Хабарҳо

Тозагии маҳал – кафолати солимии ҷомеа

 

Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаю канори ноҳия корҳои солимгардонии муҳити зист, тозагии маҳал ва кӯчаю хиёбонҳо ободонию равшаннамоӣ суръати тоза гирифта истодааст. Ба хотири дар сатҳи намоён ҷорӣ намудани чунин корҳо дар ноҳия «Ҳафт рӯзи тозагии маҳал», аз 3- юм то 9-уми июни соли ҷорӣ, эълон карда шуд.

Мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ истиқболи сазовори ҷашни  26- солагии Ваҳдати миллӣ мебошад. Дар ноҳия тибқи дастуру супориши раиси ноҳия «Ҳафт рӯзи тозагии маҳал»дар тамоми корхонаю муассисаҳо, ҷамоатҳою таълимгоҳҳо, деҳаҳою маҳаллаҳо кӯчаю гулгаштҳо, хулас дар ҳар як хонадон дар сатҳи зарурӣ доир гардид ва симои шаҳру деҳот намуди идона гирифт.

Зикр кардан ба маврид аст,ки дар муддати ин ҳафт рӯз бо дастгирии қишрҳои гуногуни аҳолӣ, шахсони соховатпешаю ватандӯст дар бисёр ҷойҳо корҳои зиёде ба сомон расонида шуд: мулоим кардану сафед намудани дарахтон, тоза кардани алафҳои бегона аз кучаю гулгаштҳо, партовҳоро ба ҷойҳои махсус бурдан, қайчӣ кардани шоху навдаҳои зиёдатии ниҳолҳо гулу гулбуттаҳо, дарахтони ороишӣ, об додани дарахтон ва монанди инҳо барин корҳо тақрибан дар ҳама ҷо, хусусан дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳраки Панҷ хеле хуб ба роҳ монда шуданд.

Бояд гуфт, ки корҳои тозагию ободонӣ, кабудизоркунӣ ва  ба тартиб даровардани маҳаллаю деҳаҳо, кӯчаю хиёбонҳо то ҷашни 26-солагии рӯзи ваҳдати миллӣ бо маром идома хоҳанд ёфт.

 

                                                                             Н.Фозилҷон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *