад. Озодӣ ва Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун эҳсоси табиии инсонӣ дар замири ҳар шахс, гурӯҳи иҷтимоӣ, табақа ва миллат мавҷуд буда, инсон барои расидан ба ҳифзи он кўшиш менамояд.

Имрўз хурду бузурги кишвари мо шукрона мекунанд, ки ҷашну идҳои милливу давлатӣ ва анъанаву оинҳои аҷдодии худро дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва арҷгузорӣ ба суннату арзишҳои фарҳанги миллиамон истиқбол мегиранд.

    Бори нахуст дар таърихи мавҷудияти давлатдории навини тоҷик бо ташаббуси бевоситаи  Асосгузори сул-ҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўзҳои таҷлили идҳои мусалмонон Қурбон ва Фитр расман рўзҳои ид эълон карда шуда, мардум  озодона маросимҳои динию мазҳабии худро баргузор менамоянд.

Иди сайиди Қурбон яке аз маросимҳои мубораки дини мубини ислом ва аз ҷумлаи суннатҳои бисёр писандидаи мардуми мусулмони мо мебошад, ки дар партави сиёсати оқилонаву хирадмандона ва сулҳофаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил карда мешавад.

Ба ин хотир тамоми мардуми шарифи ноҳияро ба муносибати ин Иди сайид  самимона табрик намуда, ба хонадони ҳар яки онҳо ободиву осудагӣ, саодату сарбаландӣ, комёбӣ ва файзу баракати ҳамешагии рўзгорашонро таманно дорам.

Ҳамватанони гиромӣ!

Таҷлил гардидани Иди сайиди Қурбон дар даврае баргузор гардида истодааст, ки тамоми мардуми кишвар, имрўзҳо ба муносибати таҷлили 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қалби саршор аз меҳр ба Ватан ва миллат дар самти вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.  

Моҳияти аслии Иди сайиди Қурбон, ки аз ҷумлаи азизтарин маросимҳои суннатии мардуми мусулмони мо мебошад, дар ҳақиқат ба маромҳои инсондўстиву мурувват, сулҳофариву меҳрубонӣ бунёд ёфта, дар ташаккул ва такомули худшиносиву худогоҳии халқу миллатҳои дунё, аз ҷумла мардуми сарзамини мо низ наќши барҷаста дорад.

Шукргузорӣ аз неъматҳои Худованд ва меҳрубонӣ ба ҳамдигар яке аз хис-латҳои хеле ќадимӣ ва наҷиби миллати мо буда, махсусан дар ин рўзи муборак дили касеро ба даст овардан, нисбат ба ятимону бепарасторон, муҳтоҷону барҷомондагон, камбизоату маъюбон хайру саховат кардан амали ниҳоят савоб мебошад. Зеро хайру сахо кардан аз ҷумлаи воҷиботи дини мубини Ислом ва беҳтарин ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мебошад.

Бинобар ин дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи  иди сайиди Қурбон аз тарафи як зумра роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, соҳибкорон ва ашхоси саховатманди ноҳия ба чунин ашхос, ки воқеан ниёз ба кӯмаку дастгирии моддиву молиявӣ доранд, кӯмакҳои хайриявӣ расонида шуда, ин иқдоми наку дар оянда низ идома хоҳад ёфт.

Бо назардошти ин гуфтаҳо ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ надода, таҷлили ҷашну маъракаҳо аз ҷумла, Иди Қурбонро бе зиёдаравӣ ва исрофкорӣ пешвоз гиранд.

Бо дарназардошти вазъияти бисёр ҳам мураккаб ва ҳассоси имрўзаи ҷаҳон ба ҳар як сокини ноҳия муроҷиат намуда, бори дигар таъкид месозам, ки бояд аз ҳар ваҷаб замин, пеш аз ҳама замин-ҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва заминҳои байни боғу токзорҳо самараноку оқилона  истифода намуда, тамоми кўшишу ғайрати худро барои рўёнидани 3-4 ҳосил ва дар кишти такрорӣ ҳарчӣ бештар истеҳсол намудани картошка, ғалладонагӣ ва лубиёгиҳо аз ҷумла шолӣ, ҷуворимакка, мош ва лубиё равона сохта, дар таъмини зиндагии шоистаи худ ва фарзандон саҳмгузор бошанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Вобаста ба пешгирии хатарҳои имрўза, ки ба ҷони садҳо мардуми сайёра таҳдид намудаву ҷони ҳазорҳо нафарро аз байн бурда истодааст, яъне суръат гирифтани амалҳои террористиву экстремистӣ дар минтақаҳои гуногуни кишварҳои олам, бахусус амалҳои экстремистиву террористӣ, ки  дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуданд: “Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрўза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қиберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриќаандозиву барангехтани низоъњои динию мазҳабӣ кўшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус ҷавонон ва ба созмон-ҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд”

Итминони комил дорам, ки тамоми мардуми шарафманду меҳнатдўсти ноҳияи мо барои таҳкими қимматтарин арзишҳои инсониву имонӣ, пеш аз ҳама, дўстиву бародарӣ нисбат ба ҳамдигар, муҳаббату садоқат ба Ватан ва саховату мурувват, ба дармондагон ин идро низ таҷлил хоҳанд кард.

Бо мақсади амалӣ шудани ҳамаи ин умеду ормонҳо бори дигар  ҳамаи  ҳамдиёрони азизро бахшида ба таҷлили Иди сайиди Қурбон табрик намуда, барояшон саодати рўзгор, хушбахтиву шодмонӣ, оромию суботро тамано намуда, хоҳони онам,ки дар кишвари соҳибис- тиқлоламон – Тоҷикистон парчами сулҳу субот то абад парафшонӣ намояд.

 Иди сайиди Қурбон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *