Хабарҳо

Кӯмак ба шаҳидони Ватан

Дар муноқишаҳою задухӯрдҳои байнимарзии Тоҷикистону Қирғизистон миёни шаҳидони гулгункафани Ватан  ду нафар аз диловарони ҷавони ноҳияи Панҷ (Наҷмуддинов Қамариддин Назарвалиевич ва Холбоев Зайниддин ) низ ба шаҳодат расида буданд. 

Наҷмуддинов Қамариддин Назарвалиевич – таваллудаш 01.01.1993, капитан, ҷойи истиқомати доимиаш деҳаи «16-солагии Истиқлолият»-и ҷамоати деҳоти Сайфуддинов Кабут, хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Панҷ, соҳиби ду фарзанд.

Холбоев Зайниддин – таваллудаш  04.02.2002, ҷойи истиқоматаш деҳаи «Зарбдор»-и ҷамоати деҳоти Намуна, хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и ноҳияи Панҷ. Ин чавонон дар задухӯрдҳои марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон, рӯзҳои 14-19 сентябри соли 2022, барои ҳимояи Ватан ва халқи худ қаҳрамонона ҷон нисор карданд. Хотираи чунин ҷавонони шуҷоъ дар ёди ҳамватанон абадӣ боқӣ хоҳад монд. Ватан корнамоиҳои онҳоро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард!

Бо ташаббус ва ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои ин шаҳидони Ватан ба наздикӣ кумаки молиявӣ расонида шуд.  Ордени шараф ва кумак бо роҳбаладии раиси ноҳия муҳтарам Шоҳиён З.Ф. ва иштироки муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ генерал – майёр Назарзода Тӯрабек Камол ва подполковник Сафолзода Қамариддин, муовини аввали қисми ҳарбии сарҳадии 0306, ба оилаҳою волидайни шаҳидон Наҷмуддинов Қамариддин Назарвалиевич ва Холбоев Зайниддин супорида шуд. Меҳмонон ба волидайн ва оилаҳои ин чавонмардони далеру шуҷоъ сидқан изҳори сипос намуданд.

Дар навбати худ падару модарони ин фарзандони ватандӯсту қаҳрамон ба меҳмонон ва хусусан Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ин қадршиносӣ  самимона минатдорӣ изҳор карданд.

                                                              Н.Фозилҷон, Ф.Ҷӯраева

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *