Хабарҳо

Иқтисодиёту иҷтимоиёт дар ноҳия рушд меёбад

     6 январи соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи васеъ баргузор гардид, ки дар он Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин, сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Амирбеки Темур, раиси ноҳия Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер, раисони ҷамоатҳо, сарварони муассисаю корхонаҳои ноҳиявӣ, роҳбарони кумитаи  маҳаллаҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибҳои масҷидҳо ва дигар масъулину фаъолон иштирок доштанд.     Дар ҷаласа масъалаи «Вазъи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2023 ва вазифаҳо дар соли 2024» баррасӣ карда шуд. Аз рӯи ин масъала муовини якуми раиси ноҳия Ҳ. Нидозода гузориши муфасал дод. Дар гузориш аз ҷумла қайд гардид, ки нақшаи қисми даромади буҷет дар давраи ҳисоботӣ 102,3 фоиз ё ба андозаи 50млн. сомонӣ иҷро гардид. Қисми хароҷоти буҷет бошад, 89,2млн. сомонӣ ё ин ки 97 фоиз иҷро шуд.

    Дар ин давра тибқи маълумоти оморӣ 6801 соҳибкорӣ инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 5606 субъект ҳамчун хоҷагии деҳқонӣ, 995 субъект тариқи патент ва 200 субъект тариқи шаҳодатнома фаъолият намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 150 субъект зиёд шудааст.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025 146 лоиҳаро дар бар гирифта, то охири соли 2023 70 лоиҳа ба маблағи 102,9млн. сомонӣ  иҷро шудааст.     Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1млрд.566,4млн. сомониро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта 81,5млн. сомонӣ зиёд мебошад. Кишоварзон дар майдони 20121 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузарониданд, ки аз ин ғалладона ва лӯбиёгиҳо 7855 гектар, зироатҳои техникӣ 6967 гектар, пахта 6700 гектар, картошка 982 гектар, сабзавот 1189 гектар, полезӣ 451 гектар, зироатҳои хӯроки чорво 2677 гектарро ташкил медиҳанд. Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 48881 сар, аз ҷумла модагов 30648 сар, гӯсфанду буз 112723 сар, паранда 65576 сар ва асп ба 5817 сар расонида шуд.    Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти ғалладонагӣ 59870 тонна, пахта 4665 тонна, картошка 20496 тонна, сабзавот 71771 тонна, полезӣ 33697 тонна, мева 13829 тонна, ангур 3580 тонна, гӯшт 9346 тонна, шир 32174 тонна, тухм 9млн. 839,5 ҳазор дона, пашм 198,9 тонна, пила 6 тонна, асал 45,6 тонна ва моҳӣ 54 тоннаро ташкил додааст.

   Соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 105,6 млн. сомонӣ расонида шуд. Аҳолии ноҳия дар ин давра дар ҳаҷми 94376,8млн.квт/ соат ба маблағи 18,6млн. сомонӣ қувваи барқ истифода намудааст.

Корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 36,1млн. сомонӣ иҷро шудаанд.

   Барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо аз буҷети маҳаллӣ 211,9 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, 3,1 километр роҳи маҳаллӣ аз таъмири ҷорӣ ҷорӣ бароварда, 3 пул ва 4 қубури зери роҳ таъмир карда шуд. Бо ҷалби шаҳрвандон ва соҳибкорону шахсони саховатпеша 64 километр роҳ сангфарш гардида, 4 пул бунёд карда шуд, ки дар маҷмуъ 646,1 ҳазор сомониро

 ташкил медиҳад. Дар ноҳия 1350 нуқтаи телефонӣ амал карда истодааст, ки аз ин 280-тои он ба ташкилоту муассисаҳо ва 1070-тои он ба аҳолӣ хизмат расонида истодаанд.

      Баъдан Ҳ. Нидозода ба таҳлили фаъолияти самту соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, кор бо занон, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ, меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, танзими анъана ва ҷашну маросим, муроҷиати шаҳрвандон, вазъи нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва омодагӣ ба ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ гузашта, аз пешрафту мушкилоти ин соҳаҳо ёдрас шуд. Қайд карда шуд, ки дар ноҳия 53 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 50 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 30180 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 1883 нафар омӯзгорон таълим медиҳанд. Инчунин дар ноҳия 1 муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникӣ», 1 Коллеҷи хусусии тиббӣ ва инноватсионӣ ва 7 муассисаи томактабӣ мавҷуд мебошад.

Тавассути Маркази миллии тестӣ дар соли 2023 аз 1411 нафар хатмкунандагон 977 нафар барои идомаи таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, коллеҷҳо ва литсейҳои касбии техникӣ дохил шуданд. Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ сад фоиз иҷро гардида, шумораи компютерҳо 909 ададро ташкил медиҳад.

    Дар ноҳия айни замон 33 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 5 хонаи фарҳангӣ, 8 клуб, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 17 китобхонаи деҳотӣ, 1 боғи фарҳангӣ- истироҳатӣ ва 1 мактаби санъати бачагона ба аҳолӣ хизмат расонида истодааст. Дар 19 китобхона 68337 нусха китоб маҳфуз буда, аз ин теъдод 35646 нусха бо забони давлатӣ, 26052 нусха бо забони русӣ ва 6639 нусха бо дигар забонҳо мебошанд. Инчунин бо супориши Сарвари кишвар дар 23 ташкилоту муассисаҳо китобхонаҳои идоравӣ ташкил карда шудаст. Дар давоми сол аз ҷониби муассисаҳои фарҳангии ноҳия 120 чорабинии оммавии фарҳангӣ ва сиёсӣ гузаронида шудааст, ки дар онҳо 54215 нафар иштирок кардаанд.    Мавсуф сипас дар бораи муассисаҳои тандурустӣ, фаъолияти беморхонаи марказӣ, шуъбаҳои он, бемориҳои гуногуни мавсимӣ ва сироятӣ сухан ронда, қайд намуд, ки дар ноҳия 105 нафар духтурон, аз ҷумла 20 нафар бо дараҷаи тахассусии олӣ ва 757 нафар кормандони дорои таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ фаъолият доранд. Беморхонаи марказӣ аз 13 шуъбаи бистарикунонӣ, 4 шуъбаи ёрирасон ва 3 ҳуҷраи ташхисии ёрирасон иборат аст. Алҳол 143 нафар беморони сил ба қайд гирфта шудаанд. Шумораи гирифторони бемории вируси норасоии масунияти одам 182 нафарро ташкил медиҳад.     Баъдан фаъолияти бахшҳои кор бо  занон ва оила, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ, меҳнат, муҳоҷират, нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ, вазъи корҳо ҷиҳати танзими анъана ва ҷашну маросим, корҳо оид ба муроҷиати шаҳрвандон, вазъи тартиботи ҷамъиятӣ, қонуншиканию ҷинояткорӣ, инчунин омодагиҳои ноҳия ба ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил карда шуданд.

   Дар ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ муҳтарам Завқизода З.А. ва сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Амирбеки Темур баромад карда тавсияву пешниҳодоти мушаххас доданд. Дар фарҷом раиси ноҳия муҳтарам Шоҳиён З. Ф аз масъулини соҳаҳо ҷиҳати рафъи мушкилот ва камбуду нуқсонҳо пурсиш ба амал оварда, меҳмононро бовар кунонид, ки заҳматкашони ноҳия дар партави Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро дучанд зиёд менамоянд ва ба ҷашнҳои дар пеш истода, хусусан 35- солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон собитқадамона омодагӣ мегиранд.                                                          Н. Фозилҷон                                            А. Назарова

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *