Хабарҳо

Қадрдонӣ

Имрӯз хизмат дар сафи Қувваҳо мусаллаҳи Ҷумҳурӣ мояи ифтихор ва эҳтироми ҳар як шахс маҳсуб меёбад, зеро ҳифзи марзу буми кишвар, музаффариятҳои истиқлол ва давлату миллат ҳамеша дар мадди аввал меистад.

Давраи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба анҷом расид. Ноҳияи Панҷи мо низ аз иҷрои саривақтии Нақшаи даъват ба хубӣ баромада тавонист. Дар иҷрои Нақшаи мазкур саҳми нафақат масъулини соҳаҳои дахлдор, балким ҳамаи сарварону роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия, корхонаю муассисаҳо, кумитаҳои маҳалла, ходимони дин, муассисаҳои таълимӣ ва фаъолони ноҳия  хеле назаррас мебошад.

Ба ҳамин хотир, рӯзи соли 12 июни соли 2023 дар ҷаласаи назди раиси ноҳия аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба онҳое, ки дар  иҷрои Нақшаи даъват саҳми боризи худро гузоштаанд, бо мукофотҳо ва ифтихорномаҳои раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд. Барои муташакилона ва дар сатҳи баланд гузаронидани ин маъракаи муҳим ва ишғоли ҷои аввал раиси Ҷамоати Нури Ваҳдат бо 15000 сомонӣ ва Ифтихорнома, раиси Ҷамоати шаҳраки Панҷ барои ишғоли ҷои дуюм бо 10000 сомонӣ, раиси Ҷамоати Меҳвар барои ишғоли ҷои сеюм бо 5000 сомонӣ ва Ифтихорномаҳои раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон  раисони ҷамоатҳои дигар ва сарварони муассисаю ташкилотҳое, ки дар ин маъракаи сиёсӣ саҳми бештар гузоштан, бо тӯҳфаҳо ва Ифтихорномаҳои раиси ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.

 

                                                                               Н.Фозилҷон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *